Якум Вақоеънома боби 11

Подшоҳ шудани Довуд.

  1. ВА тамоми Исроил назди   Довуд   ба   Ҳебрӯн  ҷамъ омада,  гуфтанд:   «Инак,   мо  устухон ва гӯшти ту ҳастем.
  2. Дирӯз ва парирӯз низ, вақте ки Шоул подшоҳ буд, ту Исроилро берун мебурдӣ ва андарун меовардӣ; ва Худованд Худои ту ба ту гуфта буд: «Ту қавми Ман Исроилро хоҳӣ чаронид, ва ту бар қавми Ман Исроил раис хоҳӣ буд»».
  3. Ва ҳамаи пирони Исроил назди подшоҳ ба Ҳебрӯн омаданд, ва Довуд бо онҳо дар Ҳебрӯн ба ҳузури Худованд аҳд баст, ва Довудро, бар тибқи каломи Худованд, ки ба воситаи Самуил гуфта буд, ба подшоҳӣ бар Исроил тадҳин карданд.

Ерусалим пойтахти мамлакати муттаҳида.

  1. Ва Довуд ва тамоми Исроил ба Ерусалим, ки Ябус бошад, рафтанд; ва дар он ҷо ябусиён сокинони ин замин буданд.
  2. Ва сокинони Ябус ба Довуд гуфтанд: «Ту  ба ин ҷо дохил нахоҳӣ шуд!» Ва Довуд қалъаи Сионро, ки шаҳри Довуд бошад, забт кард.
  3. Ва Довуд гуфт: «Ҳар кӣ ябусиёнро аввал зарба занад, вай раис ва сардор хоҳад шуд». Ва Юоб ибни Саруё аввал баромад, ва раис шуд.
  4. Ва Довуд дар қалъа  сокин  шуд,   бинобар  ин  онро шаҳри Довуд номиданд.
  5. Ва ӯ шаҳрро аз гирду пешаш, аз Миллӯ гирифта то гирдогирди он бино кард; ва Юоб бақияи шаҳрро   обод намуд.
  6. Ва Довуд торафт бештар комьёб ва бузург мегардид, ва Худованди лашкарҳо бо ӯ буд.

Ҳамсафони Довуд.

  1. Ва инҳоянд сарварони паҳлавоне ки Довуд дошт, ки онҳо ӯро бо тамоми Исроил дар салтанаташ тақвият доданд, то ки ӯро, бар тибқи каломи Худованд, бар Исроил подшоҳ гардонанд.
  2. Ва ин аст номгӯи паҳлавононе ки Довуд дошт: Ёшоб-ъом ибни Ҳакмӯнӣ, сардори сегона; ӯ боре найзаи худро бар сесад кас бардошта, ҳамаашонро якбора кушта буд.
  3. Ва баъд аз ӯ Элъозор ибни Дӯдӯи аҳӯҳӣ; яке аз он се паҳлавон буд.
  4. Ӯ бо Довуд дар Фас-Дамим буд, ва фалиштиён дар он ҷо барои ҷанг ҷамъ шуда буданд, ва қитъаи киштзор пур аз ҷав буд, ва қавм аз пеши фалиштиён рӯ ба гурез оварданд.
  5. Ва онҳо дар миёнаи он қитъаи киштзор истода, онро муҳофизат карданд, ба фалиштиён шикаст расониданд, ва Худованд ғалабаи бузурге ба амал овард.
  6. Ва се нафар аз он сӣ сардор ба сахра назди Довуд ба мағораи Адулом фурӯд омаданд, дар сурате ки фалиш-тиён дар водии Рафоим ӯрду зада буданд.
  7. Ва Довуд он вақт дар қалъа буд; ва дастаи фалиштиён он вақт дар Байт-Лаҳм буданд.
  8. Ва Довуд изҳори орзу намуда, гуфт:   «Кошки касе маро   аз   чоҳе   ки   назди   дарвозаи   Байт-Лаҳм    аст,   об бинӯшонад!»
  9. Ва ин се нафар ӯрдугоҳи фалиштиёнро рахна карда, аз чоҳе ки назди дарвозаи Байт-Лаҳм аст, об кашиданд, ва онро бардошта, назди Довуд оварданд; вале ӯ нахост, ки онро бинӯшад, ва онро ҳамчун ҳадияи рехтанӣ барои Худо-ванд рехт,
  10. Ва гуфт: «Ҳошо аз тарси Худоям, ки ман чунин амал намоям! Оё хуни ин касонро бинӯшам, ки ҷони худро дар хатар гузоштаанд?» Зеро ки ҷони худро дар хатар гузошта оварда буданд, ва ӯ нахост, ки онро бинӯшад. Чунин аст коре ки ин се паҳлавон кардаанд.
  11. Ва Абшай, бародари Юоб, сардори се нафар буд, ва ӯ боре найзаи худро бар сесад кас бардошта, ҳамаашонро кушта буд, ва ӯ дар миёни се нафар номдор буд.
  12. Дар миёни ин се нафар ӯ аз ду нафар мукаррамтар буда, сардори онҳо гардида буд, вале ба дараҷаи он се нафар нарасида буд.
  13. Баноё ибни Еҳӯёдоъ, писари марди далери қабсаилӣ, ки корҳои   бузурге   карда   буд;   ӯ ду паҳлавони мӯобиро кушта буд,  ва ӯ фурӯд омада,  шерро андаруни чоҳ дар рӯзи барф кушта буд.
  14. Ва ӯ марди мисрии бузургҷуссаро, ки қоматаш панҷ зироъ буд, кушта буд, дар сурате ки дар дасти он мисрӣ найзае мисли наварди молбофӣ буд, ва ӯ бо таёқе назди вай фурӯд омада, найзаро аз дасти мисрӣ рабуд, ва варо бо найзаи худаш кушт.
  15. Чунин аст корҳое ки Баноё ибни Еҳӯёдоъ карда буд, ва ӯ дар миёни он се паҳлавон номдор буд.
  16. Аз сӣ нафар ӯ мукаррамтарин буд, вале ба дараҷаи он се нафар нарасида буд; ва Довуд ӯро бар гурӯҳи посбонони шаҳсии худ таъин намуд.
  17. Ва сарбозони паҳлавон: Асоил, бародари Юоб; Элҳонон ибни Дӯдӯ аз Байт-Лаҳм;
  18. Шаммӯти ҳарӯрӣ, Ҳиласи фалунӣ;
  19. Иро ибни Иққеши тақӯӣ; Абиозари антӯтӣ;
  20. Сибкаи ҳушотӣ; Илаи аҳӯҳӣ;
  21. Маҳраи натуфотӣ; Ҳилад ибни Баанои натуфотӣ;
  22. Итай ибни Рибай аз Ҷибъои банӣ-Биньёмин; Баноёи фиръотунӣ;
  23. Ҳурай аз мулки Ҷоаш; Абиили арботӣ;
  24. Азмавти баҳарумӣ; Эльяҳбои шаалбӯнӣ;
  25. Аз писарони Ҳошими ҷизӯнӣ: Йӯнотон  ибни Шоҷии ҳарорӣ.
  26. Аҳиом ибни Сокори ҳарорӣ; Элифал ибни Ур;
  27. Ҳифари макиротӣ, Аҳиёи фалунӣ;
  28. Ҳасрои кармилӣ; Наарай ибни Эзбой;
  29. Юил, бародари Нотон; Мибҳор ибни Ҳаҷрӣ;
  30. Солақи аммӯнӣ; Наҳраи бирӯтӣ, ки силоҳбардори Юоб ибни Саруё буд;
  31. Ирои йитрӣ; Ҷориби йитрӣ;
  32. Уриёи ҳиттӣ; Зобод ибни Аҳлой;
  33. Адино ибни Шизои реубенӣ, ки сардори реубениён буд, ва сӣ сарбоз дошт;
  34. Ҳонон ибни Маако; Йӯшофоти митнӣ;
  35. Уззиёи аштиротӣ; Шомоъ ва Яиил, писарони Ҳӯтоми арӯэрӣ;
  36. Ядиаил ибни Шимрӣ ва бародараш Юҳои тисӣ;
  37. Алиил аз  Маҳавим;   Ерибай   ва Юшавьё, писарони Элноам; Йитмои мӯобӣ;
  38. Алиил, Ӯбид ва Яасиил аз Масӯбоё.

© IBT 1992