Доварон боби 5

Суруди Дебӯро ва Бороқ.

  1. ВА дар он рӯз Дебӯро бо Бороқ ибни Абинӯам чунин суруд гуфт:
  2. «Вақте ки ҳарҷумарҷ дар Исроил ба амал омад, қавм ба ихтиёр ғайрат карданд. Худовандро ҷалол диҳед!
  3. Бишнавед, эй подшоҳон! Гӯш диҳед, эй ҳокимон! Ман барои Худованд, ман хоҳам сароид, ман барои Худованд Худои Исроил суруд хоҳам хонд!
  4. Худовандо, вақте ки Ту аз Сеир берун омадӣ, вақте ки Ту аз дашти Адӯм қадамгузор шудӣ, замин ба ларза омад, осмон низ қатра боронид; абрҳо низ об боронид.
  5. Кӯҳҳо аз ҳузури Худованд гудохта шуд, мисли Сино аз ҳузури Худованд Худои Исроил!
  6. Дар айёми Шамҷар ибни Анот, дар айёми Ёил шоҳроҳҳо хало гардида буд, ва роҳсипорон бо роҳҳои ғайримустақим равона мешуданд.
  7. Саркардагон дар Исроил аз миён рафта, боқӣ намонда буданд, то даме ки ман, Дебӯро, бархостам, ман дар Исроил ҳамчун модар бархостам.
  8. Худоёни навро ихтиёр карданд, аз ин рӯ ҷанг ба дарвозаҳо расид; дар миёни чил ҳазор нафар дар Исроил сипаре ва найзае дида нашудааст.
  9. Дили ман ба сарварони Исроил илтифот дорад, ва ба онҳое низ, ки аз миёни қавм ба ихтиёр ғайрат кардаанд. Худовандро ҷалол диҳед!
  10. Эй онҳое ки бар харони сафед савор шуда мегардед, ва онҳое ки бар кӯрпачаҳо менишинед, ва онҳое ки дар роҳ равона мешавед, мадҳ гӯед!
  11. Дар зери садои тирандозони назди обхӯраҳо, дар он ҷо аъмоли наҷотбахши Худовандро наҷотеро, ки Ӯ ба саркардагони Исроил бахшидааст, ситоиш мекунанд. Он гоҳ қавми Худованд назди дарвозаҳо фурӯд омаданд.
  12. Бедор шав, бедор шав, эй Дебӯро! Бедор шав, бедор шав, суруде бигӯй! Бархез, эй Бороқ, ва асирони худро ба асирӣ бибар, эй ибни Абинӯам!
  13. Он гоҳ Ӯ бақияи камшуморро бар нерумандони қавм ҳукмфармо сохт; Худованд маро бар баҳодурон ҳукмфармо сохт.
  14. Аз ҷониби Эфроим онҳое омаданд, ки решаашон дар кӯҳи Амолеқ аст; аз қафои ту — Биньёмин бо мардуми сершумори ту; аз ҷониби Мокир фармондеҳон фурӯд омаданд, ва аз ҷониби Забулун — онҳое ки асои муншӣ дар дасташон буд.
  15. Ва сарварони Иссокор бо Дебӯро буданд; ва мардуми Иссокор, мисли Бороқ, аз қафои ӯ ба водӣ шитофтанд; дар ҳиссаҳои қабилаи Реубен андешаҳои дил бисьёр буд.
  16. Чаро дар миёни қӯраҳо нишастаӣ, то ки найҳои рамабононро бишнавӣ? Дар ҳиссаҳои Реубен фикру андешаҳои дил бисьёр буд.
  17. Ҷилъод дар он тарафи Урдун сокин буд, ва Дон чаро назди киштиҳо истод? Ошер дар соҳили баҳр нишаст, ва назди халиҷҳои худ сукунат дошт.
  18. Забулун қавме буданд, ки ҷони  худро дар  хатари мурдан гузоштанд, ва Нафтолӣ низ дар баландиҳои саҳро.
  19. Подшоҳон омада, ҷанг карданд; он вақт подшоҳони Канъон дар Таънақ назди обҳои Маҷиддӯ ҷанг карданд, лекин ҳеҷ музде бо нуқра нагирифтанд.
  20. Аз ошон ҷанг карданд, — ситорагон аз мадори худ бо Сисро ҷанг карданд.
  21. Наҳри Қишӯн онҳоро ғарқ кард, — наҳри қадимӣ, наҳри Қишӯн. Бо тамоми қувват, эй ҷони  ман,   душманро поймол кардӣ!
  22. Он гоҳ сумҳои аспон ба сабаби гурезогурези зӯроварони вай заминро кӯфтан гирифт.
  23. Мерӯзро лаънат кунед! — мегӯяд фариштаи Худованд, — сокинони онро сахт лаънат кунед, зеро ки ба мадади Худованд наомаданд, то ки Худовандро дар миёни баҳодурон дастгирӣ намоянд.
  24. Бигзор Ёил, зани Ҳобари Қенӣ, бештар аз занони дигар муборак бод, бештар аз ҳамаи занони хайманишин муборак бод!
  25. Вай об талабид, ӯ шир дод, дар косаи мирон қаймоқ овард;
  26. Дасти худро ба мех дароз кард, ва ямини худро — ба путки коргарон; ва Сисроро зарба зад, сари варо кафонид, чаккаи варо шикофта, ба замин дӯхт.
  27. Вай пеши пойҳои ӯ калла хам кард ва афтода, хобид; пеши пойҳои ӯ калла хам карда, афтод; дар ҷое ки калла хам кард, ҷон дода, афтод.
  28. Модари Сисро аз тиреза нигоҳ мекунад ва аз пушти панҷара фиғон мекашад: «Чаро аробаи ӯ дар омадан таъхир менамояд? Чаро чархҳои аробаҳояш даранг мекунад?»
  29. Хотунҳои донои вай ба вай ҷавоб мегардонанд, худаш низ чунин суханонашро барои худ такрор менамояд:
  30. «Яқин аст, ки онҳо ғаниматеро ёфта,   тақсим мекунанд: як духтар, ду духтар барои ҳар мард, ғанимати  либосҳои  рангоранг  барои  Сисро, — ғанимати либосҳои рангоранге ки гулдӯзӣ карда шудааст; матои   гаронбаҳои   дорои   гулдӯзии   дурӯя, ки аз гардани асирон ба ғанимат гирифта шудааст».
  31. Бигзор ҳамин тавр ҳамаи душманонат маҳв шаванд, эй Худованд! Вале дӯстдорони Ӯ бигзор мисли офтобе бошанд, ки бо тамоми қувваташ тулӯъ мекунад!» Ва замин чил сол ором ёфт.

© IBT 1992