Хуруҷ боби 29

Дар бораи тақдис кардани коҳинон ва қурбонҳои ҳаррӯза.

  1. «ВА ин аст он чи ту бояд барои тақдис кардани онҳо ба амал оварӣ, то ки ба Ман каҳонат намоянд: як гӯсолаи нар ва ду қӯчқори беайб бигир,
  2. Ва нони фатир, ва қурсҳои фатири бо равған омехта-шуда, ва нончаҳои тунуки ба равған молидашуда; онҳоро аз орди нарми гандум бипаз.
  3. Ва онҳоро дар як сабад бимон, ва онҳоро дар сабад тақдис намо, ва гӯсола ва ду қӯчқорро низ.
  4. Ва Ҳорун ва писаронашро назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ биёр, ва онҳоро дар об ғусл деҳ.
  5. Ва либосҳоро бигир, ва Ҳорунро бо пероҳан, ва ридои эфӯд, ва эфӯд ва синабанд ороста намо, ва бо тасмаи эфӯд камарашро бибанд.
  6. Ва аммомаро бар сараш бипӯшон, ва афсари муқаддасро бар аммома бимон.
  7. Ва равғани тадҳинро гирифта, бар сараш бирез, ва ӯро тадҳин намо.
  8. Ва писаронашро наздик оварда, пероҳанҳоро ба онҳо бипӯшон.
  9. Ва онҳоро, яъне Ҳорун ва писаронашро, бо камарбандҳо бибанд, ва кулоҳҳоро бар сарашон бимон, ва каҳонат барояшон фаризаи абадӣ хоҳад буд; ва Ҳорун ва писаронашро баргумор.
  10. Ва гӯсоларо назди хаймаи ҷомеъ тақдим намо, ва Ҳорун ва писаронаш дастҳошонро бар сари гӯсола хоҳанд гузошт.
  11. Ва гӯсоларо ба ҳузури Худованд назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ забҳ намо.
  12. Ва аз хуни гӯсола гирифта, бар шохҳои қурбонгоҳ бо ангуштонат бипош; ва тамоми хунро бар бунёди қурбонгоҳ бирез.
  13. Ва тамоми чарбуеро, ки амъоро мепӯшонад, ва пардаеро, ки бар ҷигар аст, ва ду гурдаро бо чарбуе ки бар онҳост, гирифта, бар қурбонгоҳ бисӯзон.
  14. Вале гӯшти гӯсола ва пӯсташ ва саргинашро берун аз ӯрдугоҳ дар оташ бисӯзон; ин қурбонии гуноҳ аст.
  15. Ва як қӯчқорро бигир, ва Ҳорун ва писаронаш дастҳои худро бар сари қӯчқор бимонанд.
  16. Ва қӯчқорро забҳ намо, ва хунашро гирифта, бар қур-бонгоҳ гирдогирд бипош.
  17. Ва қӯчқорро ба андомҳояш пора кун, ва амъояш ва почаҳояшро шустушӯ намо, ва онҳоро бар андомҳояш ва бар сараш бимон.
  18. Ва тамоми қӯчқорро бар қурбонгоҳ бисӯзон, — ин қурбонии сӯхтанӣ барои Худованд аст, ин атри гуворо, қур-бонии оташин барои Худованд аст.
  19. Ва қӯчқори дуюмро бигир, ва Ҳорун ва писаронаш дастҳои худро бар сари қӯчқор бимонанд.
  20. Ва қӯчқорро забҳ намо, ва аз хуни он гирифта, бар нармаи гӯши рости Ҳорун ва бар нармаи гӯши рости писаро-наш, ва бар нарангушти дасти росташон, ва бар нарангушти пои росташон бимол; ва хунро бар қурбонгоҳ гирдогирд бипош.
  21. Ва аз хуне ки бар қурбонгоҳ аст, ва аз равғани тадҳин гирифта, бар Ҳорун ва либосаш, ва бар писарони ӯ ва либоса-шон бо ӯ бипош; ва ӯ ва либосаш, ва писарони ӯ ва либоса-шон бо ӯ тақдис хоҳанд шуд.
  22. Ва аз қӯчқор чарбу ва дунбаро, ва чарбуеро, ки амъоро мепӯшонад, ва пардаи ҷигар, ва ду гурда, ва чарбуеро, ки бар онҳост, ва соқи ростро бигир, зеро ки ин қӯчқори гу-моштанӣ мебошад,
  23. Ва низ як гирда нон, ва як қурс нони равғанин, ва як нончаи тунук аз сабади нони фатир, ки ба ҳузури Худованд аст, бигир,
  24. Ва ҳамаашро бар дастҳои Ҳорун ва бар дастҳои писа-рони ӯ бимон, ва инро баланд бардошта, ба ҳузури Худованд ҷунбонида-ҷунбонида биёр.
  25. Ва инро аз дасти онҳо гирифта, бар қурбонгоҳ бо қурбонии сӯхтанӣ бисӯзон, то ки атри гуворо ба ҳузури Худо-ванд бошад, чунки ин қурбонии оташин барои Худованд аст.
  26. Ва синаи қӯчқори гумоштаниро, ки барои Ҳорун аст, бигир, ва онро баланд бардошта, ба ҳузури Худованд ҷун-бонида-ҷунбонида биёр; ва ин ҳиссаи ту хоҳад буд.
  27. Ва синаи ҷунбонидашуда ва соқи баланд бардошташу-даро, ки аз қӯчқори гумоштании Ҳорун ва писаронаш ҷунбо-нида ва баланд бардошта шуд, тақдис намо.
  28. Ва ин барои Ҳорун ва писаронаш фаризаи абадӣ аз ҷониби банӣ-Исроил хоҳад буд, зеро ки ин ҳадия аст, ва ҳадия аз ҷониби банӣ-Исроил аз қурбониҳои саломатии онҳо, яъне ҳадияи онҳо барои Худованд хоҳад буд.
  29. Ва либосҳои муқаддаси Ҳорун баъд аз ӯ аз они писа-ронаш хоҳад буд, то ки дар онҳо тадҳин намуда ва баргумошта шаванд.
  30. Ҳафт рӯз он коҳине ки ба ҷои ӯ, аз писаронаш, ба хаймаи ҷомеъ даромада, хизмати қудсро ба ҷо меоварад, бояд онҳоро бипӯшад.
  31. Ва қӯчқори гумоштаниро гирифта, гӯшташро дар ма-кони муқаддас бипаз.
  32. Ва бигзор Ҳорун ва писаронаш гӯшти қучқорро бо ноне ки дар сабад аст, назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ бихӯранд.
  33. Ва онро бояд онҳое бихӯранд, ки ба воситаи он кафорат ёфтаанд, то ки баргумошта ва тақдис карда шаванд; вале бегонае набояд бихӯрад, зеро ки ин муқаддас аст.
  34. Ва агар аз гӯшти гумоштанӣ ва аз нон то субҳ боқӣ монад, он бақияро дар оташ бисӯзон: онро набояд касе би-хӯрад, зеро ки муқаддас аст.
  35. Ва ба Ҳорун ва писаронаш ончунон амал намо, чунон ки Ман ба ту аз ҳар ҷиҳат амр фармудаам: ҳафт рӯз онҳоро баргумор.
  36. Ва гӯсолаи қурбонии гуноҳро ҳар рӯз барои кафорат забҳ намо, ва қурбонгоҳро бо кафорате ки бар он мекунӣ, аз гуноҳҳо пок намо, ва онро тадҳин бикун, то ки тақдис ёбад.
  37. Ҳафт рӯз бар қурбонгоҳ кафорат бикун, ва онро тақдис намо, ва қурбонгоҳ қудси қудсҳо хоҳад буд; ҳар чизе ки ба қурбонгоҳ бирасад, муқаддас хоҳад гардид.
  38. Ва ин аст он чи ту бояд бар қурбонгоҳ тақдим намоӣ: барраҳои яксола, ду адад дар як рӯз, ба таври доимӣ.
  39. Як барраро дар субҳ тақдим намо, ва барраи дигарро дар шомгоҳ тақдим намо.
  40. Ва даҳьяк* аз орди маҳин, ки бо чорьяк ҳин** равғани кӯфта омехта шуда бошад, ва ҳадияи рехтанӣ ба қадри чорьяк хин шароб — барои як барра хоҳад буд.
  41. Ва барраи дигарро дар шомгоҳ тақдим намо; барои он монанди ҳадияи ордии субҳ ва монанди ҳадияи рехтании он тақдим намо, то ки атри гуворо ва қурбонии оташин барои Худованд бошад.
  42. Ин — қурбонии сӯхтании доимӣ дар наслҳои шумо назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ ба ҳузури Худованд хоҳад буд, ки дар он ҷо ба шумо зоҳир хоҳам шуд, то ки дар он ҷо ба ту сухан гӯям.
  43. Ва дар он ҷо ба банӣ-Исроил зоҳир хоҳам шуд, ва он аз ҷалоли Ман тақдис хоҳад ёфт.
  44. Ва хаймаи ҷомеъ ва қурбонгоҳро тақдис хоҳам намуд; ва Ҳорун ва писаронашро тақдис хоҳам намуд, то ки ба Ман каҳонат кунанд.
  45. Ва дар миёни банӣ-Исроил сокин хоҳам шуд, ва барои онҳо Худо хоҳам буд.
  46. Ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд Худои онҳо ҳас-там, ки онҳоро аз замини Миср берун овардаам, то ки дар миёни онҳо сокин шавам; Ман Худованд Худои онҳо ҳастам».

*40. Даҳяки эфа дар назар дошта шудааст, ки ба 4 литр баробар аст.

**40. Ҳин — андозаи моеот, ки 6,65 литр аст.

© IBT 1992

Оставьте комментарий