Доварон боби 13

Бори ҳафтум аз Худо дур шуданд. Падару модари Шимшӯн.

  1. ВА банӣ-Исроил аз нав он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва Худованд онҳоро чил сол ба дасти фалиштиён супурд.
  2. Ва шахсе аз Соръо, аз қабилаи Дон буд, ки Монӯаҳ ном дошт, ва занаш безуриёт буда, намезоид.
  3. Ва фариштаи Худованд ба он зан зоҳир шуда, гуфт: «Инак, ту безуриёт ҳастӣ ва намезоӣ; вале ҳомила шуда, писаре хоҳӣ зоид.
  4. Ва алҳол барҳазар бош, ва май ва арақ нанӯш, ва ҳеҷ чизи палид нахӯр.
  5. Зеро инак, ту ҳомила шуда, писаре хоҳӣ зоид, ва поку ба сараш нахоҳад расид, зеро ки он кӯдак аз батни модар барои Худо мумтоз хоҳад буд; ва ӯ ба наҷот додани Исроил аз дасти фалиштиён шурӯъ хоҳад намуд».
  6. Ва он зан омада, ба шавҳари худ гуфт: «Марди Худо назди ман омад, ва намудаш мисли намуди фариштаи Худо бағоят саҳмгин буд; ва ман аз ӯ напурсидам, ки у аз куҷост, ва ӯ номи худро ба ман нагуфт.
  7. Ва ӯ ба ман гуфт: «Инак, ту ҳомила шуда, писаре хоҳӣ зоид; ва алҳол май ва арақ нанӯш, ва ҳеҷ чизи палид нахӯр, зеро ки он кӯдак аз батни модар то рӯзи мамоташ барои Худо мумтоз хоҳад буд»».
  8. Ва Монӯаҳ пеши Худованд зорию илтиҷо карда, гуфт: «Лутфан, эй Худованд! Бигзор он марди Худо, ки фирис-тодӣ, бори дигар назди мо омада, моро таълим диҳад, ки бо кӯдаке ки бояд таваллуд ёбад, чӣ гуна рафтор намоем».
  9. Ва Худо овози Монӯаҳро шунид, ва фариштаи Худо боз назди зан омад, дар сурате ки вай дар саҳро ншиаста буд, вале шавҳараш Монӯаҳ бо вай набуд.
  10. Ва зан зуд давида, ба шавҳараш хабар дод, ва ба ӯ гуфт: «Инак, бар ман он мард зоҳир шуд, ки он рӯз назди ман омада буд».
  11. Ва Монӯаҳ бархоста, аз ақиби занаш равона шуд, ва назди он мард омада, ба вай гуфт: «Оё ту ҳамон мард ҳастӣ, ки бо ин зан сухан рондӣ?» Гуфт: «Ман ҳастам».
  12. Ва Монӯаҳ гуфт: «Пас, вақте ки суханонат ба амал ояд, тарбияти он кӯдак чӣ гуна хоҳад буд, ва бо ӯ чӣ бояд кард?»
  13. Ва фариштаи Худованд ба Монӯаҳ гуфт: «Бигзор аз ҳар чи ба зан гуфтаам, ҳазар намояд.
  14. Бигзор ҳар  чиро, ки аз токи ангур ҳосил мешавад, нахӯрад, ва май ва арақ нанӯшад, ва ҳеҷ чизи палид нахӯрад; ҳар чиро, ки ба вай амр фармудаам, риоя намояд».
  15. Ва Монӯаҳ ба фариштаи Худованд гуфт: «Лутфан, туро мо каме нигоҳ дорем, то ки барои ту бузғолае тайёр кунем».
  16. Вале фариштаи Худованд ба Монӯаҳ гуфт: «Ҳарчанд маро нигоҳ дорӣ, аз нони ту нахоҳам хӯрд; ва агар бихоҳӣ қурбонии сӯхтанӣ оварӣ, онро барои Худованд биёр».  Зеро Монӯаҳ намедонист, ки вай фариштаи Худованд аст.
  17. Ва Монӯаҳ ба фариштаи Худованд гуфт: «Номи ту чист? Вақте ки суханат ба амал ояд, туро иззату икром намоем».
  18. Ва фариштаи Худованд ба ӯ гуфт: «Чаро номи маро мепурсӣ? Он муаммост».
  19. Ва Монӯаҳ бузғола ва ҳадияи ордиро гирифта, бар сах-ра барои Худованд қурбонӣ овард, ва инак, фаришта кори аҷоибе кард, ва Монӯаҳ ва занаш медиданд.
  20. Ва ҳангоме ки аланга аз қурбонгоҳ сӯи осмон баромад, фариштаи Худованд дар он алангаи қурбонгоҳ сууд намуд; ва Монӯаҳ ва занаш инро дида, рӯй ба замин афтоданд.
  21. Ва фариштаи Худованд ба Монӯаҳ ва занаш дигар аён нашуд; он гоҳ Монӯаҳ донист, ки вай фариштаи Худованд будааст.
  22. Ва Монӯаҳ ба занаш гуфт: «Мо яқинан хоҳем мурд, зеро ки Худоро дидем».
  23. Вале занаш ба ӯ гуфт: «Агар Худованд мехост моро бикушад, қурбонии сӯхтанӣ ва ҳадияи ордиро аз дасти мо қабул намекард, ва ҳамаи ин чизҳоро ба мо нишон намедод; ва дар ин вақт чунин хабарро ба самъи мо намерасонид».

Таваллуд ёфтани Шимшӯн.

  1. Ва он зан писаре зоид, ва ӯро Шимшӯн ном ниҳод; ва кӯдак калон мешуд,  ва Худованд ӯро баракат медод.
  2. Ва Рӯҳи Худованд ба таҳрик додани ӯ дар ӯрдугоҳи Дон, дар миёни Соръо ва Эштоӯл шурӯъ намуд.

© IBT 1992