Дуюм Вақоеънома боби 12

Раҳабъом гирифтори бутпарастӣ мешавад.

  1. ВА ҳангоме ки салтанати Раҳабъом пойдор  гардида, қувват гирифт, ӯ шариати Худовандро тарк кард, ва тамоми Исроил бо ӯ буданд.
  2. Ва дар соли панҷуми подшоҳии Раҳабъом чунин во-қеъ шуд, ки Шишақ, подшоҳи Миср, ба муқобили Ерусалим баромад, — зеро ки онҳо ба Худованд осӣ шуда буданд, —
  3. Бо ҳазору дусад  ароба ва шаст ҳазор  саворагон;  ва қавме ки бо ӯ аз Миср омада буданд, яъне лубиён, суккиён ва ҳабашиён, сону шумор надоштанд;
  4. Ва шаҳрҳои ҳисордори   Яҳудоро   забт карда,  назди Ерусалим омад.
  5. Ва Шамаъёи набӣ пеши Раҳабъом ва сарварони Яҳудо, ки аз тарси Шишақ дар Ерусалим ҷамъ шуда буданд, омада, ба онҳо гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: «Шумо Маро тарк кардед, пас Ман низ шуморо тарк карда, ба дасти Шишақ супурдаам»».
  6. Ва сарварони Исроил ва подшоҳ гардан фуроварда, гуфтанд: «Худованд одил аст!»
  7. Ва чун Худованд дид, ки онҳо гардан фуроварданд, каломи Худованд бар Шамаъё нозил шуда, гуфт: «Онҳо гар-дан фуроварданд, онҳоро   маҳв   нахоҳам   кард; ва онҳоро қисман раҳо хоҳам кард, ва ғазаби Ман бар Ерусалим бо дасти Шишақ нахоҳад рехт.
  8. Аммо онҳо хизматгорони вай хоҳанд шуд,  то бидо-нанд, ки хизмати Ман чӣ гуна аст, ва хизмати салтанатҳои замин чӣ гуна аст».
  9. Ва Шишақ, подшоҳи Миср,  ба Ерусалим баромада, ганҷҳои хонаи Худованд ва ганҷҳои хонаи подшоҳро гирифт, — ҳамаашро гирифт; ва сипарҳои тиллоеро, ки Сулаймон сохта буд, гирифт.
  10. Ва подшоҳ Раҳабъом ба ҷои онҳо сипарҳои мисин сохта, ба дасти сардорони   шотироне   ки   дари   хонаи подшоҳро нигаҳбонӣ мекарданд, супурд.
  11. Ва ҳар бор, ки подшоҳ ба хонаи Худованд мерафт, шо-тирон омада, онҳоро мебардоштанд, ва баъд онҳоро ба ҳуҷ-раи шотирон бармегардониданд.
  12. Ва ҳангоме ки ӯ гардан фуровард, хашми Худованд аз ӯ баргашта, ӯро тамоман маҳв накард; ва дар Яҳудо низ корҳои нек ба вуҷуд омад.

Фавти Раҳабъом.

  1. Ва подшоҳ Раҳабъом дар Ерусалим қувват гирифта, подшоҳӣ кард; дар вақти подшоҳ шуданаш Раҳабъом чилу яксола буд, ва ҳафдаҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард, — дар шаҳре ки Худованд аз ҳамаи сибтҳои Исроил баргузидааст, то ки исми Худро дар он ҷойгир созад. Ва номи модари ӯ Наамои аммӯнӣ буд.
  2. Ва ӯ корҳои бад кард, зеро дили худро ба он моил нагардонида буд, ки толиби Худованд бошад.
  3. Ва аъмоли Раҳабъом, аз аввал то охир, дар навиштаҷоти Шамаъёи набӣ ва Иддӯи ғайбгӯй дар қисми насабномаҳо навишта шудааст; ва дар миёни Раҳабъом ва Ёробъом ҳама вақт ҷанг буд.
  4. Ва Раҳабъом бо падарони худ хобид, ва дар шаҳри Довуд дафн карда шуд; ва писараш Абиё ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

© IBT 1992