Хуруҷ боби 25

Мусо бар кӯҳи Сино.

  1. ВА Худо ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  2. «Ба банӣ-Исроил бигӯ, ки барои Ман ҳадия бигиранд; аз ҳар касе ки дилаш ба додани бахшиш моил бошад, ҳадияи Маро бигиред.
  3. Ва ин аст ҳадияе ки аз онҳо бояд бигиред: тилло, ва нуқра, ва мис;
  4. Ва лоҷвард, ва арғувон, ва қирмиз, ва катони нозук, ва пашми буз;
  5. Ва пӯсти қӯчқор, ки сурх бошад, ва пӯсти тӯҳс, ва чӯби ақоқиё;
  6. Равған барои чароғҳо; атриёт барои равғани тадҳин ва барои бухури муаттар;
  7. Сангҳои ҷазъ ва сангҳои тарсеъ барои эфӯд ва барои синабанд*.
  8. Ва бигзор онҳо барои Ман қудсе бисозанд, ва Ман дар миёни онҳо сокин хоҳам шуд.
  9. Мувофиқи ҳар он чи Ман ба ту нишон медиҳам, — ҳам тарҳи маскан ва ҳам тарҳи тамоми колои онро, — ончунон бисозед.

Дар бораи маскан ва сандуқи аҳд.

  1. Ва бигзор сандуқе аз чӯби ақоқиё бисозанд, ки даро-зияш дую ним зироъ, ва фарохияш якуним зироъ, ва қадаш якуним зироъ бошад.
  2. Ва онро бо тиллои холис бипӯшон, — аз дарун ва аз берун онро бипӯшон, — ва бар он гирдогирд афсари тилло бисоз.
  3. Ва барои он чор ҳалқаи тилло бисоз, ва бар чор гӯшаи он васл намо: ду ҳалқаро бар як паҳлуяш, ва ду ҳалқаро бар паҳлуи дигараш.
  4. Ва дастакҳо аз чӯби ақоқиё сохта, онҳоро бо тилло бипӯшон.
  5. Ва он дастакҳоро ба ҳалқаҳое ки бар паҳлуҳои сандуқ ҳаст, дохил намо, то ки сандуқ ба воситаи онҳо бардошта шавад.
  6. Он дастакҳо бояд дар ҳалқаҳои сандуқ бимонад, ва набояд аз он дур карда шавад.
  7. Ва шаҳодатеро, ки Ман ба ту медиҳам, дар сандуқ бимон.
  8. Ва сарпӯше аз тиллои холис бисоз, ки дарозияш дую ним зироъ, ва фарохияш якуним зироъ бошад.
  9. Ва ду каррубӣ аз тилло бисоз, — онҳоро яклухт, аз ду канори сарпӯш бисоз.
  10. Ва як каррубиро аз ин канор, ва каррубии дигарро аз он канор бисоз; каррубиёнро аз худи сарпӯш бар ду канори он бисозед.
  11. Ва каррубиён болҳоро дар боло паҳн карда, сарпӯшро бо болҳои худ хоҳанд пӯшонид, ва рӯйҳошон сӯи якдигар хоҳад буд; рӯйҳои каррубиён сӯи сарпӯш нигарон хоҳад буд.
  12. Ва сарпӯшро бар сандуқ аз боло бимон; ва шаҳодатеро, ки ба ту медиҳам, андаруни сандуқ бимон.
  13. Ва дар он ҷо Ман ба ту зоҳир гардида, аз болои сарпӯш, аз миёни ду каррубие ки бар сандуқи шаҳодат мебошанд, бо ту сухан хоҳам ронд дар бораи ҳар он чи ба воситаи ту ба банӣ-Исроил амр хоҳам фармуд.

Дар бораи нонҳои тақдим.

  1. Ва мизе аз чӯби ақоқиё бисоз, ки дарозияш ду зироъ, ва фарохияш як зироъ, ва қадаш якуним. зироъ бошад.
  2. Ва онро бо тиллои холис бипӯшон; ва гирдогирдаш афсари тилло бисоз.
  3. Ва чорчӯбае гирдогирди он ба андозаи як қабза бисоз; ва афсари тилло гирдогирди чорчӯбаи он бисоз.
  4. Ва чор ҳалқаи тилло барои он бисоз; ва ҳалқаҳоро бар чор гӯшаи чор почаи он барқарор намо.
  5. Ҳалқаҳо бояд ба баландии чорчӯба мувофиқ буда, ҳам-чун хонаҳои дастакҳо барои бардоштани миз хизмат кунад.
  6. Ва дастакҳоро аз чӯби ақоқиё бисоз, ва онҳоро бо тилло бипӯшон, ва мизро ба воситаи онҳо хоҳанд бардошт.
  7. Ва табақҳои он, ва қошуқҳои он, ва тосҳои он, ва пиёлаҳои онро, ки ҳадияи рехтаниро ба воситаи онҳо мере-занд, бисоз; онҳоро аз тиллои холис бисоз.
  8. Ва нони тақдимро бар миз ҳамеша ба ҳузури Ман бимон.

Дар бораи чароғдони тилло

  1. Ва чароғдоне аз тиллои холис бисоз; бигзор чароғдон яклухт сохта шавад; поя ва шохаҳои он, қуббаҳо, ғунчаҳо ва гулҳои он бояд аз худи он бощад.
  2. Ва шаш шоха бояд аз паҳлуҳои он берун ояд: се шохаи чароғдон аз як паҳлуяш, ва се шохаи чароғдон аз паҳлуи дигараш.
  3. Се қуббаи монанди гули бодом дар як шоха, бо ғунча ва гул, ва се қуббаи монанди гули бодом дар шохаи дигар, бо ғунча ва гул; ҳамчунин дар шаш шохае ки аз чароғдон берун меояд.
  4. Ва дар пояи чароғдон чор қуббаи монанди гули бодом бо ғунчаҳо ва гулҳои он.
  5. Ва ғунчае зери ду шохаи он, ва ғунчае зери ду шохаи он, ва ғунчае зери ду шохаи он, — барои шаш шохае ки аз чароғдон берун меояд.
  6. Ғунчаҳояш ва шохаҳояш бояд аз худи он бошад, — он куллиятан яклухт аз тиллои холис бошад.
  7. Ва ҳафт адад барояш чароғ бисоз; ва чароғҳояш бояд тавре даргиронида шавад, ки ба тарафи чароғи миёна рӯшноӣ диҳад.
  8. Ва анбӯрҳо ва маҷмарҳои он аз тиллои холис бошад.
  9. Бигзор онро бо тамоми ин коло аз як киккар тиллои холис бисозанд.
  10. Ва эҳтиёт намо, ки онҳоро мувофиқи намунае ки дар кӯҳ ба ту нишон дода шуд, бисозӣ».

*7. Эфӯд ва синабанд — либосҳои рӯи саркоҳин, ки тасвири муфассали онҳо дар боби 28 дода шудааст.

© IBT 1992

Оставьте комментарий