Якум Вақоеънома боби 15

Довуд дар бораи кӯчонидани сандуқ фармон медҳад.

  1. ВА ӯ барои худ хонаҳо дар шаҳри Довуд сохт, ва барои сандуқи Худо маконе тайёр кард, ва хаймае барои он барпо намуд.
  2. Он гоҳ Довуд гуфт, ки  ғайр   аз  левизодагон касе сандуқи Худоро набардорад, зеро Худованд онҳоро баргузидааст, то ки сандуқи Худоро бардоранд, ва хизмати онро ба сурати абадӣ ба ҷо оваранд.
  3. Ва Довуд тамоми Исроилро дар Ерусалим ҷамъ кард, то ки сандуқи Худовандро ба маконе ки барои он тайёр карда буд, бароранд.
  4. Ва Довуд писарони  Ҳорун   ва  левизодагонро  ҷамъ кард:
  5. Аз банӣ-Қаҳот — Уриили сардор ва саду бист нафар бародаронашро;
  6. Аз банӣ-Марорӣ —   Асоёи   сардор   ва   дусаду  бист нафар бародаронашро;
  7. Аз банӣ-Ҷершӯн — Юили сардор ва саду сӣ нафар бародаронашро;
  8. Аз банӣ-Элисофон — Шамаъёи сардор ва дусад нафар бародаронашро;
  9. Аз банӣ Ҳебрӯн — Алиили сардор ва ҳаштод нафар бародаронашро;
  10. Аз банӣ-Узиил — Аминодоби сардор ва саду дувоздаҳ нафар бародаронашро.
  11. Ва Довуд коҳинон Содӯқ ва Абьётор ва левизодагон Уриил, Асоё ва Юил, Шамаъё ва Алиил ва Аминодобро даъват намуда,
  12. Ба онҳо гуфт: «Шумо сардорони хонаводаҳои левизо-дагон ҳастед, пас шумо ва бародарони шумо худро тақдис намоед, ва сандуқи Худованд Худои Исроилро ба маконе ки барояш тайёр кардаам, бардошта биёред,
  13. Зеро, азбаски бори аввал шумо онро   набардоштед, Худованд Худои мо моро зарба зад, чунки онро бар тибқи қонун толиб нашудем».
  14. Ва коҳинон ва левизодагон худро тақдис карданд, то ки сандуқи Худованд Худои Исроилро бардошта биёранд.
  15. Ва писарони левизодагон ончунон, ки Мусо бар тибқи каломи Худованд амр фармуда буд, дастакҳои сандуқи Ху-доро бар китфҳои худ гузошта, онро бардоштанд.
  16. Ва Довуд ба сардорони левизодагон амр фармуд, ки бародарони муғаннии худро бо асбоби мусиқӣ: бо удҳо ва барбатҳо ва  санҷҳо  таъин намоянд, то ки онҳо бо овози баланд суруд хонда, мардумро ба ваҷд оваранд.
  17. Ва левизодагон Ҳеймон нбни Юил, ва аз бародарони вай —  Ософ  ибни  Боракьёҳу,  ва  аз  бародарони онҳо, аз банӣ-Марорӣ, Эйтон ибни Қушоёҳуро таъин карданд;
  18. Ва бо онҳо бародарони дараҷаи дуюми онҳо: Закарьёҳу ва Бен ва Яазиил ва Шамиромӯт ва Яҳиил ва Уннӣ ва Элиоб ва Баноёҳу ва Маасиёҳу ва Маттитьёҳу ва Элифалиҳу ва Миқниёҳу ва Убайд-Адӯм ва Яиилро, ки дарбон буданд;
  19. Ва муғанниён: Ҳеймон ва Ософ ва Эйтонро бо санҷҳои мисин, то ки бизананд;
  20. Ва Закарьё ва Азиил ва Шамиромӯт ва Яҳиил ва Уннӣ ва Элиоб ва Маасиёҳу ва Баноёҳуро бо удҳо бар сози аломӯт;
  21. Ва Маттитьёҳу ва Элифалиҳу ва Миқниёҳу ва Убайд-Адӯм ва Яиил ва Азазьёҳуро бо барбатҳо бар сози ҳашттор, то ки якканавозӣ кунанд.
  22. Ва Кананьёҳу сардори левизодагон дар сурудгӯӣ буд, ва ба муғанниён роҳбарӣ мекард, чунки дар ин кор маҳорат дошт.
  23. Ва Боракьё ва Элқоно дарбонони назди сандуқ буданд.
  24. Ва Шабаньёҳу ва Йӯшофот ва Натанъил ва Амосай ва Закарьёҳу ва Баноёҳу ва Элиозар, ки коҳин буданд, пеши сандуқи Худо карнай менавохтанд. Ва Убайд-Адӯм ва Яҳиё дарбонони назди сандуқ буданд.

Сандуқ ба шаҳри Довуд оварда шуд.

  1. Ва Довуд ва пиронн Исроил ва мириҳазорон рафтанд, то ки сандуқи аҳди Худовандро аз хонаи  Убайд-Адӯм  бо шодмонӣ бардошта биёранд.
  2. Ва чун  Худо ба левизодагони бардорандаи сандуқи аҳди Худованд мададгор шуд, ҳафт наргов ва ҳафт қӯчқорро қурбонӣ карданд.
  3. Ва Довуд либосе аз катони нозук пӯшида буд,   ва ҳамчунин ҳамаи левизодагони бардорандаи сандуқ,  ва му-ғанниён, ва Кананьё, ки ба сурудгӯии муғанниён сардорӣ мекард. Ва Довуд эфӯди катон дар бар дошт.
  4. Ва тамоми Исроил сандуқи аҳди Худовандро бо ни-доҳои шодӣ ва садоҳои шох, карнай ва санҷҳо бардошта мебурданд, ва уд ва барбат менавохтанд.
  5. Ва ҳангоме ки сандуқи аҳди Худованд ба шаҳри Довуд дохил мешуд, Микал бинти Шоул аз тиреза нигоҳ  карда, подшоҳ Довудро дид, ки рақсу  бозӣ  мекунад,   дар   дили худ аз ӯ нафрат намуд.

© IBT 1992