Хуруҷ боби 11

Пешгӯӣ дар бораи ҳалокати нахустзодагон.

  1. ВА Худованд ба Мусо гуфт: «Боз як зарбае бар фир-ъавн ва бар Миср  хоҳам овард;  баъд аз он  вай шуморо аз ин ҷо равона хоҳад кард; ва ҳангоме ки вай шуморо равона карданӣ шавад, комилан шуморо аз ин ҷо бадар хоҳад ронд.
  2. Пас, ба гӯши қавм бигӯ, ки ҳар мард аз ҳамсояи худ ва ҳар зан аз ҳамсояи худ колои нуқра ва колои тилло бипурсанд».
  3. Ва Худованд қавмро дар назари мисриён  мӯътабар гардонид; Мусо низ дар  замини Миср, дар назари  нав-карони фиръавн ва дар назари қавм шахси бағоят бузург буд.
  4. Ва Мусо гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: қарибҳои нисфи шаб  Ман андаруни Миср берун хоҳам  омад,
  5. Ва ҳар нахустзода дар замини Миср хоҳад мурд, — аз нахустзодаи фиръавн, ки бар тахташ нишастааст, то на-хустзодаи канизе ки назди дастос бошад; ва ҳар нахустзодаи чорпоён.
  6. Ва нолаи азиме дар тамоми замини Миср хоҳад буд, ки мислаш нашудааст, ва мислаш дигар нахоҳад шуд.
  7. Валекин бар ҳамаи банӣ-Исроил саге забонашро на-хоҳад ҷунбонид, — на бар одамон ва на бар чорпоён; то бидонед, ки Худованд дар миёни мисриён ва исроилиён чӣ гуна тафовуте гузоштааст.
  8. Ва ҳамаи ин навкаронат пеши ман фурӯд хоҳанд омад ва ба ман саҷда бурда, хоҳанд гуфт: «Ту ва тамоми қавме ки пайрави ту бошанд, берун равед». Ва баъд аз он ман берун хоҳам рафт». Ва ӯ бо шиддати ғазаб аз пеши фиръавн берун омад.
  9. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Фиръавн ба шумо гӯш нахоҳад дод, то ки мӯъҷизоти Ман дар замини Миср афзун шавад».
  10. Ва Мусо ва Ҳорун тамоми ин мӯъчизотро ба ҳузури фиръавн ба амал оварданд; вале Худованд дили фиръавнро сахт кард, ва вай банӣ-Исроилро аз замини худ равона накард.

© IBT 1992

Оставьте комментарий