Сеюм Подшоҳон боби 20

Аҳъоб ба Арам лашкар мекашад.

  1. ВА Бин-Ҳадад, подшоҳи Арам, тамоми лашкари худро ҷамъ кард, ва сию ду подшоҳ, ва аспон ва аробаҳо ҳамроҳи вай буданд; ва баромада, Сомарияро муҳосира намуд, ва бо он ҷанг кард.
  2. Ва қосидонро назди Аҳъоб, подшоҳи Исроил, ба шаҳр фиристод.
  3. Ва ба ӯ гуфт: «Бин-Ҳадад чунин мегӯяд: «Нуқраи ту ва тиллои ту аз они ман аст; занон ва писарони беҳтарин ту аз они мананд»».
  4. Ва подшоҳ Исроил ҷавоб гардонида, гуфт: «Эй оғоям подшоҳ, бигзор мувофиқи гуфтаи ту ман ва тамоми дороии ман аз они ту бошем».
  5. Ва қосидон бори дигар омада, гуфтанд: «Бин-Ҳадад чунин амр фармуда, мегӯяд: «Ман назди ту фиристода гуфта будам, ки нуқраи худ ва тиллои худ ва занони худ ва писарони худро ту ба ман бидиҳӣ;
  6. Аз ин рӯ, фардо ман навкарони худро назди ту мефиристам, то ки хонаи ту ва хонаҳои навкаронатро кофтуков кунанд, ва ҳар чиро, ки дар назари ту писандида аст, ба дасти худ гирифта, бибаранд»».
  7. Ва подшоҳи Исроил ҳамаи пирони Исроилро даъват намуда, гуфт: «Бидонед ва бубинед, ки вай қасди баде дорад, зеро вақте ки вай оид ба занон ва писаронам ва нуқра ва тиллоям фиристода буд, ман иддаояшро рад накардам».
  8. Ва ҳамаи пирон ва тамоми қавм ба ӯ гуфтанд: «Гӯш накун ва розӣ нашав».
  9. Ва ӯ ба қосидони Бин-Ҳадад гуфт: «Ба оғоям подшоҳ бигӯед: «Ҳар чи бори аввал ба бандаи худ дар бораи он фиристодӣ, ба ҷо хоҳам овард, вале ин корро наметавонам ба ҷо оварам»». Ва косидон рафта, ҷавобро ба вай расониданд.
  10. Ва Бин-Ҳадад назди ӯ фиристода, гуфт: «Худоён ба ман чунин ва зиёда аз ин бикунанд, агар ғубори Сомария барои ҳамаи одамоне ки ҳамроҳи мананд, якмуштӣ бирасад».
  11. Ва подшоҳи Исроил ҷавоб гардонида, гуфт: «Бигӯед: «Он ки шамшер ба камар мебандад, набояд мисли он ки шамшер аз камар мекушояд, фахр намояд»».
  12. Ва ҳангоме ки вай ин суханро шунид, дар ҳолате ки бо подшоҳон дар хаймаҳо бо шаробнӯшӣ машғул буд, ба навкаронаш гуфт: «Манҷаниқҳоро тайёр кунед!» Ва онҳо манҷаниқҳоро ба муқобили шаҳр тайёр карданд.
  13. Ва инак, набие ба Аҳъоб, подшоҳи Исроил, наздик омада, гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: «Оё ин издиҳоми азимро мебинӣ? Инак, Ман имрӯз онҳоро ба дасти ту месупорам, то бидонӣ, ки Ман Худованд ҳастам»».
  14. Ва Аҳъоб гуфт: «Ба воситаи кӣ?» Вай гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: «Ба воситаи навкарони сарварони вилоятҳо»». Ва ӯ гуфт: «Кист, ки ба ҳарбу зарб шурӯъ намояд?» Вай гуфт: «Ту».

Ғалабаи ӯ бар арамиён.

  1. Ва ӯ навкарони сарварони вилоятҳоро дар шумор овард, ва онҳо дусаду сию ду нафар буданд; ва баъд аз онҳо тамоми қавмро, тамоми банӣ-Исроилро дар шумор овард, ки ҳафт ҳазор нафар буданд.
  2. Ва онҳо дар нимирӯзӣ берун омаданд; ва Бин-Ҳадад бо он подшоҳон, яъне бо сию ду подшоҳе ки ба ӯ мадад мерасониданд, дар хаймаҳо шаробнӯшӣ карда маст шуда буд.
  3. Ва навкарони сарварони вилоятҳо аввал берун омаданд. Ва Бин-Ҳадад фиристод, ва ба вай хабар расонида, гуфтанд: «Аз Сомария одамон берун омадаанд».
  4. Вай гуфт: «Хоҳ барои сулҳ берун омада бошанд, онҳоро зинда дастгир кунед, ва хоҳ барои ҳарбу зарб берун омада бошанд, онҳоро зинда дастгир кунед».
  5. Ва инҳо,   яъне  навкарони   сарварони   вилоятҳо   ва лашкаре ки аз ақибашон буд, аз шаҳр берун омаданд.
  6. Ва ҳар яке аз онҳо ҳарифи худро зада куштанд, ва арамиён рӯ ба гурез оварданд, ва исроилиён онҳоро таъқиб мекарданд; ва  Бин-Ҳадад,   подшоҳи  Арам,   ба  асп   савор шуда, бо чанде аз сарваронаш раҳоӣ ёфт.
  7. Ва подшоҳи Исроил берун омада, аспон ва аробаҳоро зарба зад, ва ба Арам шикасти азиме расонид.

Набӣ Аҳъобро таъкид менамояд.

  1. Ва он набӣ ба подшоҳи Исроил наздик омада, ба ӯ гуфт: «Рафта, худро мустаҳкам намо, ва бидон ва бубин, ки чӣ мекунӣ, зеро ки баъд аз гузаштани як сол подшоҳи Арам ба муқобили ту хоҳад баромад».

Юруши дуюмбора ба зидди Арам.

  1. Ва бандагони подшоҳи Арам ба вай гуфтанд: «Худоёни кӯҳҳо худоёни онҳоянд, бинобар ин онҳо бар мо ғолиб ома-данд, валекин агар бо онҳо дар даштрӯя ҷанг кунем, ҳатман ғолиб хоҳем омад;
  2. Ва ту ба ин мазмун амал намо: ҳар яке аз подшоҳонро аз ҷояш дур сохта, волиёнро ба ҷои онҳо таъин намо.
  3. Ва ту  лашкареро ба қадри лашкаре ки аз ту талаф шудааст, асп дар ивази асп, ва ароба дар ивази ароба, барои худ барпо намо, ва мо бо онҳо дар даштрӯя ҷанг карда, ҳатман бар онҳо ғолиб хоҳем омад». Вай ба овози онҳо гӯш дода, ҳамин тавр амал намуд.
  4. Ва баъд аз гузаштани як сол Бин-Ҳадад арамиёнро дар шумор овард, ва ба Афиқ баромад, то ки бо Исроил ҷанг кунад.
  5. Ва банӣ-Исроил ба шумор оварда ва бо озуқа ва силоҳ таъмин карда шуданд,  ва ба истиқболи онҳо рафтанд; ва банӣ-Исроил ба муқобили онҳо мисли ду рамаи бузон ӯрду заданд,  вале  арамиён  заминро  пур карданд.
  6. Ва он марди Худо наздик омад, ва ба подшоҳи Исроил сухан ронда,   гуфт:   «Худованд   чунин   мегӯяд:  «Азбаски арамиён гуфтанд, ки Худованд Худои кӯҳҳост, вале Худои водиҳо нест, бинобар ин Ман тамоми ин издиҳоми азимро ба дасти ту хоҳам супурд,  то  бидонед,  ки Ман Худованд ҳастам»».
  7. Ва инҳо ба муқобили онҳо ҳафт рӯз ӯрду заданд, ва дар рӯзи ҳафтум ҳарбу зарб оғоз шуд, ва банӣ-Исроил аз арамиён сад ҳазор пиёдаро дар як рӯз куштанд.
  8. Ва боқимондагон ба шаҳри Афиқ гурехтанд, ва ҳисор бар бисту ҳафт ҳазор нафар боқимондагон фурӯ ғалтид; ва Бин-Ҳадад гурехта, дар шаҳр ба ҳуҷраи дохилӣ даромад.
  9. Ва бандагонаш ба ӯ гуфтанд: «Инак, мо шунидаем, ки подшоҳони хонадони Исроил подшоҳони эҳсонкоранд; пас, палосҳо ба камари худ ва арғамчинҳо бар сари худ бибандем, ва назди подшоҳи Исроил бароем, ки ӯ шояд ба ҷони ту тараҳҳум намояд».
  10. Ва онҳо палосҳо бар камари худ ва арғамчинҳо бар сари худ бастанд, ва назди  подшоҳи  Исроил  омада,  гуфтанд: «Бандаат Бин-Ҳадад мегӯяд: «Лутфан, ба ҷони ман тараҳҳум намо»». Ва ӯ гуфт: «Оё вай ҳанӯз зинда аст? Вай бародари ман аст».
  11. Ва он одамон инро   фоли   нек   дониста ва фавран суханро  аз  даҳони ӯ гирифта,   гуфтанд:   «Оре,   бародарат Бин-Ҳадад!» Ва ӯ гуфт: «Рафта, варо биёред». Ва Бин-Ҳадад назди ӯ баромад, ва ӯ варо бар ароба савор кард.
  12. Вай ба ӯ гуфт: «Шаҳрҳоеро, ки падарам аз падарат гирифта буд, бармегардонам; ва ту бозоргоҳҳо барои худ дар Димишқ хоҳӣ дошт, чунон ки падарам дар Сомария дошт». Ва ӯ гуфт: «Ман туро бо ҳамин аҳд раҳо мекунам». Ва бо вай аҳд баста, варо раҳо кард.

Гуноҳи Аҳъоб.

  1. Ва касе аз писарони анбиё, бар тибқи каломи Худо-ванд, ба ёри худ гуфт: «Лутфан, маро бизан». Вале он кас аз заданаш сар кашид.
  2. Ва ӯ ба вай гуфт: «Азбаски ту ба овози Худованд гӯш надодӣ, ҳамин ки аз назди ман биравӣ, шере туро хоҳад кушт». Ва ҳангоме ки вай аз назди ӯ рафт, шере ба вай дучор омада, варо кушт.
  3. Ва ӯ каси дигарро ёфта, гуфт: «Лутфан, маро бизан». Ва он кас ӯро зада, бо зарбааш маҷрӯҳ кард.
  4. Ва он набӣ рафта, дар сари роҳ мунтазири подшоҳ ис-тод; ва бо пардае чашмони худро пӯшонид.
  5. Ва ҳангоме ки подшоҳ мегузашт, ӯ подшоҳро нидо карда, гуфт: «Бандаат ба ҳарбу зарб баромад, ва инак, шах-се ба тарафе рафт ва касеро назди ман оварда, гуфт: «Ин одамро посбонӣ намо;  агар  вай  ғоиб шавад, ҷони ту дар ивази ҷони вай хоҳад буд, ё ки як киккар нуқра хоҳӣ дод».
  6. Ва чун бандаат бо ин ё он коре шуғл дошт, вай ғоиб шуд». Ва подшоҳи Исроил ба ӯ гуфт: «Сазои ту ҳамин аст; худат фатво додаӣ».
  7. Ва ӯ фавран пардаро аз чашмонаш бардошт; ва под-шоҳи Исроил ӯро шинохт, ки яке аз анбиёст.
  8. Ва ӯ ба вай гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: «Азбаски ту касеро, ки Ман ба марг маҳкум намудаам, аз дасти худ раҳо кардӣ, бинобар ин ҷони ту дар ивази ҷони вай, ва қавми ту дар ивази қавми вай хоҳад буд»».
  9. Ва подшоҳи Исроил ғамгин ва музтариб гардида, ба хонаи худ рафт, ва ба Сомария ворид шуд.

© IBT 1992