Эзро боби 7

Эзро ба Ерусалим равона мешавад.

  1. ВА баъд аз ин воқеаҳо, дар салтанати Артаҳшасто, подшоҳи Форс, Эзро ибни Сароё, ибни Азарьё, ибни Ҳилқиё,
  2. Ибни Шаллум,   ибни   Содӯқ,   ибни  Аҳитуб,
  3. Ибни Амарьё, ибни Азарьё, ибни Мароют,
  4. Ибни Зараҳьё, ибни Уззӣ, ибни Буққӣ,
  5. Ибни Абишуа, ибни  Финҳос,   ибни  Элъозор, ибни Ҳоруни саркоҳин —
  6. Ҳамин Эзро аз Бобил берун омад, ва ӯ дар шариати Мусо, ки Худованд Худои Исроил додааст, китобдони тезфаҳм буд. Ва азбаски дасти Худованд Худои ӯ бар ӯ буд, подшоҳ ҳар он чи ӯ хост, ба ӯ дод.
  7. Ва баъзе аз банӣ-Исроил, ва аз коҳинон, ва левизодагон, ва муғанниён, ва дарбонон, ва тобеон дар соли ҳафтуми подшоҳ Артаҳшасто баромада, рӯ ба ҷониби Ерусалим карданд.
  8. Ва у дар моҳи панҷум, дар соли ҳафтуми подшоҳ ба Ерусалим расид.
  9. Зеро ки дар рӯзи якуми моҳи якум хуруҷ аз Бобил оғоз ёфт, ва чун дасти некӯи Худои ӯ бар ӯ буд, дар рӯзи якуми моҳи панҷум ӯ ба Ерусалим расид,
  10. Чунки Эзро дили худро ба он моил карда буд, ки Тавроти Худовандро маънидод кунад, ва онро ба амал оварад, ва фароиз ва аҳкоми шариатро ба Исроил таълим диҳад.

Фармоне ки подшоҳ Артаҳшасто ба  Эзро додааст.

  1. Ва ин аст мундариҷаи номае ки подшоҳ Артаҳшасто ба Эзрои коҳин ва китобдон дод, ки донандаи аҳкоми Худованд ва фароизи Ӯ бар Исроил буд:
  2. «Шоҳаншоҳ Артаҳшасто ба Эзрои коҳин ва китобдони комили шариати Худои осмон. Ва алҳол,
  3. Аз ҷониби ман фармон дода шуд, ки дар мамлакати ман ҳар кас аз миёни қавми Исроил ва коҳинону левизо-дагони онҳо, ки розӣ бошад ҳамроҳи ту ба Ерусалим бира-вад, — бигзор равад.
  4. Азбаски ту аз ҷониби подшоҳ ва ҳафт мушовири ӯ фиристода шудаӣ, то Яҳудия ва Ерусалимро бар тибқӣ ша-риати Худои ту, ки дар дасти туст, тафаққуд намоӣ,
  5. Ва нуқраю таллоеро, ки подшоҳ ва мушовиронаш барои Худои Исроил, ки масканаш дар Ерусалим аст, хайрот кар-даанд, бибарӣ,
  6. Ва низ тамоми нуқраю тиллоеро, ки ту дар  тамоми кишвари Бобил ба даст оварӣ, бо якҷоягии хайроте ки қавм ва коҳинон барои хонаи Худои худ, ки дар Ерусалим аст, додаанд, —
  7. Пас фавран ба ин пул говон, кӯчқорон, баррагон ва ҳадияҳои ордӣ ва рехтании онҳоро бихар, ва онҳоро бар қур-бонгоҳи хонаи Худои шумо, ки дар Ерусалим аст, забҳ намо.
  8. Ва ҳар он чи ба назари ту ва бародаронат писанд ояд, ки бо бақияи нуқра ва тилло бикунед, — бар тибқи иродаи Худои худ бикунед.
  9. Ва зарфҳоеро, ки ба ту барои ибодати хонаи Худои ту дода шудааст, ба ҳузури Худои Ерусалим бигузор.
  10. Ва лавозимоти дигари хонаи Худои туро, ки ба додани он ту вазифадор бошӣ, — аз ганҷхонаи подшоҳ бидеҳ.
  11. Ва аз ҷониби ман, ки подшоҳ Артаҳшасто ҳастам, ба ҳамаи хазинадорони Мовароуннаҳр фармон дода шудааст, ки ҳар он чи Эзрои коҳин ва китобдони шариати Худои осмон аз шумо талаб кунад, фавран бояд ба ҷо оварда шавад:
  12. То сад киккар нуқра, ва то сад кӯр гандум ва то сад бат* шароб, ва то сад бат равған, ва аз намак — ҳар қадаре ки хоҳанд.
  13. Ҳар он чи бар тибқи аҳкоми Худои осмон бошад, бояд барои хонаи Худои осмон бекаму кост ба ҷо оварда шавад, зеро чаро ғазабе бар салтанати подшоҳ ва писаронаш нозил шавад?
  14. Ва шуморо огоҳ менамоям, ки бар ҳамаи коҳинон ва левизодагон, муғанниён, дарбонон, тобеон ва ходимони ин хонаи Худо закот, боҷ ва хироҷ андохтан лозим нест.
  15. Ва ту, эй Эзро, бар тибқи ҳикмати Худои ту, ки дар дасти туст, доварон ва қозиёнро таъин намо, то бар тамоми қавме ки дар Мовароуннаҳр мебошанд, — бар ҳамаи онҳое ки шариати Худои туро медонанд, доварӣ кунанд; ва онҳоеро, ки намедонанд, таълим диҳед.
  16. Ва ҳар кӣ мувофиқи шариати Худои ту ва мувофиқи қонуни подшоҳ рафтор накунад,  бигзор  фавран бар  вай доварӣ намуда ҳукм кунанд: ё ба қатл, ё ба бадарға, ё ба мусодираи молу мулк ва ё ба ҳабс».
  17. Муборак аст Худованд Худои  падарони мо,  ки ин майлро дар дили подшоҳ ҷойгир кардааст,  ки хонаи Худовандро, ки дар Ерусалим аст, зинат диҳад,
  18. Ва маро дар ҳузури подшоҳ ва мушовирони вай, ва ҳамаи мирони пуриқтидори подшоҳ сазовори марҳамат гар-дондааст, ва ман бар тибқи дасти Худованд Худои ман, ки бар ман буд, қувват гирифтам ва аз миёни Исроил сардо-ронро ҷамъ овардам, то ки ҳамроҳи ман бароянд.

*22. Бат — андозаи вазни моеот, ки тақрибан чил литр буд.

© IBT 1992