Хуруҷ боби 23

Фароиз дар бораи адолат ва дар бораи дӯст доштани ёр.

  1. «ОВОЗАИ бекораро ба забон нарон; дасти худро ба шарир надеҳ, то ки шоҳиди козиб бошӣ.
  2. Аксариятро дар роҳи бадкорӣ пайравӣ накун, ва дар мурофиа бар хилофи виҷдони худ шаҳодат надеҳ, то ки моил ба аксарият шуда, ба каҷкорӣ сабаб гардӣ.
  3. Ва нисбат ба камбағал дар мурофиаи вай рӯбинӣ на-кун.
  4. Агар гов ё хари гумшудаи душманатро биёбӣ, — онро албатта ба ӯ баргардон.
  5. Агар хари душманатро бубинӣ, ки зери бораш афтида хобидааст, — онро ба ҳолаш вогузор накун, балки ҳамроҳи ӯ бори онро фурор.
  6. Ҳукуқи камбағали худро дар мурофиаи ӯ поймол накун.
  7. Аз гапи дурӯғ канорагирӣ намо; ва бегуноҳу одилро накуш, зеро ки Ман шарирро сафед нахоҳам кард.
  8. Ва ришва нагир, зеро ки ришва биноёнро кӯр мегар-донад, ва суханони одилонро таҳриф мекунад.
  9. Ва ғарибро ба танг наовар; ва шумо аз дили ғариб хабардор ҳастед, зеро ки дар замини Миср ғариб будед.

Фароиз  дар  бораи рӯзи  ҳафтум  ва  соли  ҳафтум.

  1. Ва шаш сол замини худро киштукор намо, ва ҳосилаш-ро ҷамъ кун;
  2. Ва дар соли ҳафтум онро ором гузор ва тарк намо, то ки камбағалони қавмат аз он бихӯранд, ва он чи аз онҳо боқӣ монад, ҳайвоноти саҳро бихӯранд; бо токзори худ ва бо дарахтони зайтуни худ низ чунин амал намо.
  3. Шаш рӯз корҳои худро ба ҷо овар, ва дар рӯзи ҳафтум ором гир, то ки говат ва харат фароғат ёбад, ва писари кани-зат ва ғариб истироҳат кунанд.
  4. Ва ҳар он чиро, ки Ман ба шумо гуфтаам, риоя на-моед; ва номи худоёни дигарро зикр накунед, он аз забона-тон шунида нашавад.

Фароиз дар бораи се ид.

  1. Се маротиба ҳар сол барои Ман ид бикун:
  2. Иди фатирро риоя намо; ҳафт рӯз, чунон ки ба ту амр фармудаам, дар вақти муайяни моҳи абиб фатир бихӯр, зеро ки дар он вақт ту аз Миср берун омадаӣ; ва бигзор ба ҳузури Ман тиҳидаст наоянд;
  3. Ва иди дарави навбари ғалладонаи худро, ки дар саҳро кишт кардаӣ; ва иди ҷамъовариро дар охири сол, вақте ки ҳосили меҳнати худро аз саҳро ҷамъ кардаӣ.
  4. Соле се маротиба тамоми наринаи ту бояд ба ҳузури Худованди Парвардигор ҳозир шаванд.
  5. Хуни қурбонии Маро бо якҷоягии хамиртуруш тақдим накун, ва чарбуи қурбонии идонаи Ман то субҳ боқӣ на-монад.
  6. Навбари аввалини заминатро ба хонаи Худованд Худои худ биёр. Бузғоларо дар шири модари он напаз.

Ваъдаҳо дар бораи замини Канъон.

  1. Инак, Ман фариштае пешопеши ту мефиристам, то ки туро дар роҳ нигаҳбонӣ карда, ба маконе ки муҳайё намудаам, бирасонад.
  2. Аз вай эҳтиёт шав ва ба овозаш гӯш деҳ; ба вай мухо-лифат нанамо, зеро ки вай гуноҳи шуморо афв нахоҳад кард, чунки исми Ман андаруни вай аст.
  3. Агар ту ба овози вай гӯш диҳӣ, ва ҳар он чи Ман бигӯям, ба ҷо оварӣ, он гоҳ Ман ба душманони ту душман хоҳам буд, ва ба бадхоҳонат бадхоҳӣ хоҳам кард.
  4. Зеро ки фариштаи Ман пешопеши ту равона шуда, туро ба сӯи амӯриён, ва ҳиттиён, ва фариззиён, ва канъониён, ва ҳиввиён, ва ябусиён хоҳад овард, ва Ман онҳоро несту нобуд хоҳам кард.
  5. Ба худоёни онҳо саҷда набар, ва онҳоро ибодат нанамо, ва мисли аъмоли онҳо амал накун, балки онҳоро торумор соз, ва ҳайкалҳошонро албатта бишкан.
  6. Ва Худованд Худои худро ибодат намоед, ва ӯ нони ту ва оби туро баракат хоҳад дод; ва Ман бемориҳоро аз миёни ту дур хоҳам кард.
  7. Дар замини ту зани бачапарто ва нозой нахоҳад буд; шумораи рӯзҳоятро пурра хоҳам кард.
  8. Ҳайбати Худро пешопеши ту хоҳам фиристод, ва ҳар қавмеро, ки ту наздашон биёӣ, ба изтироб хоҳам афканд, ва ҳамаи душманонатро аз пешд ту дар гурез хоҳам андохт.
  9. Ва пешопеши ту занбӯрҳоро хоҳам фиристод, ва онҳо ҳиввиён, ва канъониён ва ҳиттиёнро аз пеши ту бадар хо-ҳанд ронд.
  10. Онҳоро аз пеши ту дар як сол бадар нахоҳам ронд, мабодо замин валангор гардад, ва ҳайвоноти саҳро бар зарари ту афзун шаванд.
  11. Онҳоро аз пеши ту кам-кам бадар хоҳам ронд, то ки ту афзоиш ёфта, заминро ба тасарруфи худ дароварӣ.
  12. Ва ҳудуди туро аз баҳри Қулзум то баҳри фалиштиён, ва аз биёбон то наҳри Фурот муқаррар хоҳам кард; зеро ки сокинони ин заминро ба дасти шумо хоҳам супурд, ва ту онҳоро аз пеши худ бадар хоҳӣ ронд.
  13. Бо онҳо ва бо худоёнашон аҳд набанд.
  14. Бигзор онҳо дар замини ту сукунат надошта бошанд, мабодо туро бар зидди Ман осӣ гардонанд, ва ту худоёни онҳоро ибодат намоӣ, ва ин барои ту санги роҳ гардад».

© IBT 1992

Оставьте комментарий