Якум Подшоҳон боби 15

Итоати нопурраи Шоул.

  1. ВА Самуил ба Шоул гуфт: «Худованд маро фирис-тода  буд, ки туро ба подшоҳӣ бар қавми Ӯ, бар Исроил тадҳин  намоям; ва акнун  ту   овози  суханони Худовандро бишнав.
  2. Худованди лашкарҳо   чунин   мегӯяд:  «Он чиро, ки Амолеқ дар ҳаққи Исроил карда буд, дар хотир дорам, ки вай дар сари роҳи онҳо, вақте ки онҳо аз Миср баромаданд, камин ниҳода буд.
  3. Акнун ту рафта, ба Амолеқ шикаст расон;   ва ҳар он чи вай дорад, несту нобуд кунед; ва ба ӯ раҳм накун, балки аз мард то зан, аз кӯдак то тифли ширмак, аз гов то гӯсфанд, аз шутур то хар бикуш»».
  4. Ва Шоул қавмро даъват намуд,   ва  аз  онҳо  дусад ҳазор пиёда дар Талоим шумурд;  ва   даҳ ҳазор мард аз сибти Яҳудо буданд.
  5. Ва Шоул ба шаҳри Амолеқ расида, дар водӣ камин ниҳод.
  6. Ва Шоул ба қениён гуфт:  «Биравед,  фурӯд оед, аз миёни амолеқиён дур шавед, мабодо шуморо бо онҳо несту нобуд намоям, ва ҳол он ки шумо ба тамоми банӣ-Исроил, вақте ки онҳо  аз   Миср   баромаданд,   хайрхоҳӣ  кардаед». Ва қениён аз миёни Амолеқ дур шуданд.
  7. Ва Шоул Амолеқро аз Ҳавило то роҳи самти Шур, ки пеш аз Миср аст, торумор намуд.
  8. Ва подшоҳи Амолеқ — Аҷаҷро зинда дастгир кард, ва тамоми қавмашро ба дами шамшер кушт.
  9. Вале Шоул ва қавм Аҷаҷро, ва беҳтарин бузу гӯсфан-дон ва   говон ва парвориён ва қӯчқорони фарбеҳ ва ҳар чизи хубро дареғ дошта, нахостанд талаф намоянд, ва фа-қат ҳар моли хароб ва камқиматро несту нобуд карданд.
  10. Ва каломи Худованд бар Самуил нозил шуда, гуфт:
  11. «Пушаймонам, ки Шоулро подшоҳ кардам, зеро ки ӯ аз пайравии Ман рӯй тофта, суханони Маро ба ҷо наовард». Ва Самуил ба хашм омада, тамоми шаб сӯи Худованд истиғоса бурд.
  12. Ва бомдодон Самуил бармаҳал бархоста, ба пешвози Шоул рафт; ва ба Самуил хабар  дода,   гуфтанд, ки Шоул ба Кармил ворид шуд, ва инак, барои худ сутуне барпо кард, ва давр зада гузашту ба Ҷилҷол фурӯд омад.
  13. Ва Самуил назди Шоул омад, ва   Шоул ба ӯ  гуфт: «Туро Худованд баракат диҳад! Ман каломи Худовандро ба ҷо  овардам».
  14. Ва Самуил гуфт: «Пас, ин баъ-баи гӯсфандон, ки ба гӯшам  мерасад,   ва  маъоси  говон,  ки  мешунавам,  чист?»
  15. Ва Шоул гуфт: «Инҳоро аз Амолеқ оварданд, зеро ки қавм беҳтарин бузу гӯсфандон ва говонро дареғ доштанд, то ки  барои Худованд   Худои   ту  қурбонӣ кунанд;  вале боқии онро мо несту нобуд сохтем».
  16. Ва Самуил ба Шоул гуфт: «Сабр  кун,  то  он   чиро, ки Худованд имшаб ба ман гуфт, ба ту баён намоям». Ва ӯ ба вай гуфт: «Бигӯ».
  17. Ва Самуил  гуфт:   «Оё  ту  дар назари худ хурд на-будӣ, вақте  ки сардори  сибтҳои  Исроил шудӣ, ва Худо-ванд туро бар Исроил ба подшоҳӣ тадҳин намуд?
  18. Ва Худованд  туро   ба   роҳе   равона   намуда,   гуфта буд:  «Рафта, ин амолеқиёни гуноҳкорро торумор намо, ва бо онҳо ҷанг кун, то даме ки онҳоро тамоман несту нобуд созӣ».
  19. Пас, чаро овози Худовандро нашнидӣ, балки ба ға-нимат дарафтода, он чиро,  ки  дар  назари  Худованд  бад аст, ба амал овардӣ?»
  20. Ва Шоул ба Самуил гуфт: «Ман, охир, овози Худо-вандро шунидам, ва ба роҳе ки Худованд маро равона кард, рафтам, ва подшоҳи Амолеқ — Аҷаҷро овардам,  ва Амо-леқро торумор  сохтам.
  21. Валекин қавм   аз  ғанимати   бузу   гӯсфандон  ва го-вон, яъне беҳтарини он чиро, ки ҳаром шуда буд, гириф-танд, то ки барои Худованд Худои ту дар Ҷилҷол қур-бонӣ кунанд».
  22. Ва Самуил гуфт: «Оё барои Худованд қурбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳо ончунон матлуб аст, чунон ки шунидани овози Худованд? Шунидан, охир, аз забҳ хубтар аст, ва гӯш андохтан — аз чарбуи кӯчқорон.
  23. Зеро ки беитоатӣ мисли гуноҳи ҷодугарист, ва муқобилият — мисли бутпарастӣ. Азбаски ту каломи Худовандро рад кардӣ, У низ туро аз подшоҳӣ рад кард».
  24. Ва Шоул ба Самуил гуфт: «Ман гуноҳ кардам, зеро ки аз фармони Худованд ва аз суханони ту берун баромадам, чунки аз   қавм  тарсида,   овози   онҳоро шунидам.
  25. Ва алҳол, лутфан, гуноҳи маро афв намо, ва бо ман баргард, то ки Худовандро ибодат намоям».
  26. Ва Самуил  ба  Шоул гуфт: «Бо ту нахоҳам баргашт, зеро ки ту каломи Худовандро рад кардаӣ, Худованд низ туро рад кард,  то ки бар  Исроил подшоҳ набошӣ».
  27. Ва Самуил   тоб   хӯрд,   то   ки   равона   шавад;   вале Шоул домани ҷомаи ӯро дошт, ва он пора шуд.
  28. Ва Самуил ба вай гуфт: «Худованд имрӯз подшоҳии Исроилро аз ту пора кард, ва онро ба ёри ту,  ки аз ту беҳтар бошад, медиҳад.
  29. Ва низ Ҷалоли Исроил дурӯғ намегӯяд ва аз қавли Худ намегардад, зеро ки Ӯ одамизод нест, ки аз қавлаш гардад».
  30. Ва вай гуфт: «Гуноҳ кардам; алҳол, лутфан, маро ба ҳузури пирони қавмам ва ба ҳузури Исроил иззат намо, ва бо ман баргард, то ки Худованд Худои туро ибодат кунам».
  31. Ва Самуил аз ақиби Шоул баргашт, ва Шоул Худо-вандро ибодат кард.
  32. Ва Самуил гуфт: «Подшоҳи Амолеқ — Аҷаҷро назди ман биёред». Ва Аҷаҷ назди ӯ омад, дар ҳолате ки занҷирбанд буд; ва Аҷаҷ гуфт: «Яқин аст, ки талхии марг пеш меояд».
  33. Ва Самуил   гуфт:   «Чунон   ки шамшери ту занонро аз фарзандонашон маҳрум кардааст, ончунон модари ту аз миёни занон аз фарзанди худ маҳрум хоҳад шуд». Ва Самуил Аҷаҷро ба ҳузури Худованд дар Ҷилҷол пора-пора кард.
  34. Ва Самуил ба Ромо рафт; ва Шоул ба хонаи худ ба Ҷибъои Шоул рафт.
  35. Ва Самуил то рӯзи мурданаш Шоулро дигар надид, зеро ки барои Шоул мотам гирифта буд;  ва Худованд пу-шаймон шуд, ки Шоулро бар Исроил подшоҳ кард.

© IBT 1992