Ададҳо боби 8

Дар бораи чароғдонҳо ва чароғҳо.

  1. ВА Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  2. «Ба Ҳорун сухан ронда, ба вай бигӯ: вақте ки чароғҳоро дармегиронӣ, бигзор ин ҳафт чароғ ба тарафи пеши чароғ-дон рӯшноӣ диҳад».
  3. Ва Ҳорун чунин кард: ба тарафи пеши чароғдон ча-роғҳои онро даргиронид, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
  4. Ва ин аст сохти чароғдон: тиллои яклухти мазруб, пояаш то гулҳояш яклухти мазруб; мувофиқи намунае ки Худованд ба Мусо нишон дода буд, ӯ чароғдонро ҳамин тавр сохт.

Татҳири левизодагон.

  1. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  2. «Левизодагонро аз миёни банӣ-Исроил бигир ва онҳоро татҳир намо.
  3. Ва барои татҳирашон ба онҳо чунин амал намо: оби татҳири гуноҳро бар онҳо бипош, ва бигзор онҳо тамоми бадани худро бо поку битарошанд, ва либосҳои худро бишӯ-янд, ва пок хоҳанд шуд;
  4. Ва наргови ҷавонеро бо ҳадияи ордии он, ки орди маҳини омехта бо равған бошад, бигиранд, ва ту наргови ҷавони дуюмро барои қурбонии гуноҳ бигир.
  5. Ва левизодагонро назди хаймаи ҷомеъ биёр, ва тамо-ми ҷамоати банӣ-Исроилро ҷамъ намо.
  6. Ва левизодагонро ба ҳузури Худованд наздик овар, ва бигзор банӣ-Исроил дастҳои худро бар левизодагон бимонанд.
  7. Ва бигзор Ҳорун левизодагонро ба ҳузури Худованд аз ҷониби банӣ-Исроил ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба чун-биш оварад, то ки онҳо барои иҷрои хизмати Худованд тақ-дис ёбанд.
  8. Ва бигзор левизодагон дастҳои худро бар сари нарго-вон бимонанд; ва ту якеро ҳамчун қурбонии гуноҳ, ва дига-реро ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ ба Худованд, барои кафорати левизодагон, тақдим намо.
  9. Ва левизодагонро пеши Ҳорун ва писаронаш истонида, онҳоро ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ барои Худованд ба ҷун-биш овар.
  10. Ва левизодагонро аз миёни банӣ-Исроил ҷудо намо, ва левизодагон аз они Ман хоҳанд буд.
  11. Ва баъд аз ин, левизодагон барои иҷрои хизмати хай-маи ҷомеъ хоҳанд омад, ва ту онҳоро татҳир намо, ва онҳоро ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба ҷунбиш овар.
  12. Зеро ки онҳо аз миёни банӣ-Исроил комилан ба Ман дода шудаанд; дар ивази ҳар раҳимкушо, яъне ҳар нахустзода аз банӣ-Исроил, Ман онҳоро барои худ гирифтаам.
  13. Зеро ки ҳар нахустзодаи банӣ-Исроил, аз одамон то чорпоён, аз они Ман аст: дар рӯзе ки Ман ҳар нахустзодаро дар замини Миср зарба задам, инҳоро барои Худ тақдис намудам.
  14. Ва левизодагонро дар ивази ҳамаи нахустзодагони ба-нӣ-Исроил гирифтам.
  15. Ва левизодагонро аз миёни банӣ-Исроил дода, ба Ҳо-рун ва писаронаш тобеъ кардам, то ки хизмати банӣ-Исроилро дар хаймаи ҷомеъ ба ҷо оваранд ва банӣ-Исроилро кафорат намоянд, ва ҳангоме ки банӣ-Исроил ба қудс наздик оянд, осебе ба банӣ-Исроил нарасад».
  16. Ва Мусо ва Ҳорун ва тамоми ҷамоати банӣ-Исроил ба левизодагон чунин амал карданд: мувофиқи ҳар он чи Худо-ванд ба Мусо дар бораи левизодагон амр фармуда буд, банӣ-Исроил ба онҳо ҳамон тавр амал карданд.
  17. Ва левизодагон бо оби татҳири гуноҳ пок шуданд, ва либосҳои худро шустанд; ва Ҳорун онҳоро ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба ҳузури Худованд ба ҷунбиш овард, ва Ҳорун онҳоро, барои пок шуданашон, кафорат намуд.
  18. Ва баъд аз ин, левизодагон даромаданд, то ки хизмати худро дар хаймаи ҷомеъ пеши Ҳорун ва писаронаш ба ҷо оваранд; чунон ки Худованд ба Мусо дар бораи левизодагон амр фармуда буд, ончунон ба онҳо амал карданд.
  19. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  20. «Ин аст дастур дар бораи левизодагон: аз синни бисту панҷсола ва болотар онҳо бояд ба хизмат дохил шаванд, то ки корҳои хаймаи ҷомеъро ба ҷо оваранд.
  21. Ва аз синни панҷоҳсолагӣ аз хизмат фориғ шуда, дигар кор накунанд.
  22. Вале ба бародарони худ дар хаймаи ҷомеъ барои навбат-дорӣ кӯмак расонанд, аммо кор накунанд; ба левизодагон оид ба иҷрои вазифаҳошон чунин амал намо».

© IBT 1992