Якум Вақоеънома боби 20

Довуд ва Юоб Раббаро забт менамоянд.

  1. ВА баъд аз интиҳои сол, яъне баҳорон, вақте ки подшоҳон берун мераванд, то ки биҷанганд, чунин воқеъ шуд, ки Юоб қуввати лашкарро ба кор бурда,   кишвари   банӣ-Аммӯнро   торумор   сохт,   ва омада, Раббаро муҳосира кард, вале Довуд дар Ерусалим буд, ва Юоб Раббаро забт намуд, ва онро валангор кард.
  2. Ва Довуд тоҷи подшоҳи онҳоро аз сари вай гирифт, ки вазнаш як киккар буд, ва санги гаронбаҳое дошт, ва онро ба сари Довуд гузоштанд; ва ӯ ғанимати бағоят зиёде аз шаҳр берун овард.
  3. Ва қавмеро, ки дар он буданд, берун овард, ва онҳоро ба корҳои маҷбурӣ бо арраҳо ва ғаллакӯбакҳои оҳанин ва табарзинҳо баргумошт; ва бо ҳамаи шаҳрҳои банӣ-Аммӯн чунин амал кард; ва Довуд ва тамоми қавм ба Ерусалим баргаштанд.

Ҷанг бо фалиштиён.

  1. Ва баъд аз он, ҷанге бо фалиштиён дар Ҷозар рӯй дод; он вақт Сибкаи  ҳушотӣ   Сифайро,   ки аз авлоди   рафоим буд, кушт; ва онҳо ба сари итоат омаданд.
  2. Ва боз ҷанге бо фалиштиён рӯй дод, ва Элҳонон ибни Ёир Лаҳмиро, ки бародари Ҷольёти ҷаттӣ буд, ва дастаи найзааш мисли наварди молбофон буд, кушт.
  3. Ва боз ҷанге дар Ҷат рӯй дод; ва марди бузургҷуссае буд, ки дасту поҳояш ҳар яке шаш ангушт дошт, — ҷамъ бисту чорто; вай низ аз авлоди Рофо буд.
  4. Ва ҳангоме ки вай Исроилро дашном медод, Йӯнотон ибни Шимъо, бародари Довуд, варо кушт.
  5. Инҳо барои Рофо дар Ҷат зоида шуда буданд, ва аз дасти Довуд ва навкаронаш фурӯ ғалтиданд.

© IBT 1992