Ҳастӣ боби 34

Яъқуб маҳсули иштибоҳҳои худро мебардорад.

  1. ВА Дино, духтари Леё, ки ба Яъқуб зоида буд, барои дидани духтарони он замин берун рафт.
  2. Ва Шакем, писари Ҳамӯри ҳиввӣ, ки амири он замин буд, ӯро дид, ва ӯро гирифт, ва бо ӯ хобид, ва ба номӯси ӯ таҷовуз кард.
  3. Ва дилаш ба Дино, духтари Яъқуб баста шуда, ошиқи он духтар гашт, ва суханони дилпазир ба он духтар гуфт.
  4. Ва Шакем ба падари худ Ҳамӯр гуфт: «Ин духтарро барои ман ба занӣ бигир».
  5. Ва Яъқуб шунид, ки ба номӯси духтараш Дино таҷовуз намудааст; вале азбаски писаронаш бо чорвои ӯ дар саҳро буданд, Яъқуб то омадани онҳо хомӯш нишаст.
  6. Ва Ҳамӯр, падари Шакем, назди Яъқуб берун рафт, то ки бо ӯ сухан гӯяд.
  7. Ва чун писарони Яъқуб аз саҳро омада, инро шуниданд, ин мардон малул шуданд ва хеле ба хашм омаданд, зеро ки бо духтари Яъқуб хобида, қабоҳате дар ҳаққи Исроил карда буд, ва ин кирдор нораво буд.
  8. Ва Ҳамӯр бо онҳо гап зада, гуфт: «Дили писарам Ша-кем шефтаи духтари шумост, пас ӯро ба вай ба занӣ бидиҳед.
  9. Ва бо мо қудову анда щуда, духтарони худро ба мо бидиҳед ва духтарони моро барои худ бигиред.
  10. Ва бо мо ҳамнишин шавед, ва ин замин дар ихтиёри шумо бошад; дар он бимонед, ва тиҷорат кунед, ва онро тасарруф намоед».
  11. Ва Шакем ба падар ва бародарони духтар гуфт: «Фақат дар назари шумоён илтифот ёбам шудааст, ва он чи ба ман бигӯед, хоҳам дод.
  12. Маҳр ва тӯҳфаҳои зиёде талаб кунед, ва он чи ба ман бигӯед, хоҳам дод, фақат духтарро ба занӣ ба ман бидиҳед».
  13. Ва писарони Яъқуб ба ҷавоби Шакем ва падараш Ҳамӯр бо макр сухан ронданд, зеро ки ба номӯси хоҳари онҳо Дино таҷовуз карда буд.
  14. Ва ба онҳо гуфтанд: «Чунин корро карда наметавонем, ки хоҳари худро ба шахси номахтун бидиҳем, зеро ки ин ба-рои мо нанг аст.
  15. Фақат бо он шарт ба шумо розигӣ медиҳем, ки мисли мо бошед, ва тамоми наринаи худро хатна кунед.
  16. Он гоҳ духтарони худро ба шумо бидиҳем ва духта-рони шуморо барои худ бигирем, ва бо шумо ҳамнишин гар-дида, як қавм шавем.
  17. Вале агар ба мо гӯш надиҳед ва хатна накунед, духтари худро гирифта, баромада меравем».
  18. Ва суханони онҳо ба назари Ҳамӯр ва ба назари Шакем писари Ҳамӯр писанд афтод.
  19. Ва он ҷавон дар иҷрои ин кор таъхир накард; зеро ки духтари Яъқубро дӯст медошт. Ва ӯ аз тамоми аҳли байти падараш мӯҳтарамтар буд.
  20. Ва Ҳамӯр ва писараш Шакем назди дарвозаи шаҳри худ омаданд ва бо мардуми шаҳри худ гап зада, гуфтанд:
  21. «Ин одамон бо мо сулҳандеш ҳастанд; бигзор онҳо дар ин замин маскан гиранд ва дар он тиҷорат кунанд; ва инак, замини фарох дар ихтиёри онҳост. Духтарони онҳоро ба занӣ бигирем, ва духтарони худро ба онҳо бидиҳем.
  22. Фақат бо чунин шарт онҳо розианд бо мо ҳамнишин гардида, як қавм шаванд, ки ҳар наринаи мо низ хатна карда шавад, чунон ки онҳо махтун мебошанд.
  23. Оё рамаҳои онҳо, дороии онҳо, ва тамоми чорвои онҳо аз они мо намешавад? Фақат ба онҳо розигӣ диҳем, ва онҳо бо мо ҳамнишин хоҳанд шуд».
  24. Ва ба суханони Ҳамӯр ва писараш Шакем ҳамаи касоне ки аз дарвозаи шаҳри ӯ мебаромаданд, розӣ шуданд, ва ҳар наринаро ҳамаи онҳое ки аз дарвозаи шаҳри ӯ мебаромаданд, хатна карданд.
  25. Ва дар рӯзи сеюм, ҳангоме ки онҳо дардманд буданд, ду писари Яъқуб, Шимъӯн ва Левӣ, бародарони Дино, ҳар яке шамшери худро гирифта, далерона ба шаҳр ҳамла оварданд  ва ҳамаи мардонро куштанд;
  26. Ва Ҳамӯр ва писараш Шакемро ба дами шамшер куш-танд, ва Диноро аз хонаи Шакем гирифта, берун омаданд.
  27. Писарони Яъқуб  назди  кушташудагон  омаданд,   ва шаҳрро тороҷ карданд, зеро ки ба номӯси хоҳари онҳо таҷовуз карда буданд.
  28. Гӯсфандони онҳоро, ва говони онҳоро, ва харони онҳоро, ва он чи дар шаҳр ва он чи дар саҳро буд, гирифтанд.
  29. Ва тамоми сарвати онҳоро, ва ҳамаи кӯдакони онҳоро, ва занони онҳоро асир карданд, ва он чи дар хонаҳо буд, тороҷ карданд.
  30. Ва Яъқуб ба Шимъӯн ва Левӣ гуфт: «Маро ба изтироб андохтед, ва маро дар назари сокинони ин сарзамин, яъне канъониён ва фариззиён, манфур гардондед. Ва одами ман камшумор аст, ва агар бар зидди ман ҷамъ шуда, маро зарба зананд, ман бо аҳли байтам маҳв гардам».
  31. Гуфтанд: «Магар равост, ки бо хоҳари мо мисли фоҳи-шае амал кунад?»

© IBT 1992

Оставьте комментарий