Эзро боби 1

Фармони Куруш дар бораи аз нав барқарор кардани маъбади Ерусалим.

  1. ВА дар соли якуми Куруш, подшоҳи Форс, барои он ки каломи Худованд аз забони Ирмиё иҷро шавад, Худованд рӯҳи Куруш, подшоҳи Форсро барангехт, ва ӯ дар тамоми мамлакати худ ҷор андохт ва ба таври хаттӣ низ эълон намуда, гуфт:
  2. «Куруш, подшоҳи Форс, чунин мегӯяд:  ҳамаи мамлакатҳои заминро Худованд, Худои осмон, ба ман додааст, ва Ӯ ба ман амр фармудааст, ки дар Ерусалим, ки дар Яҳу-дия аст, хонае барои Ӯ бино намоям.
  3. Кист аз шумо, аз тамоми қавми Ӯ, ки Худояш бо вай бошад, бархоста ба Ерусалим, ки дар Яҳудия аст, биравад ва хонаи Худованд Худои Исроилро, — ҳамон Худоро, ки дар Ерусалим аст, — бино намояд.
  4. Ва ҳар кӣ боқӣ мондааст, дар ҳамаи маконҳое ки вай дар он ҷо истиқомат дорад, бигзор аҳли он макон ба вай бо нуқра ва тилло ва молу мулк ва чорпоён, илова ба хайрот барои хонаи Худо, ки дар Ерусалим аст, кӯмак расонанд».
  5. Ва сардорони хонаводаҳои Яҳудо ва Биньёмин, ва коҳи-нон ва левизодагон, ҳамаи онҳое ки Худо рӯҳашонро баран-гехта буд, то ба сохтани хонаи Худо, ки дар Ерусалим аст, бираванд, бархостанд.
  6. Ва тамоми мардуми гирду атрофашон онҳоро бо колои нуқра ва тилло, бо молу мулк ва чорпоён ва нуқлу наво, илова ба хайроти саховатмандона, дастгирӣ карданд.
  7. Ва подшоҳ Куруш зарфҳои хонаи Худовандро, ки На-букаднесар аз Ерусалим оварда, дар хонаи худои худ гузошта буд, берун овард.
  8. Ва Куруш, подшоҳи Форс, онҳоро ба воситаи Митре-доти хазинадор берун овард, ва ӯ ба Шешбасар, раиси Яҳу-дия, онҳоро шумурда супурд.
  9. Ва ин аст шумораи онҳо: сӣ тоси тилло, ҳазор тоси нуқра, бисту нӯҳ корд,
  10. Сӣ косаи тилло, чорсаду даҳ косаи нуқраи дучандон ва ҳазор зарфи дигар.
  11. Ҳамаи зарфҳои тилло ва нуқра панҷ ҳазору чорсадто буд. Ҳамаи инро Шешбасар бо ҷалои ватан шудагоне ки аз Бобил ба Ерусалим рафтанд, бурд.

© IBT 1992