Якум Подшоҳон боби 20

Йӯнотон Довудро тарафдорӣ мекунад.

  1. ВА Довуд аз Ноюти Ромо гурехт, ва пеши Йӯнотон омада, гуфт: «Чӣ кардаам? Айбам чист, ва пеши падарат чӣ гуноҳ кардаам, ки ӯ қасди ҷони ман дорад?»
  2. Вай ба ӯ гуфт: «Ҳошо ва калло, ту нахоҳӣ мурд! Инак, падарам ҳеҷ як кори бузурге ё хурде намекунад, бе он ки аввал гӯшраси ман гардонад. Пас чаро падарам ин корро аз ман пинҳон дорад? Ин тавр нахоҳад шуд».
  3. Ва Довуд боз қасам хӯрда, гуфт: «Падарат ба хубӣ медонад, ки ман дар назарат илтифот ёфтаам, бинобар ин ба дили худ мегӯяд:  «Бигзор инро Йӯнотон надонад, ма-бодо ғамгин шавад».  Валекин,  қасам   ба  ҳаёти Худованд ва қасам ба ҷони ту, ки дар миёни ман ва мавт як қадам мондааст!»
  4. Ва Йӯнотон ба Довуд гуфт: «Ҳар чи дилат бихоҳад, барои ту хоҳам кард».
  5. Ва Довуд ба Йӯнотон гуфт: «Инак, фардо навмоҳ аст, ва ман бояд дар сари суфраи подшоҳ биншинам; вале ту маро изн бидеҳ, ки то бегоҳии рӯзи сеюм дар саҳро пинҳон шавам;
  6. Агар падарат маро суроғ кунад, ту бигӯ: «Довуд аз ман изн пурсид, ки ба шаҳри худ Байт-Лаҳм шитоб намояд, зеро ки дар он ҷо барои тамоми хонадонаш қурбонии солона будааст»;
  7. Агар вай  бигӯяд: «Хуб»,— барои бандаат осоиштагӣ хоҳад буд; вале агар вай хашмгин шавад, бидон, ки вай ба кори баде азм намудааст;
  8. Пас ту ба бандаи худ эҳсон бикун, зеро ки бандаатро бо худат ба аҳди Худованд дохил кардаӣ; ва агар гуноҳе дар ман бошад, худат маро бикуш: барои чӣ маро назди па-дари худ бибарӣ?»
  9. Ва Йӯнотон гуфт: «Ҳошо, ки ту чунин гумон кунӣ! Зеро, агар медонистам, ки бадие бо азми падарам бар ту омаданист, оё туро аз он хабардор намекардам?»
  10. Ва Довуд ба Йӯнотон гуфт: «Агар падарат бо дуруштӣ ба ту ҷавоб гардонад, кист, ки ба ман хабар бирасонад?»
  11. Ва Йӯнотон ба Довуд гуфт: «Биё, ба саҳро бароем». Ва ҳар ду ба саҳро баромаданд.
  12. Ва Йӯнотон ба Довуд гуфт:   «Қасам ба исми Худо-ванд Худои Исроил,  ки падарамро фардо ё пасфардо дар ҳамин  вақт  хоҳам  озмуд, ва чун  бубинам, ки назараш ба Довуд нек аст, наход ки ман назди ту фиристода, гӯшраси ту нагардонам?
  13. Худованд ба Йӯнотон чунин ва зиёда аз ин бикунад! Агар падарам барои худ салоҳ бинад, ки бадие ба сари ту биёрад, ман гӯшраси ту гардонида, туро раҳо хоҳам кард, ва ту ба саломатӣ хоҳӣ рафт; ва бигзор Худованд бо ту бошад, чунон ки бо падарам буд!
  14. Ва на   танҳо   дар   замоне   ки   ҳанӯз   зинда   бошам, эҳсони Худовандро нисбат  ба ман ба  амал оварӣ, то ки намирам,
  15. Балки эҳсони худро аз хонадони ман то  абад қатъ накунӣ, ҳатто дар замоне ки Худованд душманони Довудро саросар аз рӯи замин барҳам дода бошад».
  16. Ва Йӯнотон бо хонадони Довуд аҳд баст, ва аз Худо-ванд талабид,   ки  Довудро  аз  дасти  душманонаш   раҳоӣ диҳад.
  17. Ва Йӯнотон бори дигар ба Довуд дар бораи муҳаббате ки ба ӯ дошт, қасам ёд кард, зеро ки ӯро мисли ҷони худ дӯст медошт.
  18. Ва Йӯнотон ба ӯ гуфт: «Фардо навмоҳ аст; ва туро суроғ хоҳанд кард, зеро ки ҷои нишасти ту холӣ хоҳад монд.
  19. Ва то рӯзи сеюм ту бештар фурӯд омада, ба маконе бирас, ки дар рӯзи амал дар он ҷо пинҳон шуда будӣ; ва назди санги роҳнамо бинишин.
  20. Ва ман се тир ба тарафи он хоҳам андохт, гӯё ки ба ҳадафе мезада бошам.
  21. Ва инак,   навкари   худро   фиристода,   хоҳам   гуфт: «Рафта, тирҳоро биёб»; агар ба навкар бигӯям: «Инак, тирҳо аз ин тарафи туст», онҳоро бигир  ва назди ман биё, зеро ки барои ту осоиштагист, ва қасам ба ҳаёти Худованд, ки ба ту зараре нахоҳад расид.
  22. Валекин агар ба амрад бигӯям:   «Инак,  тирҳо аз он тарафи туст»,  — ту бирав,  зеро ки Худованд туро раҳо кардааст.
  23. Ва дар хусуси он сухане ки ман ва ту ба забон рондем, инак Худованд дар миёни ман ва ту то абад шоҳид хоҳад буд».
  24. Ва Довуд дар   саҳро  пинҳон  шуд. Ва навмоҳ  фаро расид, ва подшоҳ ба сари суфра нишаст.
  25. Ва подшоҳ, мисли ҳарвақта, бар нишемангоҳи назди девор нишаст; ва Йӯнотон бархост, ва Абнир дар паҳлуи Шоул нишаст; ва ҷои Довуд холӣ монд.
  26. Ва Шоул дар он рӯз чизе нагуфт, зеро ки ба дили худ гуфт: «Ин тасодуфист; шояд, вай нопок  бошад,  зеро ки худро татҳир нанамудааст».
  27. Ва рӯзи дуюми навмоҳ фаро расид, ва ҷои Довуд боз холӣ монд; ва Шоул ба писараш Йӯнотон гуфт: «Чаро писари Йисой ҳам дирӯз ва ҳам имрӯз ба сари суфра наомад?»
  28. Ва Йӯнотон ба Шоул ҷавоб гардонид: «Довуд аз ман изн пурсид, то ки ба Байт-Лаҳм биравад;
  29. Ва ӯ ба ман гуфт: «Лутфан, ба рафтанам изн бидеҳ, зеро ки хонадони мо дар  шаҳр  қурбонӣ хоҳанд   кард, ва бародарам ба ман   амр   фармудааст;   ва   алҳол,   агар   дар назарат илтифот ёфта бошам, ман меравам, то ки бо баро-даронам дидорбинӣ намоям». Бинобар ин ӯ ба сари суфраи подшоҳ наомадааст».
  30. Ва хашми Шоул бар Йӯнотон аланга зада, ба ӯ гуфт: «Эй фарзанди занаки саркаши исьёнкор! Ман акнун донистам, ки ту писари Йисойро барои шармандагии худат ва шарман-дагии аврати модарат баргузидаӣ!
  31. Зеро дар тамоми айёме ки писари Йисой бар рӯи замин зинда бошад, ту пойдор нахоҳӣ буд, ва подшоҳии ту низ; ва алҳол бифирист ва ӯро дастгир карда назди ман биёр, зеро ки ӯ ба мурдан маҳкум аст».
  32. Ва Йӯнотон ба падараш Шоул ҷавоб гардонида, ба вай гуфт: «Чаро ӯ ба мурдан маҳкум будааст?   Чӣ кардааст?»
  33. Ва Шоул найзаи худро бар ӯ андохт, то ки ӯро бизанад; ва Йӯнотон фаҳмид, ки падараш ба таври қатъӣ азм наму-дааст, ки Довудро бикушад.
  34. Ва Йӯнотон ба хашм омада аз сари суфра бархост, ва дар рӯзи дуюми навмоҳ хӯрок нахӯрд, зеро ки барои Довуд ғамгин буд, ва ба он сабаб, ки падараш ӯро хиҷил карда буд.
  35. Ва бомдодон Йӯнотон дар мӯҳлате ки бо Довуд муайян намуда буд, ба саҳро баромад, ва амради хурдсоле ҳамроҳаш буд.
  36. Ва ба он амрад гуфт: «Бирав ва тирҳоеро,  ки  ман меандозам,  биёб».  Ҳамин ки  амрад давид,  ӯ тирро тавре андохт, ки аз вай онсӯтар гузашта рафт.
  37. Ва чун амрад ба он ҷо, ки Йӯнотон тир андохт, меда-вид, Йӯнотон аз ақиби амрад фарьёд зада, гуфт: «Тир, охир, дар он тарафи туст».
  38. Ва Йӯнотон аз ақиби амрад фарьёд зад: «Шитоб намо! наист!» Ва амради Йӯнотон  тирҳоро ғундошта, назди оғои худ омад.
  39. Ва амрад аз чизе вуқуф надошт, аммо Йӯнотон ва Довуд таги гапро медонистанд.
  40. Ва Йӯнотон аслиҳаи худро ба амраде ки дар ҳузураш буд, дода, ба вай гуфт: «Рафта, ба шаҳр бибар».
  41. Вақте ки амрад рафт, Довуд аз тарафи ҷануб бархост, ва бар рӯи худ ба замин афтода, се карат саҷда бурд; ва онҳо якдигарро бӯсида, бо ҳамдигар гирья карданд, лекин Довуд бештар гирист.
  42. Ва Йӯнотон ба Довуд гуфт: «Ба саломатӣ бирав. Он чи ҳар дуи мо ба исми Худованд қасам хӯрда гуфтем, ки биг-зор Худованд дар миёни ман ва ту ва дар миёни насли ман ва насли ту бошад, — то абад қоим хоҳад буд».
  43. Ва ӯ бархоста, равона   шуд,   ва   Йӯнотон ба шаҳр баргашт.

© IBT 1992