Ҳастӣ боби 2

Ором гирифтани Худованд дар рӯзи шанбе.

  1. ВА осмону замин ва тамоми анбӯҳи онҳо анҷом ёфт.
  2. Ва Худо корҳои Худро, ки карда буд, то рӯзи ҳафтум анҷом дод, ва дар рӯзи ҳафтум аз ҳамаи корҳои Худ, ки карда буд, ором гирифт.
  3. Ва Худо рӯзи ҳафтумро баракат дод, ва онро тақдис намуд, зеро ки дар он ором гирифт аз ҳамаи корҳои Худ, ки Худо офарид ва ба вуҷуд овард.

Такрори мухтасари ҳикояти офариниш.

  1. Ин аст пайдоиши осмон ва замин, дар ҳини офариниши онҳо, дар рӯзе ки Худованд Худо замин ва осмонро ба вуҷуд овард,
  2. Ва ҳеҷ буттаи саҳро ҳанӯз дар замин набуд, ва ҳеҷ алафи саҳро ҳанӯз нарӯида буд, зеро ки Худованд Худо борон бар замин наборонида буд, ва одам набуд, ки заминро кор кунад;
  3. Ва буғ аз замин баромада, тамоми рӯи заминро сероб мекард.
  4. Ва Худованд Худо одамро аз хоки замин бисиришт, ва ба бинии вай рӯҳи ҳаёт дамид, ва одам ҷони зинда шуд.

Маскани одам то вақти маъсияти вай.

  1. Ва Худованд Худо боғе дар Адан ба тарафи машриқ шинонд; ва он одамро, ки сиришта буд, дар он ҷо гузошт.
  2. Ва Худованд Худо ҳар гуна дарахти хушнамуд ва хушхӯрро, ва дарахти ҳаётро дар васати боғ, ва дарахти маърифати неку бадро аз замин рӯёнид.
  3. Ва наҳре аз Адан берун меомад, то ки боғро сероб кунад; ва аз он ҷо ба чор шохоб тақсим мешуд.
  4. Номи яке Фишӯн аст, ки тамоми замини Ҳавилоро, ки дар он ҷо тиллост, иҳота мекунад;
  5. Ва тиллои он замин хуб аст; дар он ҷо самғи хушбӯй ва санги ҷазъ мавҷуд аст.
  6. Ва номи наҳри дуюм Ҷайҳун аст, ки тамоми замини Кушро иҳота мекунад.
  7. Ва номи наҳри сеюм Ҳиддақил аст, ки ба тарафи шарқии Ашшур ҷорист. Ва наҳри чорум Фурот аст.
  8. Ва Худованд Худо одамро гирифт, ва ӯро дар боғи Адан гузошт, то ки кори онро бикунад ва онро нигаҳдорӣ намояд.
  9. Ва Худованд Худо ба одам амр фармуда, гуфт: «Аз ҳар дарахти боғ хӯрдан гир;
  10. Аммо аз дарахти маърифати неку бад зинҳор нахӯр; зеро рӯзе ки аз он бихӯрӣ, ҳатман хоҳӣ мурд».
  11. Ва Худованд Худо гуфт: «Хуб нест, ки одам танҳо бошад; пас барояш мададгоре ки ба вай мувофиқ бошад, биофарам».
  12. Ва Худованд Худо ҳар ҳайвони саҳро ва ҳар паррандаи осмонро аз хок бисиришт ва назди одам овард, то бубинад, ки онро чӣ гуна хоҳад хонд, ва он чи одам ҳар ҷони зиндаро бихонад, номи вай ҳамон шавад.
  13. Ва одам ҳамаи чорпоён ва паррандагони осмонро, ва ҳамаи ҳайвонҳои саҳроро ном ниҳод; лекин барои одам мададгоре ки ба вай мувофиқ бошад, ёфт нашуд.

Офарида шудани зан.

  1. Ва Худованд Худо хоби сахте бар одам овард; ва ҳангоме ки хобаш бурд, яке аз қабурғаҳои ӯро гирифт, ва гӯшт дар ҷояш пур кард.
  2. Ва Худованд Худо аз қабурғае ки аз одам гирифт, зане сохт, ва ӯро назди одам овард.
  3. Ва одам гуфт: «Ин аст устухоне аз устухонҳоям ва гӯште аз гӯштам; вай нисоъ номида шавад; зеро ки аз инсон гирифта шудааст».
  4. Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ хоҳад пайваст; ва як тан хоҳанд буд.
  5. Ва ҳар ду, Одам ва занаш, бараҳна буданд, ва хиҷил намешуданд.

© IBT 1992

Оставьте комментарий