Ҳастӣ боби 50

Дафни Яъқуб.

  1. ВА Юсуф бар рӯи падари худ афтода, бар вай гирист, ва ӯро бӯсид.
  2. Ва Юсуф ба табибон, ки аз чокарони ӯ буданд, амр фармуд, ки падари ӯро ҳунут кунанд; ва табибон Исроилро ҳунут карданд.
  3. Ва чил рӯз бар ӯ пур шуд, ки ин рӯзҳо барои ҳунут кардан сарф шуд. Ва мисриён ҳафтод рӯз барои ӯ мотам гирифтанд.
  4. Ва чун айёми мотами ӯ гузашт, Юсуф ба аҳли байти фиръавн гуфт: «Агар дар назари шумо илтифот ёфта бошам, марҳамат фармуда ба гӯши фиръавн чунин бирасонед:
  5. Падарам маро қасам дода, гуфт: «Инак, ман мемирам; дар қабре ки барои худ дар замини Канъон кандаам, он ҷо маро дафн кун». Ва акнун мехоҳам биравам ва падари худро дафн карда, баргардам».
  6. Ва фиръавн гуфт: «Бирав ва, чунон ки падарат туро қасам додааст, ӯро дафн кун».
  7. Ва Юсуф бирафт, то ки падари худро дафн намояд. Ва ҳамаи чокарони фиръавн, пирони аҳли байти ӯ, ва ҳамаи пирони Миср бо ӯ рафтанд,
  8. Ва тамоми аҳли байти Юсуф ва бародаронаш ва аҳли байти падараш. Фақат кӯдакон ва гӯсфандон ва говони худро дар замини Ҷӯшан вогузоштанд.
  9. Ва аробаҳо ва саворон низ ҳамроҳаш рафтанд, ва анбӯҳ хеле бузург буд.
  10. Вақте ки ба хирмангоҳи Отод, ки дар он тарафи Ӯрдун аст, расиданд, дар он ҷо навҳагарии азим ва бисьёр сахт карданд; ва барои падари худ ҳафт рӯз мотам гирифт.
  11. Ва сокинони он замин, канъониён, ин мотамро дар хирмангоҳи Отод диданд, ва гуфтанд: «Ин барои Миср мо-тами сахт аст!» Аз ин рӯ он мавзеъро Обел-Мисраим* номи-данд, ки он дар канори Ӯрдун воқеъ аст.
  12. Ва писаронаш ба ӯ ончунон, ки ба онҳо васият карда буд, карданд.
  13. Ва писаронаш ӯро ба замини Канъон бурданд, ва ӯро дар мағораи саҳрои Макфело дафн карданд, ки Иброҳим он саҳроро аз Афрӯни ҳиттӣ барои моликияти мақбара дар рӯ ба рӯи Мамре харида буд.
  14. Ва Юсуф, баъд аз дафни падари худ, бо бародаронаш ва ҳамаи касоне ки барои дафни падараш бо ӯ баромада буданд, ба Миср баргашт.

Биму ҳароси бародарони Юсуф.

  1. Ва бародарони Юсуф диданд, ки падари онҳо вафот кард, ва гуфтанд: «Шояд Юсуф ба мо кина варзида, инти-қоми он бадиеро, ки ба ӯ кардем, аз мо бигирад?»
  2. Ва ба касе фармуданд, ки ба Юсуф бигӯяд: «Падарат пеш аз вафоти худ васият карда, гуфта буд:
  3. «Ба Юсуф чунин бигӯед: марҳамат фармуда гуноҳ ва хатоҳои бародаронатро, ки ба ту бадӣ кардаанд, афв фармо»; ва акнун гуноҳи бандагони Худои падаратро афв фармо». Ва ҳангоме ки ба ӯ гуфтанд, Юсуф бигирист.
  4. Ва бародаронаш низ омада, пеши ӯ афтоданд, ва гуф-танд: «Инак, ғуломони ту ҳастем».
  5. Ва Юсуф ба онҳо гуфт: «Натарсед; оё ман дар ҷои Худо ҳастам?
  6. Шумо дар ҳаққи ман қасди бад доштед, вале Худо онро ба некӯӣ гардонид, то коре кунад, ки мардуми зиёдро зинда нигоҳ дорад, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст.
  7. Ва акнун натарсед. Ман ризқу рӯзии шумо ва кӯда-кони шуморо хоҳам дод». Ва онҳоро тасаллӣ дод, ва суханони дилпазир ба онҳо гуфт.

Вафоти Юсуф.

  1. Ва Юсуф дар Миср сукунат дошт, ӯ ва аҳли байти падари ӯ; ва Юсуф саду даҳ сол зиндагонӣ кард.
  2. Ва Юсуф писарони насли сеюми Эфроимро дид, ва писарони Шокир, писари Менашше низ бар зонуҳои Юсуф парвариш ёфтанд.
  3. Ва Юсуф ба бародарони худ гуфт: «Ман мемирам; ва Худо шуморо ҳатман тафаққуд хоҳад кард, ва шуморо аз ин замин сӯи замине ки барои Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб қасам хӯрдааст, берун хоҳад овард».
  4. Ва Юсуф банӣ-Исроилро қасам дода, гуфт: «Худо шу-моро ҳатман тафаққуд хоҳад кард, ва он гоҳ устухонҳои маро аз ин ҷо берун хоҳед овард».
  5. Ва Юсуф дар синни саду даҳсолагӣ вафот ёфт.  Ва ӯро ҳунут карданд; ва дар Миср дар тобут гузошта шуд.

*11. Мотами Миср.

© IBT 1992

Оставьте комментарий