Якум Подшоҳон боби 14

Ғалабаи бузурги Йӯнотон.

  1. ВА рӯзе Йӯнотон ибни Шоул ба навкари силоҳбардори худ гуфт: «Биё, сӯи дастаи посбонони фалиштӣ, ки дар он тараф ҳастанд, убур намоем». Валекин ба падари худ хабар надод.
  2. Ва Шоул  дар канори Ҷибъо, зери дарахти аноре ки дар Мигрӯн буд, сукунат дошт; ва қавме ки бо ӯ буданд, тақрибан шашсад нафар  буданд.
  3. Ва Аҳиё ибни Аҳитуб, бародари Ихобӯд ибни Финҳос, ибни Элӣ, ки коҳини Худованд дар Шилӯ буд, эфӯд дар бар карда буд; ва қавм намедонистанд, ки Йӯнотон рафтааст.
  4. Ва дар миёни гузаргоҳҳое ки Йӯнотон мехост аз онҳо сӯи дастаи посбонони фалиштӣ   убур   намояд, як сахраи нӯгтез аз ин тараф ва як сахраи нӯгтез аз он тараф  буд, ва номи яке Бӯсес ва номи дигаре  Сене  буд.
  5. Як сахраи нӯгтез  аз  шимол дар  рӯ ба рӯи Михмос қомат рост карда буд, ва сахраи дигар — аз ҷануб дар рӯ ба рӯи Ҷибъо.
  6. Ва Йӯнотон ба навкари силоҳбардори худ гуфт: «Биё, сӯи дастаи посбонони ин номахтунон убур намоем, шояд Худованд ба мо ёварӣ кунад, зеро ки барои Худованд ҳеҷ монеае нест,  ки ба воситаи  касони  бисьёр   ё  ба  воситаи касони  кам  наҷот бахшад».
  7. Ва силоҳбардораш ба ӯ гуфт: «Ҳар  он чи дар дилат ҳаст, бикун; ба ҳар  ҷо, ки майл дорӣ,  бирав;   инак ман мувофиқи дилхоҳи ту бо ту ҳастам».
  8. Ва Йӯнотон  гуфт:   «Инак,   мо   сӯи  ин одамон убур намуда, худро ба онҳо нишон медиҳем.
  9. Агар онҳо чунин гӯянд: «Биистед, то ки назди шумо бирасем», —  он гоҳ мо дар  ҷои худ истода,  пеши онҳо нахоҳем  баромад.
  10. Валекин агар  чунин  гӯянд:   «Пепш  мо  бароед», — он   гоҳ мо хоҳем баромад,  зеро ки Худованд   онҳоро   ба дасти мо супурдааст; ва ин барои мо аломат хоҳад буд».
  11. Ва ҳар  дуяшон худро ба дастаи посбонони фалиштӣ нишон   доданд,   ва   фалиштиён   гуфтанд:    «Инак,   ибриён аз  сӯрохҳое ки дар онҳо пинҳон шудаанд, берун меоянд».
  12. Ва баъзе аз дастаи посбонон ба Йӯнотон   ва  силоҳ-бардораш гуфтанд:   «Пеши мо бароед, то ки чизе ба шумо нишон диҳем». Ва Йӯнотон ба силоҳбардори худ  гуфт:   «Аз ақибам  баро,  зеро ки  Худованд онҳоро ба дасти  Исроил супурдааст».
  13. Ва Йӯнотон   бо   дастҳо   ва   поҳояш   андармон  шуда боло баромад, ва силоҳбардораш аз ақибаш. Ва онҳо пеши Йунотон   афтодан  гирифтанд,   ва   силоҳбардори у  онҳоро аз  паи ӯ  мекушт.
  14. Ва аз  ин  зарбаи   аввалине  ки  Йӯнотон   ва  силоҳ-бардораш расониданд, қариб бист нафар талаф шуданд, дар нисфи майдоне ки як ҷуфт гов   дар  як рӯз шудгор  ме-кунад.
  15. Ва дар ӯрдугоҳ ва саҳро, ва дар миёни тамоми қавм даҳшат ҳукмфармо шуд: дастаи посбонон ва фавҷҳои ха-робкунандагон низ дар даҳшат афтоданд, ва замин ба ларза омад, ва даҳшати азиме аз ҷониби Худо ҳамаро фаро гирифт.
  16. Ва дидбонони Шоул дар Ҷибъои Биньёмин диданд, ки инак, анбӯҳ пароканда шуда, ба ҳар тараф медаванд.
  17. Ва Шоул  ба  қавме  ки  бо ӯ буданд, гуфт:  «Саршу-морӣ карда, бубинед, ки аз миёни мо кӣ берун рафтааст?» Ва саршуморӣ карданд, ва инак Йӯнотон ва силоҳбардо-раш нестанд.
  18. Ва Шоул  ба  Аҳиё  гуфт:   «Сандуқи  Худоро наздик биёр».   Зеро   ки   сандуқи   Худованд   дар он рӯз ҳамроҳи банӣ-Исроил буд.
  19. Ва ҳангоме ки Шоул ба коҳин сухан меронд, шӯру шағаб дар ӯрдуи фалиштиён торафт меафзуд, ва Шоул ба коҳин гуфт:  «Дастатро нигоҳ дор».
  20. Ва Шоул  ва  тамоми  қавме  ки  бо  ӯ  буданд,  ҷамъ шуда, ба майдони корзор омаданд; ва инак, шамшери ҳар яке   ба   зидди   дигаре   кашида   шуда   буд:    шӯру   шағаб бағоят бузург буд.
  21. Ва ибриёне ки дирӯз ва парирӯз дар сафи фалиш-тиён  буда ва бо онҳо   баромада,  дар   ҳар тарафи   ӯрдуи онҳо меистоданд, — онҳо низ ба исроилиёне  ки  бо  Шоул ва Йӯнотон  буданд,  ҳамроҳ  шуданд.
  22. Ва ҳамаи исроилиёне ки дар кӯҳи Эфроим пинҳон шуда буданд,  чун шуниданд, ки  фалиштиён  рӯ ба  гурез овардаанд, — онҳо низ ба ҷанг даромада,  душманро дун-болагирӣ карданд.
  23. Ва Худованд дар он рӯз Исроилро наҷот дод, ва ҷанг то Байт-Овин расид.
  24. Ва мардуми Исроил дар он рӯз бемаҷол гардида бу-данд, зеро ки Шоул қавмро қасам дода гуфта буд: «Малъун бод касе ки то шом, то даме ки ман аз душманонам   ин-тиқом  гирам,  хӯроке  бихӯрад!» Ва тамоми қавм чизе на-хӯрданд.
  25. Ва тамоми аҳли замин ба ҷангал расиданд, ва асал бар рӯи марғзор буд.
  26. Ва қавм ба ҷангал даромаданд, ва инак асал ҷорист, валекин ҳеҷ   кас   дасташро   ба   даҳонаш набурд, зеро ки қавм аз қасам метарсиданд.
  27. Вале Йӯнотон   бехабар   буд аз он ки падараш қасам дода буд, ва ӯ нӯги асоеро, ки дар дасташ буд, дароз карда, дар шони асал ғӯтонид, ва дасташро ба даҳонаш бурд, ва чашмонаш равшан шуд.
  28. Ва касе аз миёни қавм хитоб намуда, гуфт: «Падарат қавмро қасам дода, гуфтааст: «Малъун бод касе ки имрӯз хӯроке бихӯрад!»  Бинобар  ин  қавм бемаҷол шудаанд».
  29. Ва Йӯнотон гуфт: «Падарам заминро ба изтироб ан-дохтааст!  Бубинед,  чӣ гуна чашмони ман равшан шуд, зеро ки андаке аз ин асал чашидам.
  30. Алалхусус, агар   қавм   имруз   аз   ғанимати  душма-нони худ, ки пайдо кардаанд, чизе мехӯрданд, оё шикасти фалиштиён боз ҳам зиёдтар намешуд?»
  31. Ва дар  он  рӯз  фалиштиёнро аз   Михмос  то  Аёлӯн торумор  карданд,  ва  қавм  бағоят  бемаҷол  шуданд.
  32. Ва қавм   ба  ғанимат   дарафтоданд,   ва бузу гӯсфан-дон ва гову  гӯсолаҳоро  гирифта,  бар  замин куштанд, ва қавм гӯштро бо хуни он хӯрданд.
  33. Ва ба   Шоул   хабар   дода,   гуфтанд:    «Инак,   қавм пеши Худованд гуноҳ карда, гӯштро бо хунаш мехӯранд». Ва ӯ гуфт: «Шумо хиёнат кардаед! Алҳол пеши ман санги ка-лоне биғелонед».
  34. Ва Шоул гуфт: «Дар  миёни   қавм  пароканда шуда, ба онҳо бигӯед:   «Ҳар кас гови худро ва ҳар кас барраи худро  назди  ман  биёред,   ва   дар  ин ҷо кушта, бихӯред, ва пеши Худованд гуноҳ   карда, гӯштро бо хуни он нахӯ-ред»». Ва тамоми қавм, ҳар кас бо дасти худ, говашро дар он шаб оварда, дар он ҷо куштанд.
  35. Ва Шоул   қурбонгоҳе   барои   Худованд   бино  кард: ин аввалин курбонгоҳе буд, ки ӯ барои Худованд бино кард.
  36. Ва Шоул гуфт: «Имшаб аз ақиби фалиштиён биравем, ва  онҳоро  то рӯшноии субҳ ғорат карда,  касеро аз онҳо боқӣ нагузорем». Ва гуфтанд: «Ҳар чи дар назарат писанд ояд, бикун». Ва коҳин гуфт: «Дар ин ҷо ба Худо муроҷиат намоем».
  37. Ва Шоул аз Худо пурсид: «Оё аз ақиби фалиштиён фурӯд оям? Оё онҳоро ба дасти Исроил хоҳӣ супурд?» Вале дар он рӯз Ӯ ба вай ҷавоб надод.
  38. Ва Шоул гуфт: «Эй ҳамаи сарварони қавм, ба ин ҷо наздик оед, ва бидонед ва бубинед, ки имрӯз ин гуноҳ дар чист?
  39. Зеро қасам    ба    ҳаёти    Худованди    наҷотдиҳандаи Исроил,   ки   агар   дар   писарам  Йӯнотон   бошад,   вай низ ҳатман хоҳад мурд». Вале аз миёни тамоми қавм касе ба ӯ ҷавоб надод.
  40. Ва ӯ ба тамоми Исроил гуфт:   «Шумо  ба  як тараф истед, ва ман бо писарам Йӯнотон ба тарафи дигар меис-тем».  Ва қавм  ба  Шоул   гуфтанд:   «Ҳар   чи  дар   назарат писанд ояд, бикун».
  41. Ва Шоул   ба   Худованд   гуфт:  «Эй Худои   Исроил, ҳақиқатро бикшой!» Ва қуръа ба Йӯнотон ва Шоул афтод, ва қавм беайб баромаданд.
  42. Ва Шоул гуфт: «Дар миёни ман ва писарам Йӯнотон қуръа   партоед».   Ва   қуръа   ба   Йӯнотон   афтод.
  43. Ва Шоул ба Йӯнотон гуфт: «Ба ман бигӯ, ки чӣ кар-дӣ?» Ва Йӯнотон ба ӯ ҳикоят карда, гуфт: «Бо нӯги асое ки дар даст дорам, андаке асал чашидам; инак, ман барои мурдан ҳозирам».
  44. Ва Шоул гуфт: «Худо чунин ва зиёда аз ин бику-над, эй Йӯнотон, зеро ки ту ҳатман хоҳӣ мурд!»
  45. Валекин қавм ба Шоул гуфтанд: «Оё Йӯнотон, ки ин наҷоти бузургро барои Исроил ба амал овардааст, бимирад? Ҳошо ва калло! Қасам ба ҳаёти Худованд, ки мӯе аз сари ӯ ба замин нахоҳад афтод, зеро ки ӯ имрӯз бо Худо амал кардааст». Ва  қавм  барои  Йӯнотон фидия   доданд, ва ӯ намурд.
  46. Ва Шоул  аз дунболагирии фалиштиён даст кашид— ва фалиштиён ба макони худ рафтанд.
  47. Ва Шоул подшоҳии худро ба Исроил пойдор  гардо-нид, ва бо ҳамаи душманони худ, ки дар гирду пеш буданд: бо Мӯоб, ва банӣ-Аммӯн, ва Адӯм, ва подшоҳони Сӯбо, ва фалиштиён ҷанг кард, ва ба зидди ҳар кас, ки рӯй  мео-вард, дастболо мешуд.
  48. Ва лашкар барпо намуда, ба Амолеқ шикаст расонид, ва Исроилро   аз   дасти   тороҷгарони   он   раҳо кард.
  49. Ва писарони  Шоул  инҳо  буданд:  Йӯнотон, Йишвӣ ва Малкишуа. Ва номи ду духтараш чунин буд: номи калонӣ — Мераб, ва   номи хурдӣ — Микал.
  50. Ва номи зани Шоул Аҳинӯам бинти Аҳимоас буд; ва номи сарлашкараш   Абнир   ибни   Нир, амаки Шоул, буд.
  51. Падари Шоул, Қиш, ва  падари   Абнир,   Нир, писарони Абиил буданд.
  52. Ва дар тамоми айёми Шоул ба муқобили фалиштиён ҷанги сахт бурда мешуд; ва ҳар марди зӯровар ва шуҷоъро, ки Шоул медид, назди худ ҷамъ мекард.

© IBT 1992