Ҳастӣ боби 43

Бародарон бори дуюм ба Миср бо Биньёмин меоянд.

  1. ВА қаҳтӣ дар замин сахт шуд.
  2. Ва ҳангоме ки ғаллаеро, ки аз Миср оварда буданд, хӯрда тамом карданд, падарашон ба онҳо гуфт: «Баргардед, ва андак хӯрокворӣ барои мо бихаред».
  3. Ва Яҳудо ба ӯ арз карда, гуфт: «Он мард қатъиян таъкид карда, гуфт: «Агар бародари шумо бо шумо набошад, рӯи маро нахоҳед дид».
  4. Агар бародари моро бо мо фиристонӣ, меравем ва хӯ-рокворӣ бароят мехарем.
  5. Вале агар нафиристонӣ, намеравем, зеро ки он мард ба мо гуфт: «Агар бародари шумо бо шумо набошад, рӯи маро нахоҳед дид»».
  6. Ва Исроил гуфт: «Чаро ба ман бадӣ карда, ба он мард гуфтед, ки бародари дигаре доред?»
  7. Гуфтанд: «Он мард аҳволи мо ва хешу табори моро пурсупос карда, гуфт: «Оё падари шумо ҳанӯз зинда аст? Оё бародари дигаре доред?» Ва мо мувофиқи ин суханон нақл кардем. Магар медонистем, ки «бародари худро биёред» мегӯяд?»
  8. Ва Яҳудо ба падари худ Исроил гуфт: «Бачаро бо ман бифиристон; ва мо бархоста, меравем, ва зист мекунем, ва намемирем, ҳам мо, ҳам ту ва ҳам фарзандони мо.
  9. Ман зомини ӯ мебошам, ӯро аз дасти ман талаб намо. Агар ӯро назди ту набиёрам ва ба пешат ҳозир насозам, умрбод пеши ту гуноҳкор бошам.
  10. Агар мо таъхир намекардем, то ҳол ду маротиба рафта меомадем».
  11. Ва падарашон Исроил ба онҳо гуфт: «Ин тавр бошад, чунин бикунед: аз самароти хуби ин замин дар зарфҳои худ бигиред, ва дастовезе барои он мард бибаред: қадаре баласон ва қадаре асал, мум ва лодан, писта ва бодом.
  12. Ва нуқраи дучандон ба дасти худ бигиред, ва он нуқ-раро, ки дар даҳани халтаҳои шумо гардонда монда шуда буд, бо дасти худ гашта диҳед: шояд, саҳве шуда бошад.
  13. Ва бародари худро гирифта, ба роҳ дароед, ва назди он мард баргардед.
  14. Бигзор Худои Қодир ба шумо пеши он мард шафқат нишон диҳад, то ки бародари дигари шумо ва Биньёминро ҳамроҳи шумо фиристонад. Ва ман агар аз фарзандон маҳрум шуда бошам, бигзор маҳрум шавам».
  15. Пас он мардон ин дастовезро гирифтанд, ва нуқраи дучандонро ба дасти худ гирифтанд, ва бо Биньёмин ба роҳ даромаданд, ва ба Миср расида, пеши Юсуф биистоданд.
  16. Ва Юсуф, чун Биньёминро бо онҳо дид, ба нозири хо-наи худ фармуд: «Ин одамонро ба хона бибар, ва ҳайвоне бикуш, ва тадоруке бикун, зеро ки ин одамон дар нимирӯзӣ бо ман хӯрок мехӯранд».
  17. Ва он мард аз рӯи гуфтаи Юсуф амал кард, ва ин ода-монро ба хонаи Юсуф овард.
  18. Ва ин одамон аз омаданашон ба хонаи Юсуф тарси-данд, ва гуфтанд: «Барои нуқрае ки пеш аз ин дар халтаҳои мо гардонда монда шуда буд, моро овардаанд, то ки ба мо хурдагирӣ кунанд, ва ба мо ҳуҷум оваранд, ва моро ғулом гардонанд, ва харони моро».
  19. Бинобар ин ба нозири хонаи Юсуф наздик шуданд, ва дар даромадгоҳи хона ба ӯ гап заданд,
  20. Ва гуфтанд: «Гӯш кун, эй оғо, мо пеш аз ин барои харидани хӯрокворӣ омада будем.
  21. Вале чунин воқеъ шуд, ки чун ба манзил расидем ва халтаҳои худро кушодем, — инак, нуқраи ҳар яке дар даҳани халтааш; нуқраи мо мувофиқи вазни он мавҷуд аст, ва мо онро бо дасти худ гашта медиҳем.
  22. Ва нуқраи дигаре барои харидани хӯрокворӣ ба дасти худ овардем. Намедонем, ки нуқраи моро кӣ дар халтаҳои мо мондааст».
  23. Гуфт: «Хотирҷамъ бошед, натарсед! Худои шумо ва Худои падари шумо ганҷе дар халтаҳои шумо ба шумо до-дааст; нуқраи шумо ба ман расид». Ва Шимъӯнро пеши онҳо баровард.
  24. Ва он мард ин одамонро ба хонаи Юсуф дароварда, об дод, ва онҳо пойҳои худро шустанд; ва хӯрок ба харони онҳо дод.
  25. Ва дастовезро то вақти омадани Юсуф дар нимирӯзӣ тайёр карданд; зеро шунида буданд, ки дар он ҷо бояд нон хӯранд.
  26. Вақте ки Юсуф ба хона омад, дастовезро, ки дар дагти онҳо буд, пеши ӯ ба хона оварданд, ва то замин ба ӯ саҷда карданд.
  27. Ва аз саломатии онҳо пурсид, ва гуфт: «Оё падари пири шумо, ки зикраш карда будед, саломат аст? Оё ҳанӯз дар қайди ҳаёт аст?»
  28. Гуфтанд: «Ғуломат, падари мо, саломат аст, ҳанӯз дар қайди ҳаёт аст». Ва онҳо таъзим карданд ва саҷда бурданд.
  29. Ва чашм андохта, бародари худ Биньёмин, писари мо-дари худро дид, ва гуфт: «Оё ин аст бародари хурдии шумо, ки назди ман зикраш карда будед?» Ва гуфт: «Марҳамати Худо бо ту бод, писарам!»
  30. Ва Юсуф шитобон баромада рафт, зеро ки меҳраш нисбат ба бародараш ҷӯш зада, гирьяаш омад, ва ба ҳуҷрае даромада, он ҷо бигирист.
  31. Ва рӯи худро шуста, берун омад, ва худро ба даст гирифта, гуфт: «Таом бигузоред».
  32. Ва барои ӯ алоҳида гузоштанд, ва барои онҳо алоҳида, ва барои мисриёне ки бо ӯ хӯрок мехӯрданд, алоҳида, зеро ки мисриён бо ибриён хӯрок хӯрда наметавонанд; чунки ин барои мисриён кароҳатангез аст.
  33. Ва пеши ӯ бинишастанд, нахустзода мувофиқи нахустзодагиаш ва хурдсол мувофиқи хурдсолиаш, ва ин одамон ба якдигар тааҷҷуб менамуданд.
  34. Ва чун луқмаҳо аз пеши Юсуф барои онҳо оварда шуд, луқмаи Биньёмин аз луқмаҳои ҳамаи онҳо панҷ баробар зиёд буд. Ва бо ӯ нӯшиданд, ва кайфашон хеле баланд шуд.

© IBT 1992

Оставьте комментарий