Хуруҷ боби 7

  1. ВА Худованд ба Мусо гуфт: «Бубин, Ман туро барои фиръавн Худо сохтаам, ва бародарат Ҳорун набии ту хоҳад буд.
  2. Ҳар он чиро, ки Ман ба ту амр фармоям, ту ба забон хоҳӣ ронд, ва бародарат Ҳорун онро ба  фиръавн хоҳад гуфт, то ки вай банӣ-Исроилро аз замини худ равона кунад.
  3. Ва Ман дили фиръавнро сахт хоҳам кард; ва аломот ва мӯъҷизоти Худро дар замини Миср афзун хоҳам намуд.
  4. Ва фиръавн ба шумо гӯш нахоҳад дод, ва Ман дасти Худро бар Миср хоҳам андохт, то ки фавҷҳои Худ ва қавми Худ, яъне банӣ-Исроилро аз замини Миср бо довариҳои азим берун оварам. 5. Ва мисриён хоҳанд донист, кн Ман Худованд ҳастам, вақте ки дасти Худро бар Миср дароз карда, банӣ-Исроилро аз миёни онҳо берун меоварам».
  5. Ва Мусо ва Ҳорун ба амал оварданд; чунон ки Худо-ванд ба онҳо амр фармуда буд, ончунон амал карданд.
  6. Ва Мусо ҳаштодсола буд, ва Ҳорун ҳаштоду сесола, вақте ки онҳо ба фиръавн сухан ронданд.
  7. Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун сухан ронда, гуфт:
  8. «Агар фиръавн ба шумо сухан ронда, гӯяд: «Мӯъҷи-зае ҳамчун далели худ нишон диҳед», он гоҳ  ба  Ҳорун бигӯ: «Асои худро гирифта, пеши фиръавн парто, — он ба море мубаддал хоҳад шуд»».

Бори дуюм ба фиръавн рӯ оварданашон; мӯъҷизаи якум.

  1. Ва Мусо ва Ҳорун назди фиръавн омаданд, ва чунон ки Худованд амр фармуда буд, ончунон амал карданд, ва Ҳорун асои  худро  пеши  фиръавн  ва  пеши навкаронаш партофт, ва он ба море мубаддал шуд.
  2. Ва фиръавн низ ҳакимон ва ҷодугаронро даъват намуд, ва онҳо, афсунгарони  Миср,  низ бо сеҳрҳои  худ   чунин карданд.
  3. Ҳар яке асояшро партофт, ва он ба море мубаддал шуд; вале асои Ҳорун асоҳои онҳоро фурӯ бурд.
  4. Ва дили фиръавн сахт шуд, ва ӯ ба онҳо гӯш надод, чунон ки Худованд гуфта буд.

Бори сеюм ба фиръавн рӯ оварданашон; мӯъҷизаи дуюм.

  1. Ва Худованд  ба  Мусо  гуфт:   «Дили фиръавн  сахт шудааст; вай намехоҳад қавмро равона кунад.
  2. Бомдодон назди фиръавн бирав; инак, вай сӯи об берун меояд, ва ту барои истиқболи вай дар соҳили наҳр биист; ва он асоро, ки ба мор мубаддал шуд, ба дасти худ бигир.
  3. Ва ба вай бигӯ: «Худованд, Худои ибриён, маро назди ту фиристода, гуфт: қавми маро равона кун, то ки Маро дар биёбон ибодат намоянд; ва инак, то алҳол ту гӯш надодӣ.
  4. Худованд чунин мегӯяд: аз ин хоҳӣ донист, ки Ман Худованд ҳастам: инак, Ман бо асое ки дар дастам ҳаст, оби наҳрро мезанам, ва он ба хун мубаддал хоҳад шуд;
  5. Ва моҳиёне ки дар наҳр ҳастанд, хоҳанд мурд, ва наҳр бадбӯй хоҳад шуд, ва мисриён аз нӯшидани оби наҳр нафрат хоҳанд кард»».
  6. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ба Ҳорун бигӯ: «Асои худро бигир ва дасти худро бар обҳои мисриён, бар наҳрҳои онҳо, бар ҷӯйҳои онҳо, бар кӯлҳои онҳо ва бар ҳар обанбори онҳо дароз кун, — ва ба хун мубаддал хоҳанд шуд; ва дар тамоми замини Миср, ва дар зарфҳои чӯбин ва сангин хун хоҳад буд»».
  7. Ва Мусо ва Ҳорун ончунон, ки Худованд амр фарму-да буд, карданд: асоро бардошта, оби наҳрро пеши назари фиръавн ва пеши назари навкаронаш зад; ва тамоми оби наҳр ба хун мубаддал шуд.
  8. Ва моҳиёне ки дар наҳр буданд,  мурданд,  ва наҳр бадбӯй шуд, ва мисриён натавонистанд аз наҳр об нӯшанд, ва дар тамоми замини Миср хун буд. 22.  Ва  афсунгарони  Миср  ҳам   бо   сеҳрҳои   худ   чунин карданд; ва дили фиръавн сахт шуд, ва ба онҳо гӯш надод, чунон ки Худованд гуфта буд.
  9. Ва фиръавн тоб хӯрда, ба хонаи худ омад, ва ин ҳам ба дили ӯ асаре набахшид.
  10. Ва ҳамаи мисриён гирдогирди наҳр чоҳ меканданд, то ки обе барои нӯшидан пайдо кунанд, чунки аз оби наҳр на-метавонистанд нӯшанд.
  11. Ва баъд аз он ки Худованд наҳрро зарба зад, ҳафт рӯз пур шуд.

© IBT 1992

Оставьте комментарий