Якум Подшоҳон боби 27

Нобоварии Довуд. Довуд дар миёни фалиштиён.

  1. ВА Довуд дар дили худ гуфт: «Алҳол ягон рӯз ба дасти Шоул афтода, талаф хоҳам шуд; барои ман чизе беҳтар аз он нест, ки ба замини фалиштиён бигрезам, ва Шоул аз умеди  дастгир   кардани   ман  дар тамоми ҳудуди   Исроил ноумед хоҳад гардид, ва ман аз дасти ӯ раҳо хоҳам шуд».
  2. Ва Довуд бархоста, бо шашсад одаме ки ҳамроҳи ӯ буданд, сӯи Окиш ибни  Моӯк,  подшоҳи  Ҷат,  гузашт.
  3. Ва Довуд назди Окиш дар Ҷат сокин шуд, — худаш ва одамонаш, ҳар яке бо аҳли байташ, ва Довуд  бо  ду занаш: Аҳинӯами изреъилӣ ва собиқ зани Нобол, Абиҷайли кармилӣ.
  4. Ва ба Шоул хабар расид, ки Довуд ба Ҷат гурехтааст; ва дигар ӯро ҷустуҷӯ накард.
  5. Ва Довуд ба Окиш гуфт: «Лутфан, агар ман дар на-зари ту илтифот ёфта бошам,  ба ман дар яке аз шаҳрҳои хурд маконе бидиҳанд, то ки дар он ҷо сокин шавам; чаро бандаат дар шаҳри подшоҳнишин бо ту сукунат дошта бошам?»
  6. Ва Окиш дар он рӯз ба ӯ Сиқлоҷро дод; бинобар ин Сиқлоҷ то имрӯз аз они подшоҳони Яҳудост.
  7. Ва шумораи рӯзҳое ки Довуд дар кишвари фалиштиён сукунат дошт, як солу чор моҳ буд.
  8. Ва Довуд бо одамонаш мебаромад, ва онҳо бар ҷашу-риён, ҷизриён ва амолеқиён тохтутоз мекарданд, зеро ки ин қабилаҳо аз қадимулайём дар он замин то роҳи Шур ва то замини Миср сокин буданд.
  9. Ва Довуд он заминро валангор карда, марде ва занеро зинда намегузошт, ва бузу гӯсфандон, ва говон, ва харон, ва шутурон ва либоси онҳоро мегирифт, ва баргашта, назди Окиш меомад.
  10. Ва Окиш мегуфт: «Имрӯз ба куҷо тохтутоз кардед?» Ва Довуд мегуфт: «Ба ҷануби Яхудо, ва ҷануби ераҳмиэлиён, ва ҷануби қениён».
  11. Ва Довуд марде ва занеро зинда намегузошт, то ки ба Ҷат биёрад, зеро ки мегуфт: «Мабодо онҳо дар бораи мо хабар дода, гӯянд: «Довуд чунин амал кард»». Дар тамоми айёме ки ӯ дар кишвари фалиштиён сукунат дошт, тарзи рафтораш чунин буд.
  12. Ва Окиш ба Довуд имон оварда, ба дили худ мегуфт: «Вай дар  назари  қавми худ Исроил тамоман нафратангез гардидааст, ва ба сурати абадӣ бандаи ман хоҳад буд».

© IBT 1992