Еҳушаъ боби 14

Тақсимоти замин; ҳиссаи Колеб.

  1. ВА инҳост моликияте ки  банӣ-Исроил  дар  замини Канъон гирифтанд, ки онро ба  онҳо Элъозори коҳин ва Еҳушаъ ибни Нун ва сарнаслҳои хонадонҳои банӣ-Исроил тақсим карданд.
  2. Моликияти онҳо барои нӯҳ хонадон ва нисфи хонадон мувофиқи қуръа тақсим карда шуд, чунон ки Худованд ба воситаи Мусо амр фармуда буд.
  3. Зеро ки Мусо моликияти ду хонадон ва нисфи хона-донро аз он тарафи Ӯрдун дода буд, вале ба левизодагон дар миёни онҳо моликият надода буд;
  4. Зеро ки банӣ-Юсуф ду хонадон буданд: Менашше ва Эфроим; ва онҳо ба  левизодагон  дар  замин   ҳеҷ   ҳиссае надоданд,  балки  фақат   шаҳрҳоро  барои   сукунаташон ва ҳаволии онҳоро барои чорво ва молашон.
  5. Чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд, банӣ-Исроил ончунон  амал намуда,  заминро  тақсим карданд.
  6. Ва банӣ-Яҳудо дар Ҷилҷол назди Еҳушаъ омаданд, ва Колеб ибни Ефуннеи қеназзӣ ба ӯ гуфт: «Суханеро, ки Худованд ба Мусо, марди Худо, дар бораи ман ва дар бораи ту дар Қодеш-Барнеа гуфта буд, ту медонӣ;
  7. Ман чилсола будам, вақте ки Мусо, бандаи Худованд, маро аз Қодеш-Барнеа барои ҷосусии замин фиристод, ва ман ба ӯ ҷавобе гардондам, чунон ки дар дилам буд;
  8. Вале бародаронам, ки бо ман рафта буданд, дар дили қавм воҳима андохтанд, ва ҳол он ки ман Худованд Худои худро ба куллӣ пайравӣ намудам;
  9. Ва дар он рӯз Мусо қасам хӯрда, гуфт: «Ҳатман замине ки қадамат ба он расидааст, барои ту ва фарзандонат моли-кияти абадӣ хоҳад шуд, зеро ки ту Худованд Худои худро ба куллӣ пайравӣ намудаӣ»;
  10. Ва алҳол, инак Худованд, чунон ки гуфта буд, ин чилу панҷ сол боз маро зинда нигоҳ доштааст, аз он замоне ки Худованд ин суханро ба Мусо гуфта буд, яъне аз замоне ки исроилиён дар биёбон роҳ мепаймуданд, ва алҳол инак ман имрӯз ҳаштоду панҷсола ҳастам;
  11. Имрӯз ман ҳанӯз бақувват ҳастам, мисли он рӯзе ки Мусо маро фиристода буд; чунон ки қувватам он вақт буд, ончунон алҳол қувватам ҳаст, хоҳ барои ҷанг кардан ва хоҳ барои берун рафтан ва омадан;
  12. Ва алҳол ту ин кӯҳистонро ба ман бидеҳ, ки дар он рӯз Худованд дар бораи он гуфта буд; зеро ту дар он рӯз шунидӣ, ки аноқиён он ҷо ҳастанд, ва шаҳрҳояш бузург ва ҳисордор аст; шояд, Худованд бо ман бошад, ва ман онҳоро бадар ронам, чунон ки Худованд гуфтааст».
  13. Ва Еҳушаъ  ӯро баракат дод, ва Ҳебрӯнро ба Колеб ибни Ефунне ҳамчун моликият бахшид.
  14. Бинобар ин Ҳебрӯн то имрӯз моликияти Колеб ибни Ефуннеи қеназзӣ шудааст, чунки ӯ Худованд Худои Исроилро ба куллӣ  пайравӣ  намудааст.
  15. Ва номи Ҳебрӯн пештар Қирьят-Арбаъ буд, ки ӯ одами бузургтарин дар миёни аноқиён буд. Ва замин аз ҷанг ором ёфт.

© IBT 1992