Дуюм Вақоеънома боби 9

Сулаймон ва маликаи Сабо.

  1. ВА маликаи Сабо овозаи Сулаймонро шунид, ва бо аҳли рикоби зиёде ва бо шутуроне ки атриёт ва тиллои бисьёр ва сангҳои гаронбаҳо бар онҳо бор карда шуда буд, ба Ерусалим омад, то ки Сулаймонро бо муаммоҳо имтиҳон кунад; ва назди Сулаймон омада, бо ӯ аз ҳар чи дар дилаш буд, гуфтугӯ кард.
  2. Ва Сулаймон ҳамаи суханони варо ба вай баён намуд, ва чизе аз Сулаймон пӯшида намонд, ки ба вай баён накарда бошад.
  3. Ва чун маликаи Сабо ҳикмати Сулаймонро дид, ва низ хонаеро, ки ӯ бино карда буд,
  4. Ва таомҳои суфраи ӯро, ва шинухези навкарони ӯро, ва рафтори хизматгорони ӯро, ва либосҳои онҳоро, ва соқиёни ӯро, ва либосҳои онҳоро, ва ҳашаматеро, ки ӯ бо он ба хонаи Худованд мебаромад, — вай тамоман моту мабҳут гардид,
  5. Ва ба подшоҳ гуфт: «Он сухане ки ман дар кишвари худ дар бораи корҳо ва ҳикмати ту шунидаам, рост будааст.
  6. Вале ман ба суханони онҳо бовар накарда будам, то даме ки   омада,   бо  чашмони худ  дидам;  ва инак, ҳатто нисфи ҳикмати бузурги ту ба ман маълум нашуда будааст: аз овозае ки ман шунида будам, ту бартарӣ дорӣ.
  7. Хушо одамони ту, хушо ин навкарони ту, ки ба ҳузури ту ҳамеша меистанд ва ҳикмати туро мешунаванд!
  8. Муборак аст Худованд Худои ту, ки бар ту таваҷҷӯҳ намуда, туро бар тахти Худ нишонидааст, то ки барои Худо-ванд Худоят подшоҳ бошӣ! Азбаски Худои ту  Исроилро дӯст медорад, то ки онҳоро ба сурати абадӣ устувор созад, бинобар ин туро бар онҳо ба подшоҳӣ таъин намудааст, то ки доварӣ ва адолатро ба амал оварӣ».
  9. Ва ба подшоҳ саду бист  киккар  тилло, ва атриёти бағоят зиёде, ва сангҳои гаронбаҳо инъом кард; мисли он атриёте ки маликаи Сабо ба подшоҳ Сулаймон инъом кард, ҳаргиз набуд.
  10. Ва низ навкарони Ҳуром ва навкарони Сулаймон, ки тилло аз Ӯфир   оварда буданд,   чӯби  сандал  ва   сангҳои гаронбаҳо оварданд.
  11. Ва подшоҳ аз чӯби   сандал   зинапояҳо  барои  хонаи Худованд ва хонаи   подшоҳ,   ва   барбатҳо   ва  удҳо   барои муғанниён  сохт;  ва  мисли он пештар  дар  замини  Яҳудо дида нашуда буд.
  12. Ва подшоҳ Сулаймон ба маликаи Сабо ҳар чизи дилхоҳи варо, ки талабида буд, дод, ба замми он чи дар ивази инъо-ми ба подшоҳ овардаи вай дода шуд. Ва вай бо навкаронаш рӯ ба ҷониби кишвари худ ниҳода, равона шуд.

Сарвати Сулаймон ва даромадҳои бузурги ӯ.

  1. Ва вазни тиллое ки дар як сол назди Сулаймон мео-мад, шашсаду шасту шаш киккар тилло буд,
  2. Илова бар он чи бозоргонон ва савдогарон меоварданд; ва ҳамаи подшоҳони араб ва ҳокимони вилоятҳо низ тилло ва нуқра барон Сулаймон меоварданд.
  3. Ва подшоҳ Сулаймон дусад сипари калон аз тиллои кӯфта сохт, ки барои ҳар сипар шашсад сиқл тиллои кӯфта сарф шуд,
  4. Ва сесад сипари хурд аз тиллои кӯфта сохт, ки барои ҳар сипар сесад сиқл тилло сарф шуд; ва подшоҳ онҳоро дар хонаи ҷангали Лубнон гузошт.
  5. Ва подшоҳ тахти калоне аз оҷ сохт, ва онро бо зари холис пӯшонид.
  6. Ва тахт шаш зинапоя дошт, ва пойандози тиллоӣ, ки ба тахт пайванд буд; ва дастмонакҳо аз ду тарафи нише-мангоҳ буд, ва ду шер аз паҳлуи дастмонакҳо меистод.
  7. Ва дувоздаҳ шер дар он ҷо бар шаш зинапоя аз ду тараф меистод; дар ягон мамлакат мисли он сохта нашуда буд.
  8. Ва ҳамаи зарфҳои нӯшидании подшоҳ Сулаймон аз тилло буд, ва ҳамаи зарфҳои хонаи ҷангали Лубнон аз зари холис буд; аз нуқра чизе набуд: он дар айёми Сулаймон ҳеҷ қимате надошт.
  9. Зеро подшоҳ киштиҳо дошт, ки бо навкарони Ҳуром ба Таршиш мерафт; дар се сол як дафъа киштиҳои таршишӣ омада, тилло ва нуқра, оҷ ва маймунҳо ва товусҳо меовард.
  10. Ва подшоҳ Сулаймон аз ҷиҳати сарват ва ҳикмат аз ҳамаи подшоҳони рӯи замин бузургтар гардид.
  11. Ва ҳамаи подшоҳони рӯи замин толиби дидори Сулай-мон буданд, то ҳикматеро, ки Худо дар дили ӯ ниҳода буд, бишнаванд.
  12. Ва онҳо ҳар яке ҳадияи худро: колои нуқра ва ко-лои  тилло, ва либос,   аслиҳа ва атриёт,   аспон ва хачирон сол ба сол меоварданд.
  13. Ва Сулаймон чор ҳазор охур барои аспон ва аробаҳо, ва дувоздаҳ ҳазор саворагон дошт, ва онҳоро дар шаҳрҳои аробаҳо ва назди подшоҳ дар Ерусалим ҷойгир кард.
  14. Ва ӯ бар ҳамаи подшоҳон аз наҳр то замини фалиш-тиён ва то сарҳади Миср ҳукмронӣ мекард.
  15. Ва подшоҳ  нуқраро  дар  Ерусалим  ба сангҳои  кӯча баробар гардонид, ва чӯби арзро ба чӯби ҷумиз, ки дар пастӣ бисьёр мерӯяд, баробар сохт.
  16. Ва аспонро барои Сулаймон аз Миср ва аз ҳамаи киш-варҳо меоварданд.

Фавти Сулаймон.

  1. Ва бақияи аъмоли Сулаймон, аз аввал то охир, дар на-виштаҷоти Нотони набӣ, ва дар нубуввати Аҳиёи шилӯнӣ, ва дар рӯъёи Еъдӯи ғайбгӯй дар ҳаққи Ёробъом ибни Набот навишта шудааст.
  2. Ва Сулаймон чил сол дар Ерусалим бар тамоми Исроил подшоҳӣ кард.
  3. Ва Сулаймон   бо  падарони  худ  хобид,   ва  ӯро дар шаҳри падараш Довуд дафн карданд; ва писараш Раҳабъом ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

© IBT 1992