Марҳаммат Китоби Муқаддасро онлайн ва бепул хонед!

Китоби Муқаддас китобест, ки онро дар ҳар замону макон хондан мумкин аст. Ин китоб ягон ном надорад. Ва барои ҳамин ба он номҳои гуногун додан мумкин аст. Баъзеҳо онро Китоби Муқаддас ё Каломи Муқаддас меноманд, дигарҳо ба он Каломи Худо ё Китоби Худо мегӯянд. Номи дигараш Библия аст, ин ном аз забони юнонӣ меояд ва маънояш китобҳо мебошад.

Китоби Муқаддас

Китоби Муқаддас китобест, ки бисёр хислатҳои ғайриодӣ дорад:

Яке аз хислатҳои ғайриодиаш нақли таърихиаш мебошад. Ин китоб дар замони зиёда аз 1600 сол, тақрибан ба воситаи 40 нафар, дар забонҳои ибрӣ, арамӣ ва юнонӣ навишта шудааст, аммо он як китоб аст.

Китоби Муқаддас дар охирҳои асри якум баъд аз милод ба анҷом расид ва то имрӯз чоп мешавад, гарчанде он аз аввал дӯшманон дошт.

Имрӯз Китоби Муқаддас пурра ё қисман ба 2500 забон тарҷума шудааст. Бо ин, Китоби Муқаддас китоби аз ҳамаи бисёртарин тарҷумашуда ҳисобида мешавад. Он ҳатто дар замони имрӯза аз ҳама бисёр чоп мешавад, ва дар ҳамаи 5 қитъа (континент) аз кӯдакону калонсолон, аз одамони номдор ва беном, аз имондорону беимонон хонда мешавад.

Китоби Муқаддас аз ҳикояҳои таърихӣ, шеърҳо ва сурудҳо, тарҷумаи ҳолҳо, қонунҳо, масалҳо, пешгӯйҳо, рӯъёҳо, чистонҳо ва мактубҳо иборат аст.

Ин 40 нависандаи Китоби Муқаддас аз синфҳои гуногуни одамон буданд, баъзеҳо шоҳ буданд, дигарон моҳигир, навозанда, чӯпон, коҳин, пайғамбар; ва ҳам як духтур дар миёни онҳо буд. Ин нависандаҳо дар замонҳои гуногун, дар давлатҳои гуногун ва ҳам дар ҳолатҳои тамоман гуногун буданд.

Аммо чунон ки аллакай гуфта шуд,  он як китоб аст. Ин маъно дорад, ки он ба худ хилоф нест.

Китоби Муқаддас ба 2 қисм тақсим мешавад: Аҳди Қадим ва Аҳди Ҷадид. Дар Аҳди Қадим асосан гап дар бораи халқи Исроил меравад. Дар Аҳди Ҷадид бошад дар аввал дар бораи зиндагии Исои Масеҳ нақл мешавад ва баъд гап дар бораи таълимоти масеҳиён меравад.

Китоби Муқаддас худаш мегӯяд, ки аз Худост, ва ҳақиқат аст.

Акнун марҳамат бо хондан сар кунед:

«Хушо касе ки мехонад ва касоне ки мешунаванд суханони ин нубувватро, ва он чи дар он навишта шудааст, риоят мекунанд, зеро ки вақт наздик аст.»                                      Ваҳй 1:3

Мундариҷа

Агар ягон савол пайдо шавад, метавонед ба мо нависед. Мо кушиш мекунем ба шумо ҷавоби пурра диҳем (km@isoimaseh.com):