Такрори Шариат боби 4

Шариати Сино ба насли ҷавон пешниҳод карда шуд.

  1. «ВА алҳол, эй Исроил, фароиз ва аҳкомеро бишнавед, ки ба ҷо овардани онҳоро ман ба шумо таълим медиҳам, то ки шумо зинда монед, ва рафта, заминеро, ки  Худованд Худои падаронатон ба шумо медиҳад, тасарруф намоед.
  2. Ба он чи ман ба шумо амр  мефармоям,  чизе илова нанамоед, ва чизе аз он кам накунед, балки фақат аҳкоми Худованд Худои худро, ки ман ба шумо амр  мефармоям, риоя намоед.
  3. Он чиро, ки Худованд дар Баал-Фаӯр кард, чашмони шумо дидааст:   ҳар  касеро,  ки пайрави   Баал-Фаӯр   буд, Худованд Худои шумо  аз миёни шумо маҳв намуд.
  4. Вале шумо, ки Худованд Худои худро пайравӣ намудед, ҳамаатон имрӯз зинда ҳастед.
  5. Инак, чунон ки Худованд Худои ман  ба ман амр фармудааст, фароиз ва аҳкомро ба шумо таълим додам, то ки шумо дар замине ки барои тасарруф кардани он ба он дохил мешавед, чунин амал намоед.
  6. Пас, онҳоро риоя намуда, ба амал   оваред, зеро ки ин ҳикмат ва хиради шумо пеши назари қавмҳост, ки онҳо тамоми ин фароизро шунида, хоҳанд гуфт:  «Ба яқин, ин халқи бузург қавми ҳаким ва хирадманданд!»
  7. Зеро кадом халқи   бузурге ҳаст,  ки худоён ба вай наздик бошанд, чунон ки Худованд  Худои мост, дар ҳар вақте ки мо сӯи Ӯ мехонем?
  8. Ва кадом халқи бузурге ҳаст, ки фароиз ва аҳкоми одилонае мисли тамоми ин шариат дошта бошад, ки онро ман имрӯз ба шумо пешниҳод мекунам?
  9. Фақат эҳтиёт шав, ва ҷони худро бағоят эҳтиёт намо, мабодо чизҳоеро, ки чашмонат дидааст, фаромӯш кунӣ, ва мабодо онҳо дар тамоми айёми умри ту аз дилат дур шавад; ва дар бораи онҳо ба писаронат ва ба писарони писаронат маълумот бирасон, —
  10. Дар бораи он рӯзе ки ту ба ҳузури Худованд Худои худ дар Ҳӯриб истода будӣ, ва Худованд ба  ман  гуфт: «Қавмро назди Ман ҷамъ кун, ва Ман суханонамро ба онҳо бишнавонам, то таълим гиранд, ки дар  тамоми  айёме  ки онҳо дар рӯи замин зинда бошанд, бояд аз Ман битарсанд, ва писарони худро таълим диҳанд».
  11. Ва шумо наздик омада, зери кӯҳ истодед; ва кӯҳ то миёнаи осмон дар оташ месӯхт, дар сурате ки аз абр ва меғ ҳама ҷо торик буд.
  12. Ва Худованд ба шумо аз миёни оташ сухан ронд; садои суханонро шумо шунидед, вале сурате надидед, фақат садо буд.
  13. Ва Ӯ аҳди Худро ба шумо эълон намуда, ба амал овардани онро ба шумо амр фармуд, ки он аз даҳ аҳком иборат аст; ва онҳоро бар ду лавҳи сангин навишт.
  14. Ва Худованд дар он вақт ба ман амр фармуд, ки он фароиз ва аҳкомро ба шумо таълим диҳам, то ки дар замине ки барои тасарруф кардани он ба он убур менамоед, онҳоро ба амал оваред.
  15. Пас, ҷонҳои худро бағоят эҳтиёт кунед, зеро дар рӯзе ки Худованд ба шумо дар Ҳӯриб аз миёни оташ сухан ронд, ҳеҷ сурате надидед, —
  16. Мабодо шумо фосид шуда, барои худ ҳайкале, сурати ҳар санаме: шакли марде ё зане бисозед,
  17. Ё шакли ҳар чорпое ки дар рӯи замин аст, ё шакли ҳар паррандаи болдоре ки зери осмон парвоз мекунад,
  18. Ё шакли ҳар хазандае ки дар замин аст, ё шакли ҳар моҳие ки дар обҳои зери замин аст;
  19. Ва мабодо  чашмонатро   сӯи  осмон  баланд кунӣ, ва офтоб ва моҳ ва ситорагонро, яъне тамоми лашкари осмонро дида, фирефта шавӣ ва ба онҳо саҷда бурда, онҳоро ибодат намоӣ, ва ҳол он ки онҳоро  Худованд Худои ту насибаи ҳамаи қавмҳое ки зери тамоми осмонанд, гардонидааст, —
  20. Валекин шуморо Худованд гирифта, аз кӯраи оҳанин, яъне аз Миср берун овард, то ки барои Ӯ қавми мерос бо-шед, чунон ки имрӯз ҳастед.
  21. Ва Худованд аз боиси шумо ба ман ғазаб намуда, қасам хӯрд, ки ман аз Ӯрдун убур накунам ва ба замини некӯе ки Худованд Худои ту ба ту барои тасарруф кардан медиҳад, дохил нашавам;
  22. Зеро ки ман дар ин замин хоҳам мурд, аз Урдун убур нахоҳам кард,  вале  шумо  убур намуда, он замини некӯро тасарруф хоҳед кард.
  23. Пас, эҳтиёт  шавед,  мабодо  аҳди   Худованд   Худои худро, ки бо шумо бастааст, фаромӯш карда, ҳайкале, сурати ҳар чизе барои худ бисозед, ки насохтани онро Худованд Худои ту ба ту амр фармудааст;
  24. Зеро ки Худованд Худои ту оташи сӯзанда аст, Худои рашкнок аст.
  25. Вақте ки шумо писарон ва писарони писаронро ба дуньё оварда, муддати зиёде  дар  ин  замин  сукунат  намоед, ва фосид шуда, ҳайкале, сурати ҳар чизе бисозед, ва он чи дар назари   Худованд Худои шумо  бад аст,  ба амал  оваред, то ки Ӯро ба хашм оваред, —
  26. Ман имрӯз бар шумо осмон ва заминро ба шоҳидӣ даъват менамоям, ки шумо аз замине ки барои тасарруф кардани он аз Урдун убур менамоед, ба зудӣ маҳв хоҳед шуд; айёми зиёде бар он иқомат нахоҳед кард, балки несту нобуд хоҳед шуд,
  27. Ва Худованд шуморо дар  миёни  қавмҳо   пароканда хоҳад   кард,   ва  шумо   дар   миёни  халқҳое  ки  Худованд шуморо ба он ҷо мебарад, камшумор хоҳед монд;
  28. Ва дар он ҷо худоёнеро, ки бо дасти одамизод аз чӯб ва санг сохта шудаанд, ибодат хоҳед кард, ки онҳо намеби-нанд, ва намешунаванд, ва намехӯранд, ва бӯй намекунанд.
  29. Ва чун аз он ҷо Худованд Худои худро ҷӯё шавӣ, Ӯро хоҳӣ ёфт, агар Ӯро бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ биҷӯӣ.
  30. Вақте ки ба тангӣ афтӣ, ва тамоми ин ҳодисот ба сарат ояд, дар _охири айём, сӯи Худованд Худои худ баргашта, ба овози Ӯ гӯш хоҳӣ дод,
  31. Зеро ки  Худованд  Худои  ту  Худои  раҳим аст; Ӯ туро тарк нахоҳад кард ва туро ба ҳалокат нахоҳад расонид, ва аҳди падаронатро, ки ба онҳо қасам хӯрдааст, фаромӯш нахоҳад кард.
  32. Зеро дар бораи айёми пешина, ки пеш аз ту мурур намудааст, аз рӯзе ки Худо одамро бар замин офарид, аз як канори осмон то канори дигари осмон, бипурс, ки оё мисли ин кори бузурге ба вуқӯъ омадааст, ё мисли ин шунида шудааст?
  33. Оё қавме овози Худоро, ки аз миёни оташ сухан ронда бошад, шунидааст, — ва зинда мондааст, — чунон ки ту шунидаӣ?
  34. Оё худое кӯшидааст, ки   омада,   халқеро  аз   миёни халқе бо озмоишҳо, аломатҳо ва мӯъҷизаҳо, ва ҷанг ва дасти қавӣ ва бозуи тӯлонӣ ва даҳшатҳои азим барои худ бигирад, мисли ҳар он чи Худованд Худои шумо барои шумо дар Миср пеши назари шумо ба амал овард?
  35. Ин чизҳо бар ту зоҳир шуд, то бидонӣ, ки Худованд Худост, ва ғайр аз Ӯ дигаре нест.
  36. Аз осмон овози Худро ба ту шунавонид, то ки туро адаб омӯзад, ва бар замин оташи бузурги Худро ба ту ни-шон дод, ва сухани Ӯро ту аз миёни оташ шунидӣ.
  37. Ва азбаски Ӯ падарони туро дӯст дошта, насли онҳоро баъд аз онҳо баргузид, Худаш туро бо қувваи бузурги Худ аз Миср берун овард,
  38. То ки халқҳои аз ту бузургтар ва азимтарро аз пеши ту бадар ронад, ва туро дохил карда, замини онҳоро ба ту ҳам-чун мулк бидиҳад, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст.
  39. Пас, имрӯз бидон ва дар дили худ ҷойгир кун, ки Худованд Худост дар осмон аз боло ва бар замин аз поён, ва днгаре нест.
  40. Ва фароизу аҳкоми Ӯро, ки ман имрӯз ба ту амр ме-фармоям, риоя намо, то ки барои ту ва барои писаронат баъд аз ту некӯ бошад, ва ту дар замине ки Худованд Худоят ба ту ба сурати абадӣ медиҳад, умр  гузаронӣ».

Дар бораи се шаҳри гурезгоҳ.

  1. Он гоҳ Мусо се шаҳрро дар он тарафи Ӯрдун, дар ҷониби шарқии офтоббаро ҷудо кард,
  2. То қотиле ки ёри худро нодониста кушта бошад, дар сурате ки пештар бо вай адовате надошта бошад, ба он ҷо бигрезад, яъне ба яке аз ин шаҳрҳо гурехта, зинда бимонад:
  3. Босар дар биёбон, дар кишвари даштрӯя, барои реу-бениён; ва Ромӯт дар Ҷилъод барои ҷодиён; ва Ҷӯлон дар Бошон барои менашшеиён.
  4. Ва ин аст шариате ки Мусо ба банӣ-Исроил пешниҳод кард;
  5. Ин аст шаҳодот ва фароиз ва аҳкоме ки Мусо ба банӣ-Исроил гуфт, вақте ки онҳо аз Миср берун омаданд,
  6. Дар он тарафи Ӯрдун, дар дараи рӯ ба рӯи Байт-Фаӯр, дар замини Сиҳӯн, подшоҳи амӯриён, ки дар Ҳешбӯн сукунат дошт, ва Мусо ва банӣ-Исроил, вақте ки аз Миср берун ома-данд, варо торумор карданд,
  7. Ва замини вай ва замини Уҷ, подшоҳи Бошонро, — ин ду подшоҳи амӯриёнро, ки дар он тарафи Урдун, дар ҷониби шарқии офтоббаро буданд, — тасарруф карданд,
  8. Аз Арӯэр, ки дар соҳили наҳри Арнӯн аст, то кӯҳи Сион, ки Ҳермӯн бошад,
  9. Ва тамоми саҳрои он тарафи Ӯрдун, дар ҷониби шарқӣ, то баҳри биёбон, ки дар домани Фисҷа аст.

© IBT 1992