Хуруҷ боби 4

Ба Мусо мӯъҷизакорӣ ато мешавад.

Эроди ӯ: 1. Нобоварии қавм.

  1. ВА Мусо ҷавоб дода, гуфт: «Валекин онҳо ба ман бовар нахоҳанд кард, ва ба овози ман гӯш нахоҳанд дод, зеро ки хоҳанд гуфт: «Худованд ба ту зоҳир нашудааст»».
  2. Ва Худованд ба вай гуфт: «Ин чист дар дастат?» Вай гуфт: «Асо».
  3. Ва Ӯ гуфт: «Онро ба замин парто!» Вай онро ба замин пар-тофт, ва он ба море мубаддал шуд; ва Мусо аз пеши он гурехт.
  4. Ва Худованд ба Мусо  гуфт:   «Дастатро  ёзонида, аз думаш бигир». Вай дасташро ёзонида, онро гирифт, ва он дар дасташ ба асо мубаддал шуд.
  5. «Ин корро бикун, то бовар кунанд, ки Худованд Ху-дои падаронашон, Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб ба ту зоҳир шудааст».
  6. Ва Худованд боз ба вай гуфт: «Дастатро зери бағалат бимон». Вай дасташро зери бағалаш монд; ва онро баровард, ва инак, дасташ аз махав мисли барф шудааст.
  7. Ва Ӯ гуфт: «Дастатро боз ба бағалат бимон». Вай дас-ташро боз ба бағалаш монд; ва онро аз бағалаш баровард, ва инак, он боз мисли баданаш солим шудааст.
  8. «Ва агар онҳо ба ту бовар накунанд, ва ба овози аломати якум гӯш надиҳанд,—ба овози аломати дуюм бовар хоҳанд кард.
  9. Вале агар ба ҳар дуи ин аломатҳо ҳам бовар накунанд, ва ба овози ту гӯш надиҳанд, — он гоҳ аз оби наҳр гирифта, бар хушкӣ бирез; ва обе ки аз наҳр гирифтаӣ, бар хушкӣ ба хун мубаддал хоҳад шуд».

Эроди Мусо: 2. Сақав буданаш.

  1. Ва Мусо ба Худованд гуфт: «Лутфан, эй Худованд! Ман шахси сухандон нестам, на аз дирӯз, на аз парирӯз, на аз вақте ки Ту ба бандаи Худ сухан гуфтӣ, зеро ки ман тутила ва сақав ҳастам».
  2. Ва Худованд ба вай гуфт: «Кист, ки забон ба одам дод? Ё кист, ки гунг, ё кар, ё бино, ё нобиноро офарид? Оё на Ман, ки Худованд ҳастам?
  3. Ва алҳол бирав, ва Ман бо забонат хоҳам  буд  ва туро хоҳам омӯхт, ки чӣ бояд бигӯӣ».
  4. Вай гуфт: «Лутфан, эй Худованд, бифирист ба воси-таи ҳар каси дигар!»

Ҳорун ба мадади Мусо гузошта шуд.

  1. Ва хашми Худованд бар Мусо аланга зад, ва Ӯ гуфт: «Бародарат, охир, Ҳоруни левизода аст; медонам, ки ӯ ба яқин сухан меронад; ва инак, ӯ низ ба истиқболи ту меояд, ва туро дида, дилшод хоҳад шуд.
  2. Ва ту бо ӯ сухан ронда, суханонро ба забонаш талқин хоҳӣ кард; ва Ман бо забони ту ва забони ӯ хоҳам буд, ва шуморо хоҳам омӯхт, ки чӣ бояд бикунед.
  3. Ва ӯ бо амри ту ба қавм сухан хоҳад ронд; ва ӯ барои ту мисли забон хоҳад буд, ва ту барои ӯ мисли Худо хоҳӣ буд.
  4. Ва ин асоро ба дастат бигир, ки ба воситаи он ту аломатҳо ба амал хоҳӣ овард».
  5. Ва Мусо рафта, назди падарарӯсаш Йитрӯ баргашт, ва ба вай гуфт: «Ман рафта, назди бародаронам, ки дар Миср мебошанд,  бармегардам,  то  бубинам,  ки   оё   ҳанӯз зинда  ҳастанд?»  Ва  Йитрӯ  ба  Мусо гуфт:   «Ба  саломатӣ бирав».

Мусо ба Миср бармегардад ва ба қавм озодиро пешгӯӣ мекунад.

  1. Ва Худованд дар Мидьён ба Мусо гуфт: «Рафта, ба Миср баргард, зеро ҳамаи онҳое ки қасди ҷони ту доштанд, мурдаанд».
  2. Ва Мусо   занаш   ва   писаронашро  гирифта,  ба хар савор кард, ва ба замини Миср баргашт; ва Мусо асои Худоро ба дасти худ гирифт.
  3. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Вақте ки рафта ба Миср баргаштӣ, диққат намо, ки тамоми мӯъҷизотеро, ки ба дас-тат супурдаам, ба ҳузури фиръавн ба амал оварӣ; ва Ман дили варо сахт хоҳам кард, то ки қавмро равона накунад.
  4. Ва ба фиръавн бигӯ: «Худованд чунин мегӯяд: Исроил писари нахустзодаи Ман аст;
  5. Ва ба ту мегӯям: писарамро равона кун, то ки Маро ибодат намояд, ва агар ба равона карданаш розӣ нашавӣ, инак, Ман писари нахустзодаи туро мекушам»».
  6. Ва дар миёни роҳ чунин воқеъ шуд, ки дар манзил-гоҳ Худованд бо вай вохӯрда, қасди куштани вай кард.
  7. Он гоҳ   Сифӯра  корди   сангие   гирифта,   ғилофаки писари худро бурид, ва онро ба пои Мусо расонида, гуфт: «Ту барои ман шавҳари хун шудӣ».
  8. Ва Ӯ аз вай даст кашид. Он гоҳ занаш гуфт: «Шавҳари хун шудӣ, — ба сабаби хатна».
  9. Ва Худо ба Ҳорун гуфт: «Ба истиқболи Мусо сӯи биё-бон бирав». Вай равона  шуд ва назди кӯҳи Худо бо ӯ вохӯрда, ӯро бӯса кард.
  10. Ва Мусо ба Ҳорун аз ҳамаи суханони Худованд, ки ӯро фиристода буд,  ва аз тамоми  аломоте ки ба ӯ амр фармуда буд, хабар дод.
  11. Ва Мусо ва Ҳорун рафта, ҳамаи пирони банӣ-Исроил-ро ҷамъ карданд.
  12. Ва Ҳорун ҳамаи суханонеро, ки Худованд ба Мусо гуфта буд, нақл намуд, ва он аломотро пеши назари қавм ба амал овард.
  13. Ва қавм имон оварданд; ва чун фаҳмиданд, ки Худованд банӣ-Исроилро тафаққуд намуда, мазаллати онҳоро дидааст, онҳо сар хам карда, саҷда бурданд.

© IBT 1992

Оставьте комментарий