Дуюм Подшоҳон боби 3

Хонаводаи Довуд дар Ҳебрӯн.

  1. ВА дар миёни хонадони Шоул ва хонадони  Довуд ҷанг  айёми  зиёде  давом  кард;  ва Довуд торафт қудрат меёфт, вале хонадони Шоул торафт суст мешуданд.
  2. Ва барои Довуд дар Ҳебрӯн писарон таваллуд ёфтанд; ва нахустзодаи ӯ Амнӯн аз Аҳинӯами изреъилӣ буд;
  3. Ва дуюмаш   —   Килъоб  аз   Абиҷайл,   зани Ноболи кармилӣ;   ва   сеюмаш — Абшолӯм ибни  Маъко,  ки   вай духтари Талмой, подшоҳи Ҷашур, буд.
  4. Ва чорумаш — Адӯниё   ибни Ҳаҷҷит; ва панҷумаш — Шафатьё ибни Абитол;
  5. Ва шашумаш — Йитром аз Эҷло, зани Довуд; инҳо барои Довуд дар Ҳебрӯн таваллуд ёфтанд.
  6. Ва ҳангоме ки ҷанг дар миёни хонадони Шоул   ва хонадони Довуд давом  мекард,   таъсири Абнир дар хона-дони Шоул зиёдтар мешуд.

Абнир Довудро тарафдорӣ кард.

  1. Ва Шоул суррияе дошт, ки номаш Рисфо бинти Айё буд; ва Ишбӯшет ба Абнир гуфт: «Чаро назди суррияи падарам даромадӣ?»
  2. Ва Абнир аз суханони Ишбӯшет бағоят хашмгин шуда, гуфт: «Оё ман  каллаи саге дар Яҳудо ҳастам? Ман имрӯз ба хонадони падарат Шоул, ва ба бародарон ва дӯстонаш эҳсон намудаам ва туро ба дасти Довуд насупурдаам, ва ту имрӯз барои ин зан гуноҳе ба гардани ман бор мекунӣ?
  3. Худо ба Абнир чунин ва зиёда аз ин бикунад, агар ман он чиро, ки Худованд барои Довуд қасам хӯрдааст, барояш ба амал наоварам,
  4. То ки  салтанатро  аз  хонадони   Шоул   гузаронида, тахти Довудро бар Исроил ва бар Яҳудо, аз Дон то Беэр-Шобаъ, барқарор намоям».
  5. Ва Ишбӯшет дигар натавонист дар ҷавоби Абнир чизе гӯяд, чунки аз вай метарсид.
  6. Ва Абнир дарҳол қосидонро назди Довуд фиристода, гуфт: «Ин замин аз они кист? Бинобар ин ту бо ман аҳд би-банд, ва инак, дасти ман бо ту хоҳад буд, то ки тамоми Исроилро ба тарафи ту бигзаронам».
  7. Ва Довуд гуфт: «Хуб шудааст, ман бо ту аҳд хоҳам баст, аммо як чизро ман аз ту металабам, яъне: ту рӯи маро нахоҳӣ дид, агар аввал, вақте ки барои дидани ман биёӣ, Микал бинти Шоулро бо худ наоварӣ».
  8. Ва Довуд   қосидонро   назди   Ишбӯшет   ибни   Шоул фиристода,  гуфт:   «Зани ман Микалро,  ки дар ивази сад ғилофаки   фалиштиён   барои   худ   гирифтаам, бидеҳ».
  9. Ва Ишбӯшет фиристода, варо аз шавҳараш, аз Фал-тиил ибни Лоиш гирифт.
  10. Ва шавҳараш ҳамроҳаш рафта, дар  ақибаш  гирья-кунон то Баҳурим қадам зад; ва Абнир ба ӯ гуфт: «Гашта рав!» Ва ӯ баргашт.
  11. Ва Абнир  ба  пирони   Исроил   сухан   ронда,  гуфт: «Ҳам дирӯз ва ҳам парирӯз шумо талабгори он будед, ки Довуд бар шумо подшоҳ бошад.
  12. Ва алҳол инро ба амал оваред, зеро ки Худованд ба Довуд сухан ронда, гуфтааст: «Ба воситаи бандаам Довуд қавми худ Исроилро аз дасти фалиштиён ва аз дасти ҳамаи душманонашон наҷот хоҳам дод»».
  13. Ва Абнир ба гӯши биньёминиён низ  ин  суханонро гуфт; ва Абнир ба Ҳебрӯн низ рафт, то он чиро, ки дар назари Исроил ва дар назари тамоми хонадони Биньёмин хуб аст, ба гӯши Довуд бигӯяд.
  14. Ва Абнир назди Довуд ба Ҳебрӯн омад, ва бист мард ҳамроҳи ӯ буданд, ва Довуд барои Абнир ва мардоне ки ҳамроҳаш буданд, зиёфате орост.
  15. Ва Абнир ба Довуд гуфт: «Бархоста, меравам ва та-моми   Исроилро   назди   оғоям   подшоҳ ҷамъ меоварам, ва онҳо бо ту аҳд хоҳанд баст,  ва ту ба муддаои табъи худ подшоҳӣ хоҳӣ кард». Ва Довуд Абнирро фиристод, ва ӯ ба саломатӣ бирафт.
  16. Ва инак, навкарони Довуд бо Юоб аз тохтутоз бар-гаштанд, ва ғанимати зиёде бо худ оварданд; ва Абнир назди Довуд дар Ҳебрӯн набуд, зеро ӯро фиристода буд, ва ӯ ба саломатӣ рафта буд.
  17. Ва ҳангоме ки Юоб ва тамоми лашкаре ки бо ӯ бу-данд, омаданд, ба Юоб хабар дода, гуфтанд: «Абнир ибни Нир назди подшоҳ омада буд, ва ӯро фиристод,  ва ӯ ба саломатӣ бирафт».
  18. Ва Юоб назди подшоҳ омада, гуфт: «Чӣ кардӣ? Инак, Абнир назди ту омадааст; чаро ӯро фиристодаӣ, ва ӯ рафтааст?
  19. Ту, охир, Абнир ибни Нирро медонӣ, ки ӯ омада-аст, то ки туро фиреб диҳад, ва аз даробарои ту вуқуф ёбад, ва аз ҳар коре ки ту мекунӣ, хабардор шавад».
  20. Ва Юоб аз пеши Довуд баромада, қосидонро аз паи Абнир фиристод, ва онҳо ӯро аз Бӯр-Сиро баргардониданд, дар сурате ки Довуд аз ин бехабар буд.

Юоб Абнирро мекушад.

  1. Ва ҳангоме  ки  Абнир ба Ҳебрӯн баргашт, Юоб ӯро андаруни дарвоза ба каноре бурд, то ки бо ӯ махфиёна сухан ронад, ва дар он ҷо, барои хуни бародараш Асоил, ба шиками ӯ зарба зад, ва ӯ мурд.
  2. Ва Довуд баъд аз он шунида, гуфт: «Ман ва салта-нати ман ба ҳузури Худованд аз хуни Абнир ибни Нир то абад барӣ ҳастем.
  3. Бигзор он бар сари Юоб ва тамоми хонадони падараш афтад; ва бигзор каси гирифтори сӯзок, ва каси махавӣ, ва каси бар  асо  такьякунанда, ва каси ба дами шамшер афтанда, ва каси мӯҳтоҷи нон аз хонадони Юоб ҳаргиз кам нашавад».
  4. Ва Юоб ва бародараш Абишой Абнирро барои он куш-танд, ки ӯ бародарашон Асоилро дар ҷанги назди Ҷибъӯн кушта буд.
  5. Ва Довуд ба Юоб ва тамоми қавме ки бо ӯ буданд, гуфт: «Либоси худро дарронида ва палос  пӯшида,  барои Абнир навҳа намоед».  Ва подшоҳ Довуд аз ақиби тобут равона шуд.
  6. Ва Абнирро дар Ҳебрӯн дафн карданд; ва подшоҳ овози  худро  баланд  карда,  назди   қабри  Абнир   гирист, ва тамоми қавм гиристанд.
  7. Ва подшоҳ барои Абнир марсия хонда, гуфт: «Наход ки Абнир мисли як сафиле бимирад?
  8. Дастҳоят баста нашудааст, ва пойҳоят завлона зада нашудааст, ту мисли касе ки аз дасти бадкирдорон афтода бошад, афтодаӣ!» Ва тамоми қавм боз барои ӯ гиристанд.
  9. Ва тамоми қавм омаданд, то ки Довудро нон бихӯро-нанд, дар   сурате  ки  ҳанӯз  рӯз  буд;  вале  Довуд  қасам хӯрда, гуфт: «Худо бо ман чунин ва зиёда аз ин бикунад, агар ман пеш аз фурӯ рафтани офтоб нон ё чизи дигаре бихӯрам».
  10. Ва тамоми қавм инро дарк карданд, ва ин ба назарашон писанд омад, чунон ки ҳар чи подшоҳ мекард, ба назари тамоми қавм писанд меомад.
  11. Ва тамоми қавм ва тамоми Исроил дар он рӯз донистанд, ки куштани Абнир ибни Нир аз ҷониби Довуд набуд.
  12. Ва подшоҳ ба навкаронаш гуфт: «Шумо, охир, медонед, ки сарвар ва марди бузурге имрӯз дар Исроил фурӯ ғалтидааст.
  13. Вале ман имрӯз суст ҳастам, агарчи ба подшоҳӣ тадҳин карда шудаам, ва ҳол он ки ин одамон, писарони Саруё, аз ман қавитаранд;   бигзор   Худованд  ба  бадкор   бар  тибқи бадкирдории вай подош диҳад».

© IBT 1992