Доварон боби 12

Мубориза бо эфроимиён. Ибсон —- довари даҳум.

  1. ВА аҳли Эфроим ҷамъ шуда, ба тарафи шимол гузаш-танд ва ба Йифтоҳ гуфтанд: «Чаро барои ҷангидан бо банӣ-Аммӯн рафтӣ, вале моро нахондӣ, то ки ҳамроҳи ту биравем? Мо хонаи туро оташ дода, бар сари ту хоҳем сӯзонид».
  2. Вале Йифтоҳ ба онҳо гуфт: «Ман ва қавми ман бо банӣ-Аммӯн низои  сахте доштем;  ва ман шуморо хондам, вале маро аз дасти онҳо наҷот надодед.
  3. Ва чун дидам, ки наҷот намедиҳӣ, ҷони худро ба кафи даст гирифта, ба ҳудуди банӣ-Аммӯн гузаштам, ва  Худо-ванд  онҳоро ба дасти  ман  супурд;  пас чаро шумо  имрӯз назди ман баромадаед, то ки бо ман ҷанг кунед?»
  4. Ва Йифтоҳ тамоми мардуми Ҷилъодро ҷамъ оварда, бо Эфроим ҷанг кард; ва мардуми Ҷилъод ба эфроимиён зарба расониданд,   чунки   гуфта буданд:   «Эй   аҳли   Ҷил-ъод, шумо гурезаҳои Эфроим андаруни Эфроим ва анда-руни Менашше ҳастед».
  5. Ва аҳли Ҷилъод маъбарҳои Урдунро аз Эфроим гириф-танд, ва ҳангоме ки касе аз гурезаҳои Эфроим мегуфт: «Би-мон,   ки   бигзарам»,   мардуми   Ҷилъод  ба вай  мегуфтанд: «Оё ту эфроимӣ ҳастӣ?» Вай мегуфт: «Не».
  6. Онҳо ба вай мегуфтанд: «Бигӯй: «Шиббӯлет»», вале вай мегуфт: «Сиббӯлет», ва наметавонист дуруст  талаффуз на-мояд; ва онҳо варо дастгир карда, назди маъбарҳои Ӯрдун мекуштанд; ва дар он вақт чилу ду ҳазор нафар эфроимиён кушта шуданд.
  7. Ва Йифтоҳ бар Исроил  шаш сол доварӣ намуд; ва Йифтоҳи ҷилъодӣ вафот ёфта, дар яке аз шаҳрҳои Ҷилъод дафн карда шуд.
  8. Ва баъд аз ӯ Ибсони байтлаҳмӣ бар Исроил доварӣ намуд.
  9. Ва ӯ сӣ писар дошт, ва сӣ духтарашро  берун баро-варда,   аз   берун барои писаронаш сӣ духтар гирифта буд; ва ӯ ҳафт сол бар Исроил доварӣ намуд.
  10. Ва Ибсон вафот   ёфта, дар   Байт-Лаҳм  дафн  карда шуд.

Элӯн довари ёздаҳум.

  1. Ва баъд аз ӯ Элӯни забулунӣ бар Исроил доварӣ на-муд; ва ӯ даҳ сол бар Исроил доварӣ намуд.
  2. Ва Элӯни забулунӣ вафот ёфта, дар Аёлӯн, ки дар замини Забулун аст, дафн карда шуд.

Абдӯн довари дувоздаҳум.

  1. Ва баъд аз ӯ Абдӯн ибни Ҳиллели фиръотӯнӣ бар Ис-роил доварӣ намуд.
  2. Ва ӯ чил писар ва сӣ набера дошт, ки бар ҳафтод хар-курра савор мешуданд; ва ӯ ҳашт сол бар Исроил доварӣ на-муд.
  3. Ва Абдӯн ибни Ҳиллели фиръотунӣ вафот ёфта, дар Фиръотӯн, ки дар замини Эфроим бар кӯҳи Амолеқ аст, дафн карда шуд.

© IBT 1992