Хуруҷ боби 36

Ҳадияҳои фаровон; ибтидои сохтмон.

  1. «ВА Басалъил ва Оҳолиоб ва ҳамаи мардони донодил, ки Худованд ба онҳо ҳикмат ва фаҳм бахшидааст, то ки барои иҷрои ҳар амали хизмати қудс моҳир бошанд, муво-фиқи ҳар он чи Худованд  амр  фармудааст,   кор   хоҳанд кард».
  2. Ва Мусо Басалъил ва Оҳолиоб ва ҳар каси донодилро, ки Худованд ба дили вай ҳикмат бахшида буд, ҳар касеро, ки дилаш моил буд ба кор шурӯъ намояд, ба иҷро кардани он даъват намуд.
  3. Ва тамоми ҳадияеро, ки банӣ-Исроил барои эҳтиёҷоти хизмати қудс оварда буданд, аз пеши Мусо гирифтанд, то ки кор кунанд, ва ҳар субҳ боз назди ӯ ба таври ихтиёрӣ ҳадияҳо меоварданд.
  4. Ва ҳамаи доноёне ки ҳар навъ кори қудсро ба ҷо мео-варданд, ҳар яке аз ҷои хизмати худ, ки бо он машғул буд, омаданд,
  5. Ва ба Мусо сухан ронда, гуфтанд: «Қавм бештар аз он чи барои иҷрои коре лозим аст, ки Худованд ба ҷо овар-дани онро амр фармудааст, меоваранд».
  6. Ва Мусо амр фармуд, ва дар ӯрдугоҳ ҷор зада, гуфтанд: «Мардон ва занон дигар барои ҳадияи қудс кор накунанд». Ва қавм аз овардан даст кашиданд.
  7. Ва масолеҳ барои иҷрои тамоми кор кифоят мекард, ва ҳатто зиёдатӣ буд.
  8. Ва ҳамаи донодилон, ки бо кор машғул буданд, даҳ чодири масканро аз катони нозуки дутоба ва лоҷвард ва арғувон ва қирмиз сохтанд, ва каррубиёнро бар онҳо бо бофти санъаткорона нақш карданд.
  9. Дарозии ҳар як чодир бисту ҳашт зироъ, ва фарохии ҳар як чодир чор зироъ буд; ҳамаи чодирҳо ба як андоза буд.
  10. Ва панҷ чодирро ба якдигар пайванд кард, ва панҷ чодири дигарро ба якдигар пайванд кард.
  11. Ва тугмахонаҳо аз лоҷвард бар лаби як чодире ки дар канори пайвандкунӣ буд, сохт; ва бар лаби чодири канории пайвандкунии дуюм низ чунин сохт.
  12. Панҷоҳ тугмахона дар як чодир сохт, ва панҷоҳ туг-махона дар канори чодире ки дар пайвандкунии дуюм буд, сохт; тугмахонаҳо дар рӯ ба рӯи ҳамдигар буд.
  13. Ва панҷоҳ чангаки тилло сохт, ва чодирҳоро бо чан-гакҳо ба якдигар пайванд намуд, — ва маскан яклухт шуд.
  14. Ва чодирҳо аз пашми буз сохт, то ки хаймае бар маскан бошад; ёздаҳ адад чунин чодирҳо сохт.
  15. Дарозии ҳар як чодир сӣ зироъ, ва фарохии ҳар як чодир чор зироъ буд; ёздаҳ чодир ба як андоза буд.
  16. Ва панҷ чодирро алоҳида, ва шаш чодирро алоҳида пайванд намуд.
  17. Ва панҷоҳ тугмахона ба лаби чодире ки дар канори пайвандкунӣ буд, сохт, ва панҷоҳ тугмахона бар лаби чодири пайвандкунии дуюм сохт.
  18. Ва панҷоҳ чангаки мисин сохт, то ки хаймаро пайванд намояд, ва он яклухт шавад.
  19. Ва болопӯше барои хайма аз пӯстҳои қӯчқор, ки сурх буд, сохт, ва болопӯше аз пӯстҳои тӯҳс аз болои он.
  20. Ва тахтаҳо, ки меистод, барои маскан аз чӯби ақоқиё сохт.
  21. Дарозии ҳар як тахта даҳ зироъ буд, ва фарохии ҳар як тахта — якуним зироъ.
  22. Ва дар ҳар тахта ду дандонаи мутавозии якдигар буд; дар ҳамаи тахтаҳои маскан чунин сохт.
  23. Ва тахтаҳоро барои маскан сохт: бист тахта барои та-рафи ҷанубӣ.
  24. Ва чил пояи нуқра зери бист тахта сохт: ду поя зери як тахта барои ду дандонаи он, ва ду поя зери тахтаи дигар барои ду дандонаи он.
  25. Ва барои тарафи дигари маскан, барои тарафи шимолии он бист тахта сохт.
  26. Ва чил пояи нуқра барои онҳо: ду поя зери як тахта, ва ду поя зери тахтаи дигар.
  27. Ва барои қафои маскан, ки тарафи ғарбист, шаш тахта сохт.
  28. Ва барои гӯшаҳои маскан, дар қафо, ду тахта сохт.
  29. Ва онҳо аз поён пайваст карда шуд, ва аз боло низ якҷоя дар як ҳалқа пайваст гардид; бар ҳар ду, яъне барои ҳар ду гӯша чунин сохт.
  30. Ва ба ҳамин тариқ ҳашт тахта шуд, ва пояҳои нуқра барои онҳо, ҷамъ шонздаҳ поя: ду поя, ду поя зери ҳар як тахта.
  31. Ва ғалақаҳо аз чӯби ақоқиё сохт: панҷ адад барои тахта-ҳои як тарафи маскан,
  32. Ва панҷ ғалақа барои тахтаҳои тарафи дигари маскан, ва панҷ ғалақа барои тахтаҳои тарафи қафои маскан, ба самти ғарб.
  33. Ва ғалақаи миёнаро сохт, то ки аз даруни тахтаҳо аз ин сар то он сар бигзарад.
  34. Ва тахтаҳоро бо тилло пӯшонид, ва ҳалқаҳои онҳоро, ки хонаҳои ғалақаҳо буд, аз тилло сохт; ва ғалақаҳоро бо тилло пӯшонид.
  35. Ва пардае аз лоҷвард ва арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба сохт; бо бофти санъаткорона онро бо карру-биён сохт.
  36. Ва барои он чор сутун аз ақоқиё сохт, ва онҳоро бо тилло пӯшонид, ва илмакҳошон аз тилло буд; ва барои онҳо чор пояи нуқра рехт.
  37. Ва пардае барои даромадгоҳи хайма аз лоҷвард ва арғу-вон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба бо санъати гулдӯзӣ сохт.
  38. Ва панҷ сутуни онро бо илмакҳошон сохта, сарҳо ва чамбаракҳои онҳоро бо тилло пӯшонид; ва панҷ пояи онҳо аз мис буд.

© IBT 1992

Оставьте комментарий