Дуюм Подшоҳон боби 2

Мардони Яҳудо Довудро ҳамчун подшоҳ пешвоз мегиранд.

  1. ВА баъд аз он чунин воқеъ шуд, ки Довуд аз Худованд пурсида, гуфт: «Оё ба яке аз шаҳрҳои Яҳудо бароям?» Ва Худованд ба ӯ гуфт: «Баро». Ва Довуд гуфт: «Ба куҷо бароям?» Гуфт: «Ба Ҳебрӯн».
  2. Ва Довуд ба он ҷо баромад, ва ду занаш низ: Аҳинӯами изреъилӣ ва Абиҷайл, зани Ноболи кармилӣ.
  3. Ва Довуд одамонеро, ки бо ӯ буданд, бо аҳли байти ҳар яке баровард, ва онҳо дар шаҳрҳои Ҳебрӯн сокин шуданд.
  4. Ва мардони Яҳудо омада, дар он ҷо Довудро тадҳин намуданд, то ки бар хонадони Яҳудо подшоҳ бошад; ва ба Довуд хабар дода, гуфтанд: «Мардуми Ёбиш-Ҷилъод Шоулро дафн карданд».
  5. Ва Довуд қосидонро назди  мардуми Ёбиш-Ҷилъод фиристода, ба онҳо гуфт: «Шумо аз ҷониби Худованд муборак бошед,   барои  он  ки  ба  оғои  худ Шоул чунин эҳсон на-муда, ӯро дафн кардаед.
  6. Ва алҳол бигзор Худованд ба шумо бо эҳсон ва са-доқат подош диҳад; ва ман низ ба шумо чунин некӣ хоҳам намуд, барои он ки ин корро кардаед.
  7. Ва алҳол бигзор дастҳои шумо қавӣ бошад, ва шумо далер бошед, зеро ки оғои шумо Шоул мурдааст; ва низ маро хонадони Яҳудо бар худ ба подшоҳӣ тадҳин карданд».

Абнир Ишбӯшетро бар ёздаҳ сибт подшоҳ мегардонад.

  1. Валекин Абнир ибни Нир, ки сарлашкари Шоул буд, писари Шоул Ишбӯшетро гирифта, ӯро ба Маҳаноим гуза-ронид.
  2. Ва ӯро бар Ҷилъод, ва бар Ашурӣ, ва бар Изреъил, ва бар Эфроим, ва бар Биньёмин, ва бар тамоми Исроил подшоҳ гардонид.
  3. Ишбӯшет ибни Шоул, вақте ки бар Исроил подшоҳ гардид, чилсола буд, ва ду сол подшоҳӣ кард; фақат хона-дони Яҳудо дар тобеияти Довуд буданд.
  4. Ва муддати айёме ки Довуд дар Ҳебрӯн бар хонадони Яҳудо подшоҳ буд, ҳафт сол ва шаш моҳ буд.
  5. Ва Абнир ибни  Нир  ва  навкарони  Ишбӯшет ибни Шоул аз Маҳаноим ба Ҷибъӯн берун омаданд.
  6. Ва Юоб ибни Саруё ва навкарони Довуд берун омада, назди ҳавзи Ҷибъӯн бо онҳо вохӯрданд; ва инҳо дар ин тарафи ҳавз, ва онҳо дар он тарафи ҳавз ҷойгир шуданд.
  7. Ва Абнир ба Юоб гуфт: «Бигзор ҷавонон бархезанд ва пеши мо бозӣ кунанд». Ва Юоб гуфт: «Бигзор бархезанд».
  8. Ва онҳо бархоста, мувофиқи шумора убур карданд: дувоздаҳ нафар барои Биньёмин ва барои Ишбӯшет ибни Шоул, ва дувоздаҳ нафар аз навкарони Довуд.
  9. Ва ҳар яке сари ҳарифашро дошта, шамшери худро ба биқини вай зад, ва якҷоя фурӯ ғалтиданд.  Ва ба ин сабаб он макон, ки дар Ҷибъӯн аст, Ҳелқат-Ҳасурим* номида шудааст.
  10. Ва дар он рӯз ҳарбу зарби бағоят сахте ба амал омад; ва Абнир  ва мардони   Исроил   пеши   навкарони   Довуд мағлуб гардиданд.
  11. Ва се писари Саруё: Юоб ва Абишой ва Асоил дар он ҷо буданд; ва Асоил мисли оҳуи саҳро тезпо буд.
  12. Ва Асоил Абнирро таъқиб намуд, ва дар дунболагирии Абнир ба тарафи рост ё чап майл накард.
  13. Ва Абнир ба ақиб назар андохта, гуфт: «Оё ин туй, Асоил?» Гуфт: «Манам».
  14. Ва Абнир ба ӯ гуфт: «Ба тарафи  рост  ё  чапи худ майл карда, яке аз ин ҷавононро дастгир намо ва либосу аслиҳаи  варо  барои  худ  бигир».   Вале  Асоил   нахост,   ки аз ақиби ӯ давиданашро бас кунад.
  15. Ва бори дигар Абнир ба Асоил гуфт: «Аз ақиби ман давиданатро бас кун, мабодо туро зада, ба замин ғалтонам; ва ман чӣ гуна рӯи худро ба бародарат Юоб нишон медиҳам?»
  16. Вале ӯ давиданро бас накард, ва Абнир ӯро бо куни найзаи худ ба шикамаш   зад,   ва   найза   аз   пушташ  зада баромад, ва ӯ дар он ҷо афтода, ҷо ба ҷо мурд.  Ва ҳар кас, ки ба макони афтодану мурдани Асоил меомад, ҳайрон шуда меистод.
  17. Ва Юоб ва Абишой Абнирро таъқиб карданд, ва баро-бари фурӯ рафтани офтоб онҳо ба тали Аммо, ки рӯ ба рӯи Ҷиҳа мебошад, бо роҳи биёбони Ҷибъӯн расиданд.
  18. Ва банӣ-Биньёмин назди Абнир ҷамъ омада, як гурӯҳ шуданд, ва бар қуллаи як тал биистоданд.
  19. Ва Абнир Юобро даъват намуда, гуфт: «Оё шамшер то абад ба ҳалокат расонад? Оё намедонӣ,  ки оқибати кор ба талхӣ хоҳад анҷомид? Ва то ба кай ба қавм намегӯӣ, ки бародарони худро дигар дунболагирӣ накунанд?»
  20. Ва Юоб гуфт: «Қасам ба ҳаёти  Худо, ки агар ту он суханонро намегуфтӣ, аз худи субҳ қавм дунболагирии баро-дарони худро бас мекарданд».
  21. Ва Юоб   шох   навохт, ва тамоми   қавм биистоданд, ва исроилиёнро дигар таъқиб накарданд, ва ҷангро дигар давом надоданд.
  22. Ва Абнир ва  одамонаш  тамоми он шаб   дар   сахро роҳ рафта,  аз Ӯрдун гузаштанд ва тамоми Битрунро тай карда,  ба Маҳаноим омаданд.
  23. Ва Юоб аз дунаболагирии Абнир баргашта, тамоми қавмро ҷамъ кард, ва аз навкарони Довуд, ғайр аз Асоил, нуздаҳ нафар кам буданд.
  24. Ва навкарони Довуд биньёминиён ва одамони Абнирро зарба заданд, ки аз онҳо сесаду шаст нафар мурданд.
  25. Ва Асоилро бардошта бурданд, ва ӯро дар мақбараи падараш, ки дар Байт-Лаҳм   аст,   дафн  карданд;   ва Юоб ва  одамонаш тамоми шаб роҳ паймуда, баробари дамидани субҳ ба Ҳебрӯн расиданд.

*16. Қитъаи Шамшерҳои Тез.

© IBT 1992