Сеюм Подшоҳон боби 7

Бино кардани қасри подшоҳ.

  1. ВАЛЕКИН хонаи худро Сулаймон  сездаҳ сол  бино кард, ва тамоми хонаи худро ба анҷом расонид.
  2. Ва хонаи Ҷангали Лубнонро бино кард, ки дарозияш сад зироъ, ва фарохияш панҷоҳ зироъ, ва қадаш си зироъ буд, — он бар чор қатор сутунҳои арз бино ёфт, ки бар он сутунҳо ғӯлаҳои арз гузошта шуда буд.
  3. Ва аз болои  ғӯлаҳое ки  бар  сутунҳо  гузошта шуда буд, сақф бо арз рӯйбаст карда шуд, — адади  он сутунҳо чилу панҷ, дар ҳар қатор понздаҳ буд.
  4. Ва роғҳо се қатор буд, ва равзан рӯ ба рӯи равзан дар се қатор буд.
  5. Ва ҳамаи дарҳо ва паҳлудариҳо чоргушаи роғдор буд, ҳамчунин равзан рӯ ба рӯи равзан дар се қатор чоргӯша буд.
  6. Ва равоқе аз сутунҳо сохт, ки дарозияш панҷоҳ зироъ, ва фарохияш сӣ зироъ буд; ва долоне пеши онҳо, ва сутунҳо ва остонае пеши онҳо буд;
  7. Ва равоқе барои тахт, ки дар он ҷо ӯ доварӣ мекард, яъне равоқе барои доварӣ сохт, ва онро аз замин то болор-ҳои сақф бо чӯби арз рӯйбаст намуд.
  8. Ва хонаи ӯ, ки дар он иқомат дошт, дар саҳни дигаре аз ақиби ин равоқ ба ҳамин тариқа рӯйбаст намуда шуд; ва барои духтари фиръавн, ки Сулаймон ба занӣ гирифта буд, хонае сохта, мисли он равоқ рӯйбаст намуд.
  9. Ҳамаи ин биноҳо аз сангҳои гаронбаҳое ки бо андоза тарошида ва аз  даруну   берун   суфта  карда шуда буд, аз таҳкурсӣ то сари девор ва аз берун то саҳни бузург сохта шуда буд.
  10. Ва дар таҳкурсӣ сангҳои гаронбаҳо, сангҳои бузург, сангҳои  даҳзироӣ   ва   сангҳои ҳашт-зироӣ гузошта шуда буд;
  11. Ва аз болои онҳо сангҳои гаронбаҳои бо андоза таро шидашуда ва чӯби арз буд.
  12. Ва гирдогирди саҳни бузург се қатор сангҳои тарошидашуда ва як қатор ғӯлаҳои арз буд;   ва саҳни дохилии хонаи Худованд ва   равоқи   хона низ  чунин   таворае дошт.

Ороиши маъбад.

  1. Ва подшоҳ Сулаймон   фиристода,   Ҳиромро аз   Сӯр оваронид,
  2. Ки ӯ писари бевазане аз сибти Нафтолӣ буд, ва падараш марди сӯрии мисгар буд. Ва ӯ пур аз ҳикмат ва маҳорат ва дониш барои иҷрои ҳар кори мисгарӣ буд, ва назди под-шоҳ Сулаймон омада, тамоми кори варо ба ҷо овард.
  3. Ва қолибе аз мис барои ду сутун рехт, ки қади ҳар сутун ҳаждаҳ зироъ буд,   ва риштае ба дарозии дувоздаҳ зироъ ҳар якеро дар бар мегирифт.
  4. Ва ду тоҷи аз мис рехтае сохт, то ки онҳоро бар сари сутунҳо бигузорад; қади як тоҷ панҷ зироъ, ва қади тоҷи дигар панҷ зироъ буд.
  5. Шабакаҳои бофта ва шилшилаҳои занҷиршакл барои тоҷҳое ки бар сари сутунҳо буд, сохт: ҳафт адад барои як тоҷ, ва ҳафт адад барои тоҷи дигар.
  6. Сутунҳоро ӯ ҳамин тавр сохт, бо ду қатор анорҳо бар ҳар шабака барои пӯшонидани тоҷҳое ки бар сари сутунҳо буд;  ва ҳамчунин барои тоҷи дуюм  сохт.
  7. Ва бар тоҷҳое ки бар сари сутунҳои равоқ буд, ороише ба шакли савсанҳо сохт, ки қадаш чор зироъ буд.
  8. Ва бар тоҷҳое ки бар ду сутун буд, аз болотари барҷастагии онҳо низ, назди шабака, дусад адад анор дар қаторҳо гирдогирд буд; ҳамчунин бар тоҷи дуюм буд.
  9. Ва сутунҳоро пеши равоқи толор барқарор намуд; ва сутуни  ростро  барқарор намуда, номи онро Ёкин хонд, ва сутуни чапро барқарор намуда, номи онро Бӯаз хонд.
  10. Ва бар сари сутунҳо ороише ба шакли савсанҳо буд; ва кори сутунҳо бо ҳамин ба анҷом расид.
  11. Ва ҳавзе сохт, ки аз мис рехта шуда буд, аз лаб то лабаш даҳ зироъ буд, шакли комилан доиравӣ дошт, ва қадаш панҷ зироъ буд, ва риштаи сӣ-зироӣ онро гирдогирд дар бар мегирифт.
  12. Ва зери лаби он гирдогирд ғунчаҳо буд, ки онро дар бар мегирифт, ба тавре ки ба ҳар зироъ даҳ адад аз онҳо буд, ва онҳо ҳавзро гирдогирд дар бар мегирифт; ин ғунчаҳо ду қатор буда, баробари рехта шудани он рехта шуда буд.
  13. Он бар дувоздаҳ гов меистод, ки се адади онҳо ба тарафи шимол менигарист, ва се адади онҳо ба тарафи ғарб менигарист, ва се адади онҳо ба тарафи ҷануб менигарист, ва се адади онҳо ба тарафи шарқ менигарист, ва ҳавз аз боло бар онҳо меистод, ва ҳамаи пуштҳои онҳо дар таги он буд.
  14. Ва ғафсии он як ваҷаб буд, ва лабаш мисли лаби ҷилди гули савсан сохта шуда буд; гунҷоиши он ду ҳазор бат буд.
  15. Ва ӯ даҳ пояи мисин сохт; дарозии ҳар поя чор зироъ буд, ва фарохияш — чор зироъ, ва қадаш — се зироъ.
  16. Ва сохти поя чунин буд, ки ҳошияҳо дошт, ва ҳошияҳо дар миёни тасмаҳо буд.
  17. Ва бар ҳошияҳои миёни тасмаҳо суратҳои шерон, говон ва каррубиён буд, ва ҳамчунин бар тасмаҳои боло; ва дар поёни шерон ва говон нақшҳои гулдаста овезон буд.
  18. Ва ҳар поя чор чархи мисин ва меҳварҳои мисин дошт; ва чор кунҷи: он китфҳо дошт, ки китфҳои рехташудае дар таги дастшӯяк буд, ва дар он тарафаш нақшҳои гулдаста буд.
  19. Ва даҳанаш дар миёни тоҷ ва болои он як зироъ буд; ва даҳанаш шакли доиравӣ  дошта,   чун таҳкурсӣ хизмат мекард ва якуним зироъ буд, ва бар даҳанаш низ нақшу нигор буд, ва нақшҳои онҳо чоргӯша буд, на доирашакл.
  20. Ва чор чарх дар таги ҳошияҳо буд, ва меҳварҳои чарх-ҳо дар поя буд; ва қади ҳар чарх якуним зироъ буд.
  21. Ва сохти чархҳо мисли сохти чархҳои ароба буд; меҳварҳошон ва   чанбаракҳошон ва парраҳошон ва гупчакҳо-шон — ҳамааш рехта шуда буд.
  22. Ва чор китф бар чор гӯшаи ҳар поя буд, ва китфҳои поя аз худаш буд.
  23. Ва бар сари поя лӯндагии доирашакле буд, ки қадаш ним зироъ буд; ва бар сари поя дастакҳояш ва ҳошияҳояш аз худаш буд.
  24. Ва бар лавҳаҳояш ва дастакҳояш ва ҳошияҳояш, мувофиқи сатҳи холии ҳар яке, нақшҳои каррубиён, шерон ва нахлҳоро ба вуҷуд овард, ва гирдогирди онҳо нақшҳои гулдаста буд.
  25. Даҳ пояро ӯ ҳамин тавр сохт, ки ҳамаи онҳо як рехт, як андоза, як шакл доштанд.
  26. Ва даҳ дастшӯяки мисин сохт; гунҷоиши ҳар дастшӯяк чил бат буд; қади ҳар дастшӯяк чор зироъ буд; бар ҳар поя, аз он даҳ поя, як дастшӯяк буд.
  27. Ва панҷ пояро дар тарафи рости хона, ва панҷ ададашро дар тарафи чапи  хона гузошт; ва ҳавзро дар тарафи рости хона, дар ҷониби шарқи ҷанубӣ ҷойгир кард.
  28. Ва Ҳиром дастшӯякҳо ва хокандозҳо ва косаҳо сохт; ва Ҳиром тамоми кореро, ки назди подшоҳ Сулаймон барои хонаи Худованд ба ҷо меовард, ба анҷом расонид:
  29. Ду сутун, ва ду гулӯлаи тоҷҳое ки бар сари сутунҳо буд; ва ду шабака  барои пӯшонидани ду гулӯлаи тоҷҳое ки бар сари сутунҳо буд;
  30. Ва чорсад аноре ки барои ду шабака буд: ду қатор анорҳо барои ҳар шабака аз баҳри пӯшонидани ду  гулӯлаи тоҷҳое ки болои сутунҳо буд;
  31. Ва даҳ поя, ва даҳ дастшӯяке ки бар пояҳо буд;
  32. Ва як ҳавз, ва дувоздаҳ гове ки дар таги ҳавз буд;
  33. Ва дегҳо, ва хокандозҳо, ва косаҳо, — тамоми ин колое ки Ҳиром назди подшоҳ Сулаймон барои хонаи Худованд сохт, аз миси сайқалӣ буд.
  34. Онҳоро подшоҳ дар умқи гиле ки дар водии Урдун, дар миёни  Суккӯт  ва  Сортон  буд,  рехт.
  35. Ва Сулаймон   тамоми ин колоро   ҷо ба ҷо гузошт; азбаски адади онҳо бағоят бисьёр буд,  вазни мис муайян карда нашуд.
  36. Ва Сулаймон тамоми колоеро, ки дар хонаи Худованд буд, сохт: қурбонгоҳи тилло, ва   мизе ки нони тақдим бар он буд, — аз тилло;
  37. Ва чароғҳо, ки панҷ адад аз тарафи рост ва панҷ адад аз тарафи чап, пеши ҳарам буд, —  аз тиллои холис; ва гулҳо, ва косачаҳои равғани чароғ, ва анбӯрҳо, — аз тилло;
  38. Ва тосҳо, ва оташгиракҳо, ва косаҳо, ва қошуқҳо, ва маҷмарҳо, — аз тиллои холис; ва ошиқ-маъшуқҳо барои дарҳои хонаи дохилӣ, ки қудси қудсҳо бошад, ва барои дар-ҳои хона, ки толор бошад, — аз тилло.
  39. Ва тамоми коре  ки  подшоҳ   Сулаймон  барои хонаи Худованд ба ҷо овард, анҷом ёфт; ва   Сулаймон  он чиро, ки падараш Довуд вақф намуда буд, яъне он нуқра ва тил-ло ва колоро оварда, ба ганҷинаи хонаи Худованд супурд.

© IBT 1992