Такрори Шариат боби 1

Носипосии Исроил.

  1. ИН аст суханоне ки Мусо дар он тарафи Ӯрдун, дар биёбон, дар саҳро, дар рӯ ба рӯи Суф, дар миёни Форон ва Тӯфал ва Лобон ва Ҳасирӯт ва Дӣ-Заҳаб ба тамоми Исроил гуфт.
  2. Аз Ҳӯриб, бо роҳи кӯҳи Сеир, то Қодеш-Барнеа сафари ёздаҳрӯза буд.
  3. Ва чунин воқеъ шуд, ки дар соли чилум, дар моҳи ёздаҳум, дар рӯзи якуми моҳ, Мусо ба банӣ-Исроил бар тибқи ҳар он чи Худованд ба ӯ дар бораи онҳо амр фармуда буд, сухан ронд.
  4. Баъд аз он ки ӯ Сиҳӯн, подшоҳи амӯриёнро, ки дар Ҳешбӯн сукунат дошт, ва Ӯҷ, подшоҳи Бошонро, ки дар Ашторӯт, дар Эдрей_сукунат дошт, торумор кард,
  5. Дар он тарафи Ӯрдун, дар замини Мӯоб, Мусо ба шарҳ додани ин шариат шурӯъ намуда, гуфт:
  6. «Худованд Худои мо дар Ҳӯриб ба мо сухан ронда, гуфтааст: «Назди ин кӯҳ истодани шумо бас аст;
  7. Рӯй ниҳода, кӯч кунед, ва ба кӯҳистони амӯриён ва ҳамаи ҳамсоягони онҳо, ки дар саҳро ва дар кӯҳсор ва дар пастӣ ва дар ҷануб ва дар соҳили баҳр, яъне дар Канъон ва Лубнон мебошанд, то наҳри бузург, ки наҳри Фурот аст, дохил шавед.
  8. Инак, заминро ба шумо пешниҳод кардаам, пас дохил шуда, заминеро, ки Худованд ба падарони шумо, ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб қасам хӯрдааст, ки ба онҳо ва ба наслашон баъд аз онҳо бидиҳад, тасарруф намоед».
  9. Ва ман дар он замон ба шумо сухан ронда, гуфтам: «Бори шуморо наметавонам ба танҳоӣ бардорам.
  10. Худованд Худои  шумо  шуморо  афзун кардааст,   ва шумо имрӯз мисли ситорагони осмон сершумор ҳастед.
  11. Худованд Худои падарони шумо бигзор шуморо ҳазор чандони он ки ҳастед, афзун намояд, ва шуморо баракат диҳад, чунон ки ба шумо гуфтааст.
  12. Пас, чӣ гуна ман ба танҳоӣ ташвиши шумо ва бори шумо ва низои шуморо бардорам?
  13. Шумо барои худ, дар сибтҳои худ, мардони ҳаким ва хирадманд ва номдорро  интихоб кунед, то ки онҳоро бар шумо сардор таъин намоям».
  14. Ва шумо ба ман ҷавоб гардонда, гуфтед: «Хуб аст он чи ту гуфтӣ, ки бикунем».
  15. Ва ман сардорони сибтҳои шуморо, ки мардони ҳаким ва номдор буданд, гирифтам, ва  онҳоро  бар  шумо  таъин намудам, то ки мириҳазорҳо ва мирисадҳо ва мирипанҷоҳҳо ва миридаҳҳо ва нозирони сибтҳои шумо бошанд.
  16. Ва ба доварони шумо дар он замон амр фармуда, гуфтам: «Арзу доди бародарони худро бишнавед, ва дар миёни ҳар кас ва бародари вай ва ғарибе ки назди вай бошад, аз рӯи адлу инсоф доварӣ намоед;
  17. Дар доварӣ рӯбинӣ накунед, арзи хурдро мисли бузург бишнавед, аз ҳеҷ кас натарсед, зеро ки доварӣ аз они Худованд аст; ва даъвое ки барои шумо мушкил бошад, назди ман биёред, то ки онро бишнавам».
  18. Ва дар он вақт ман дар бораи ҳамаи корҳое ки бояд ба ҷо оваред, ба шумо амр фармудам.
  19. Ва мо аз Ҳӯриб кӯч карда, тамоми ин биёбони бузург ва даҳшатангезро, ки шумо дидед, ба самти кӯҳистони амӯриён тай намудем, чунон ки Худованд Худои мо ба мо амр фармуда буд, ва ба Қодеш-Барнеа расидем.
  20. Ва ман ба шумо гуфтам: «Шумо ба кӯҳистони амӯриён, ки Худованд Худои мо ба мо медиҳад, расидаед.
  21. Инак, Худованд Худои падарони ту ин заминро пеши ту ниҳодааст; баромада, онро тасарруф намо, чунон ки Худо-ванд Худои падаронат ба ту гуфтааст; натарс ва ҳаросон нашав».
  22. Валекин ҳамаи шумо назди ман омада, гуфтед: «Мардонро пешопеши худ бифиристем, то ки заминро барои мо ҷосусӣ намоянд, ва моро аз роҳе ки бо он бояд биравем, ва аз шаҳрҳое ки ба онҳо дохил хоҳем шуд, хабардор кунанд».
  23. Ва ин сухан ба назари ман писанд омад, ва ман аз миёни шумо дувоздаҳ мардро, як нафар аз ҳар сибт, гирифтам.
  24. Ва онҳо рӯй ниҳода, ба кӯҳсор баромаданд, ва ба водии Эшкӯл расида, онро ҷосусӣ карданд.
  25. Ва аз меваҷоти он замин ба дасти худ гирифта, назди мо фурӯд оварданд, ва ба мо хабар расонида, гуфтанд: «Замине ки Худованд Худои мо ба мо медиҳад, замини хуб аст».
  26. Вале шумо нахостед биравед, ва ба фармони Худованд Худои худ муқобилат намудед.
  27. Ва дар хаймаҳои худ шиква карда, гуфтед: «Азбаски Худованд ба мо адоват дошт, моро аз замини Миср берун овард, то ки моро ба дасти амӯриён супурда, несту нобуд кунад.
  28. Мо куҷо метавонем биравем, дар сурате ки бародарони мо дили моро хиҷил карда, гуфтанд: он қавм аз мо бузургтар ва қадбаландтаранд, шаҳрҳои онҳо бузург аст, ва ҳисорҳои онҳо сар ба фалак кашидааст; ва банӣ-Аноқро низ дар он ҷо дидем».
  29. Ва ман ба шумо гуфтам: «Аз онҳо натарсед ва ҳаросон нашавед;
  30. Худованд Худои шумо, ки пешопеши шумо меравад, барои шумо ҷанг хоҳад кард, чунон ки бо шумо дар Миср пеши назари шумо амал кард;
  31. Ва дар биёбон, чунон ки дидед, Худованд Худои шумо, мисли касе ки писари худро мебардорад, шуморо дар тамоми роҳе ки мерафтед, бардошта бурд, то даме ки ба ин ҷо расидед».
  32. Вале дар ин бобат шумо ба Худованд Худои худ имон надоштед,
  33. Ки Ӯ дар роҳ пешопеши шумо мерафт, то ки маконе барои шумо аз баҳри ӯрду заданатон пайдо кунад, ба тавре ки шабона дар оташ мерафт, то роҳеро, ки бо он бояд биравед, ба шумо нишон диҳад, ва рӯзона дар абр мерафт.
  34. Ва Худованд садои суханони шуморо шунида, дарғазаб шуд, ва қасам хӯрда, гуфт:
  35. «Ҳеҷ кадоме аз ин одамон, аз ин насли шарир он замини некӯро, ки Ман қасам хӯрдаам ба падаронатон бидиҳам, нахоҳанд дид;
  36. Фақат Колеб ибни Ефунне онро хоҳад дид: заминеро, ки ӯ тай кардааст, ба ӯ ва писаронаш хоҳам дод, чунки ӯ Худовандро комилан пайравӣ намуд».
  37. Бар ман низ Худованд аз боиси шумо дарғазаб шуда, гуфт: «Ту низ ба он ҷо дохил нахоҳӣ шуд;
  38. Еҳушаъ ибни Нун, ки пеши ту истодааст, ба он ҷо дохил хоҳад шуд; ӯро тақвият намо, зеро ки ӯ онро барои тасарруфи Исроил тақсим хоҳад кард;
  39. Ва кӯдакони шумо, ки дар бораи онҳо гуфтед: «Ба асирӣ бурда хоҳанд шуд», ва писарони шумо, ки имрӯз аз неку бад вуқуф надоранд, — онҳо ба он ҷо дохил хоҳанд шуд; ва онро ба онҳо хоҳам дод, то ки онро тасарруф намоянд;
  40. Вале шумо рӯй ниҳода, бо роҳи баҳри Қулзум сӯи биёбон кӯч кунед».
  41. Ва шумо ҷавоб гардонда, ба ман гуфтед: «Мо ба ҳузури Худованд гуноҳ кардем; пас, мо баромада, ҷанг хоҳем кард, мувофиқи ҳар он чи Худованд Худои мо ба мо амр фарму-дааст». Ва ҳар яке аслиҳаи ҷангии худро ба камар баста, азми кӯҳбароӣ намудед.
  42. Ва Худованд ба ман гуфт: «Ба онҳо бигӯ: набароед ва ҷанг накунед, зеро ки Ман дар миёш шумо нестам, мабодо пеши душманони худ ба мағлубият дучор шавед».
  43. Ва ман ба шумо сухан рондам, вале шумо гӯш надодед, ва ба фармони Худованд муқобилат кардед, ва густохӣ наму-да, бар кӯҳ баромадед.
  44. Ва амӯриёне ки дар он кӯҳ сокин буданд, ба муқобили шумо берун омада, шуморо таъқиб карданд, чунон ки зан-бӯрҳои асал мекунанд; ва ба шумо аз Сеир то Ҳормо шикаст расониданд.
  45. Ва шумо баргашта, ба ҳузури Худованд гирья кардед, вале Худованд овози шуморо нашнид ва ба шумо гӯш надод.
  46. Ва шумо дар Қодеш айёми зиёде истодед, мисли айёме ки пеш аз он истода будед».

© IBT 1992