Дуюм Подшоҳон боби 4

Кушта шудани Ишбӯшет.

  1. ВА чун ибни Шоул шунид, ки Абнир дар Ҳебрӯн мурдааст, дастҳояш суст шуд, ва тамоми Исроил ба изтироб омаданд.
  2. Ва ибни Шоул ду марде дошт, ки сардорони фавҷҳо буданд; номи яке Баано ва номи дигаре Рекоб буда, онҳо писарони Риммӯни баэрӯтӣ, аз банӣ-Бинъёмин буданд, зеро ки Баэрӯт низ ба Биньёмин тааллуқ дошт.
  3. Ва баэрӯтиён ба Ҷиттоим гурехта рафтанд, ва то имрӯз дар он ҷо иқомат доранд.
  4. Ва Йӯнотон ибни Шоул писари ланге дошт; ӯ панҷсола буд, ки хабари Шоул ва Йӯнотон аз Изреъил расид,  ва дояаш ӯро бардошта гурехт, ва ҳангоме ки вай ба гурехтан шитоб менамуд, ӯ афтода, ланг шуд; ва номаш Мефибӯшет буд.
  5. Ва писарони Риммӯни баэрӯтӣ, Рекоб ва Баано, рафта, дар вақти гармии рӯз ба хонаи Ишбӯшет расиданд; ва ӯ дар хоби пешинӣ буд.
  6. Ва онҳо бо баҳонаи гирифтани гандум ба даруни хона даромада, ба шиками ӯ зарба заданд; ва Рекоб ва бародараш Баано гурехтанд.
  7. Вақте ки ба хона даромаданд, ӯ дар хонаи хоб бар бистараш хобида буд, ва онҳо ӯро  зарба зада,  куштанд, ва сарашро аз танаш ҷудо карда, гирифтанд,   ва  тамоми шаб дар саҳро роҳ паймуданд.
  8. Ва сари Ишбӯшетро назди Довуд ба Ҳебрӯн оварда, ба подшоҳ  гуфтанд:   «Инак  сари Ишбӯшет  ибни Шоули душманат, ки қасди ҷони ту дошт;   ва имрӯз  Худованд интиқоми оғои мо подшоҳро аз Шоул ва насли вай гириф-тааст».
  9. Ва Довуд ба Рекоб   ва бародараш   Баано, писарони Риммӯни  баэрӯтӣ,  ҷавоб гардонда, ба онҳо  гуфт:   «Қасам ба ҳаёти  Худованд,  ки  ҷони  маро  аз ҳар тангӣ раҳони-дааст!
  10. Ҳангоме ки шахсе ба ман хабар дода, гуфт: «Инак, Шоул мурдааст», ва худро муждавар мепиндошт, ман варо гирифта, дар Сиқлоҷ куштам, ва ҳол он ки вай умедвор буд, ки ман ба вай муждагонӣ хоҳам дод,
  11. Алалхусус ҳоло, ки шахсони шарир марди бегуноҳро дар хонааш бар бистараш куштаанд, наход ки ман хуни ӯро аз дасти шумо талаб накунам, ва шуморо аз рӯи замин маҳв нанамоям?»
  12. Ва Довуд   ба  навкаронаш   амр   фармуд,   ва онҳоро кушта, дастҳо ва пойҳошонро қатъ карданд, ҷасадҳошонро назди ҳавзи Ҳебрӯн овехтанд; ва сари Ишбӯшетро гирифта, дар қабри Абнир дар Ҳебрӯн дафн карданд.

© IBT 1992