Ҳастӣ боби 32

Ба Яъқуб номи Исроил дода шуд.

  1. ВА Яъқуб роҳи худро пеш гирифт. Ва фариштагони Худо ба ӯ вохӯрданд.
  2. Ва чун Яъқуб онҳоро дид, гуфт: «Ин лашкари Худост!» Ва он мавзеъро Маҳаноим номид.
  3. Ва Яъқуб пешопеши худ назди бародараш Эсов ба сарзамини Сеир, ба саҳрои Адӯм қосидонро фиристод;
  4. Ва ба онҳо амр фармуда, гуфт: «Ба оғоям Эсов бигӯед, ки бандаи ту Яъқуб чунин арз мекунад: «Бо Лобон иқомат доштам, ва то кунун таваққуф намудам;
  5. Ва ман молики барзаговон ва харон ва гӯсфандон, ва ғуломон ва канизон мебошам; ва фиристодам, то ки оғоямро огоҳӣ диҳам, ва дар назарат илтифот ёбам»».
  6. Ва қосидон назди Яъқуб баргашта, гуфтанд: «Назди бародарат Эсов расидем; ва ӯ ба пешвози мо меояд, ва чор-сад одам ҳамроҳи ӯст».
  7. Ва Яъқуб бағоят тарсид ва мушавваш шуд, ва касо-неро, ки бо ӯ буданд, ва гӯсфандон ва говон ва шутуронро ба ду бошишгоҳ тақсим кард.
  8. Ва гуфт: «Агар Эсов ба як бошишгоҳ омада, онро зарба занад, бошишгохи дигар наҷот меёбад».
  9. Ва Яъқуб гуфт: «Эй Худои падарам Иброҳим ва Худои падарам Исҳоқ, эй Худованде ки ба ман гуфтаӣ: «Ба замини худ ва ба зодгоҳи худ баргард, ва Ман ба ту эҳсон кунам»!
  10. Ҳамаи марҳаматҳо ва ҳамаи некиҳоро, ки дар ҳаққи бандаат кардаӣ, сазовор нестам; зеро ки бо чӯбдасти худ аз ин Ӯрдун гузашта будам; ва ҳоло молики ду бошишгоҳ ме-бошам.
  11. Марҳамат карда, маро аз дасти бародарам, аз дасти Эсов наҷот деҳ; зеро ман аз ӯ метарсам, ки мабодо биёяд ва маро, ва модару фарзандонро зарба занад.
  12. Ва Ту гуфтаӣ: «Ман ба ту эҳсон кунам, ва насли туро мисли реги дарьё гардонам, ки аз бисьёрӣ онро натавон шу-мурд»».
  13. Ва он шабро дар ҳамон ҷо гузаронд. Ва аз он чи дар дасташ буд, тӯҳфае барои бародари худ Эсов гирифт:
  14. Дусад модабуз ва бист нарбуз, дусад меш ва бист қӯчқор,
  15. Сӣ модашутури ширдеҳ бо бачаҳошон, чил модагов ва даҳ барзагов, бист модахар ва даҳ нархар.
  16. Ва ба дасти ғуломони худ ҳар рамаро алоҳида дод, ва ба ғуломони худ гуфт: «Аз пеши ман гузашта равед, ва дар мобайни рамаҳо фосилае бигзоред».
  17. Ва ба нахустин амр фармуда, гуфт: «Чун бародарам Эсов ба ту вохӯрад, ва аз ту пурсида, бигӯяд: «Аз они кистӣ? Ва куҷо меравӣ? Ва инҳо, ки пеши туст, аз они кист?»
  18. Ба ӯ бигӯй: «Аз они бандаат Яъқуб аст; инҳо тӯҳфаест, ки ба оғоям Эсов фиристода шудааст; ва инак, худаш низ дар ақиби мост»».
  19. Ва ҳамчунин ба дуюмин, ба сеюмин ва ба ҳамаи онҳое ки аз ақиби рамаҳо мерафтанд, амр фармуда, гуфт: «Чун ба Эсов бирасед, ба ӯ чунин гӯед;
  20. Ва низ гӯед: «Инак, бандаат Яъқуб дар ақиби мост»». Зеро ба дили худ гуфт: «Дили ӯро бо тӯҳфае ки пешопеши ман меравад, нарм мекунам ва баъд аз он бо ӯ рӯ ба рӯ ме-шавам; шояд, маро қабул кунад».
  21. Ва тӯҳфа пешопеш гузашта рафт; ва ӯ он шабро дар бошишгоҳ гузаронд.
  22. Ва шабонгоҳ бархост, ва ду занаш ва ду канизаш ва ёздаҳ писарашро гирифта, аз маъбари Яббӯқ гузашт.
  23. Ва онҳоро гирифта, аз он наҳр гузаронид, ва тамоми дороии худро гузаронид.
  24. Ва Яъқуб танҳо монд. Ва касе бо ӯ то дамидани субҳ гӯштин гирифт;
  25. Ва чун он кас дид, ки зӯраш ба ӯ намерасад, ба банди сурини ӯ расид, ва банди сурини Яъқуб, ҳангоми бо Вай гӯштин гирифтан, фушурда шуд.
  26. Ва гуфт: «Маро сар деҳ; зеро ки субҳ дамид». Гуфт: «То маро баракат надиҳӣ, Туро сар намедиҳам».
  27. Ба ӯ гуфт: «Номат чист?» Гуфт: «Яъқуб».
  28. Ва гуфт: «Минбаъд номи ту Яъқуб хонда нашавад, балки Исроил; зеро ки бо Худо ва бо одамон гӯштин гирифтӣ, ва ғолиб шудӣ».
  29. Ва Яъқуб савол дода, гуфт: «Хоҳишмандам, номи Худ-ро бигӯй». Гуфт: «Чаро номи Маро мепурсӣ?» Ва ӯро дар он ҷо баракат дод.
  30. Ва Яъқуб он мавзеъро Фануил номид; зеро ки, гуфт ӯ, Худоро рӯ ба рӯ дидам, ва ҷонам раҳо шуд.
  31. Ва ҳангоме ки аз Фануил мегузашт, офтоб тулӯъ кард; ва ӯ бар сурини худ мелангид.
  32. Сабаб ҳамин аст, ки банӣ-Исроил ирқуннисоро*, ки дар банди сурин аст, то имрӯз намехӯранд, зеро ки ба ирқуннисои банди сурини Яъқуб расида буд.

*32. Ирқуннисо — раге ки аз сурин сар шуда, то поёни пой, то буҷулак мерасад; асаби сурин.

© IBT 1992

Оставьте комментарий