Такрори Шариат боби 9

Худованд ба фурӯтанӣ даъват менамояд.

  1. «БИШНАВ, эй Исроил! Ту имрӯз аз Ӯрдун убур мекунӣ, то ки омада, халқҳоеро, ки аз ту бузургтар ва пурзӯртаранд, шаҳрҳои бузургро, ки ҳисорҳояш сар ба фалак кашидааст, тасарруф намоӣ,
  2. Яъне қавми бузург ва қадбаланд,   банӣ-Аноқро,  ки дар бораи онҳо ту медонӣ ва шунидаӣ, ки гуфтаанд: «Кист, ки пеши банӣ-Аноқ битавонад истодагӣ намояд?»
  3. Пас, имрӯз бидон, ки Худованд Худои ту пешопеши ту мисли оташи сӯзанда убур менамояд; Ӯ онҳоро несту нобуд хоҳад кард, ва Ӯ онҳоро пеши ту мағлуб хоҳад сохт, ва ту онҳоро ба зудӣ бадар ронда, маҳв хоҳӣ кард, чунон ки Худованд ба ту гуфтааст.
  4. Ҳангоме ки  Худованд  Худои ту онҳоро аз пеши ту бадар ронад, ту дар дили худ нагӯй, ки «ба сабаби адолати ман Худованд маро овард, то ки ин заминро тасарруф намоям», ва ҳол он ки аз боиси шарорати он халқҳо Худованд онҳоро аз пеши ту бадар меронад.
  5. На аз боиси адолати худ ва ростии дили худ ту меравӣ, то ки замини онҳоро тасарруф намоӣ, балки ба сабаби шарорати ин халқҳо Худованд Худои ту онҳоро аз пеши ту бадар меронад, то қавлеро, ки Худованд ба падаронат — ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб — дода қасам хӯрдааст, ба ҷо оварад.
  6. Пас, бидон, ки на аз боиси адолати ту Худованд Худои ту ин замини некӯро ба ту медиҳад, то ки онро тасарруф намоӣ, зеро ки ту қавми гарданкаш ҳастӣ.
  7. Дар хотир нигоҳ дор ва фаромӯш накун, ки чӣ гуна ту Худованд Худои худро дар биёбон ба хашм овардӣ: азрӯзе ки шумо аз замини Миср берун омадед, то даме ки ба ин макон расидед, шумо ба Худованд муқобилат кардед.
  8. Ва назди Ҳӯриб шумо Худовандро ба хашм овардед, ва Худованд ба шумо ғазаб намуда, мехост шуморо несту нобуд кунад:
  9. Ҳангоме ки ман ба кӯҳ баромадам, то ки алвоҳи санг, яъне алвоҳи аҳдеро, ки Худованд бо шумо баста буд, биги-рам, ва дар кӯҳ чил рӯз ва чил шаб истода, нон нахӯрдам ва об нанӯшидам;
  10. Ва Худованд ду лавҳи сангро, ки бо ангушти Худо навишта шуда буд, ба ман дод, ва бар онҳо ҳамаи суханоне буд, ки Худованд дар кӯҳ, аз миёни оташ, дар рӯзи ҷамъо-мад ба шумо гуфта буд;
  11. Ва чунин воқеъ шуд, ки дар анҷоми чил рӯз ва чил шаб Худованд ду лавҳи санг, яъне алвоҳи аҳдро ба ман дод;
  12. Ва Худованд ба ман гуфт: «Бархоста, зуд аз ин ҷо фурӯд ой, зеро қавми ту, ки онҳоро аз Миср берун овардӣ, фосид шудаанд; аз роҳе ки ба онҳо амр фармудам, зуд дур шуда, бути рехтае барои худ сохтаанд».
  13. Ва Худованд ба ман сухан ронда, гуфт: «Ин қавмро Ман дидам, ва инак, онҳо қавми гарданкаш ҳастанд;
  14. Маро бигзор, то ки онҳоро несту нобуд карда, номашонро аз зери осмон маҳв намоям, ва туро халқе гардонам, ки аз онҳо пурзӯртар ва сершумортар бошад».
  15. Ва ман тоб хӯрда, аз кӯҳ фурӯд омадам, дар сурате ки кӯҳ дар оташ месӯхт, ва ду лавҳи аҳд дар ду дастам буд.
  16. Ва дидам, ки инак, шумо пеши Худованд Худои худ гуноҳкор гардидаед: гӯсолаи рехтае барои худ сохта, аз роҳе ки Худованд ба шумо амр фармуда буд, зуд дур шудаед.
  17. Ва ман ду лавҳро гирифтам, ва онҳоро аз ду дасти худ партофта, пеши назари шумо шикастам.
  18. Ва ба ҳузури Худованд мисли аввала бар рӯи худ афтодам: чил рӯз ва чил шаб нон нахӯрдам ва об нанӯшидам, аз боиси ҳамаи гуноҳҳое ки шумо карда, он чи дар назари Худованд бад аст, ба амал овардед, то ки Ӯро ба хашм оваред.
  19. Зеро ки ман аз хашм ва ғазаби Худованд, ки бар шумо аланга зада буд, то ки шуморо маҳв созад, тарсидам; ва Худованд ҳамин дафъа ҳам маро иҷобат намуд.
  20. Ва Худованд бар Ҳорун бағоят ғазаб намуда буд, то ки ӯро маҳв созад, вале ман барои Ҳорун низ он вақт дуо гуфтам.
  21. Ва гуноҳи шумо, яъне гӯсоларо ки сохта будед, ман гирифтам, ва онро дар оташ сӯзонидам, ва онро пора-пора карда, дурустакак  соидам,   то ба дараҷае ки мисли ғубор гард-гард шуд, ва ғубори онро ба наҳре ки аз кӯҳ ҷорӣ буд, партофтам.
  22. Ва дар Табъира, Массо ва Қибрӯт-Ҳатааво шумо Худовандро ба хашм овардед.
  23. Ва ҳангоме  ки  Худованд  шуморо  аз Қодеш-Барнеа фиристода, гуфт: «Рафта, заминеро, ки ба шумо медиҳам, тасарруф намоед», — шумо ба амри Худованд Худои худ муқобилат кардед, ва ба Ӯ имон наовардед, ва ба овози Ӯ гӯш наандохтед.
  24. Аз рӯзе ки ман шуморо шинохтаам, шумо ба Худо-ванд беитоатӣ мекардед.
  25. Ва ман ба ҳузури Худованд бар рӯи худ афтодам дар он чил рӯз ва чил шаб, ки афтода будам, зеро ки Худованд мехост шуморо маҳв созад.
  26. Ва сӯи Худованд дуо хонда, гуфтам: «Худоё Худо-вандо! Қавми Худ ва мероси Худро, ки бо кибриёи Худ раҳо кардаӣ ва бо дасти қавӣ аз Миср берун овардаӣ, ба ҳалокат нарасон.
  27. Бандагони Худ — Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқубро ба ёд овар! Ба гарданкашии ин қавм, ба шарорат ва гуноҳи онҳо назар накун;
  28. Мабодо сокинони замине ки  моро   аз   он ҷо берун овардӣ, бигӯянд:  азбаски Худованд натавонист  онҳоро  ба замине ки ба онҳо ваъда дода буд, дохил кунад, ва азбаски Ӯ аз онҳо нафрат дошт, бинобар ин онҳоро берун овард, то ки дар биёбон онҳоро ба ҳалокат расонад.
  29. Ва ҳол он ки онҳо қавми Ту ва мероси Ту ҳастанд, ки онҳоро бо қуввати бузурги  Худ ва  бо  бозуи  тӯлонии Худ берун овардаӣ»».

© IBT 1992