Якум Подшоҳон боби 29

Довуд бо мӯъҷизаи Худо аз хуруҷи зидди Исроил фориғ шуд.

  1. ВА фалиштиён  ҳамаи  лашкарҳои  худро  дар   Афеқ ҷамъ карданд; ва исроилиён назди чашмае ки дар Изреъил аст, ӯрду заданд.
  2. Ва сарварони  фалиштиён бо фавҷҳои саднафарӣ  ва ҳазорнафарӣ   мегузаштанд,   вале   Довуд  ва   одамонаш  бо Окиш аз ақиб равона буданд.
  3. Ва мирони фалиштиён гуфтанд: «Ин ибриён кистанд?» Ва Окиш ба мирони фалиштиён гуфт: «Ин, охир, Довуд — бандаи Шоул подшоҳи Исроил — аст, ки як-ду сол боз назди ман мебошад, ва аз рӯзи  омаданаш то имрӯз аз ӯ айбе наёфтаам».
  4. Ва мирони фалиштиён бар ӯ хашмгин шуданд, ва ми-рони фалиштиён ба ӯ гуфтанд: «Ин мардро баргардон, то ба маконе ки барояш таъин намудаӣ, гашта равад, ва бо мо ба ҷанг набарояд, ва дар ҷанг ба мо душманӣ накунад, зеро вай бо чӣ чизе метавонад бо оғои худ  оштӣ шавад? Оё на бо каллаҳои ин одамон?
  5. Ин, охир, ҳамон Довуд аст, ки дар бораи вай рақскунон месуруданд: «Шоул  ҳазорҳоро  мағлуб  кард, вале Довуд — беварҳоро!»»
  6. Ва Окиш Довудро даъват намуда, ба ӯ гуфт: «Қасам ба Худованд,  ки ту дилсоф  ҳастӣ, ва бо ман дар ӯрдугоҳ даробаро карданат дар назари ман писанд   меояд, зеро аз рӯзе ки назди ман омадаӣ, то имрӯз аз ту бадӣ надидаам; вале дар  назари  сарварон ту хуб нестӣ.
  7. Ва алҳол баргашта, ба саломатӣ бирав, ва коре накун, ки ба назари сарварони фалиштиён бад намояд».
  8. Ва Довуд ба Окиш гуфт: «Ман  чӣ кардаам,  ва аз рӯзе ки назди ту омадаам, то имрӯз дар бандаат чӣ ёфтаӣ, ки ман наоям ва бо душманони оғоям подшоҳ ҷанг накунам?»
  9. Ва Окиш ба Довуд ҷавоб гардонда, гуфт: «Медонам, ки ту дар назарам мисли фариштаи Худо нек ҳастӣ, аммо мирони фалиштиён гуфтанд: «Вай бо мо ба ҷанг набарояд».
  10. Ва алҳол бомдодон бо навкарони оғоят, ки бо ту омадаанд, бармаҳал   бархез;   ва   чун   бомдодон   бармаҳал бархостед, бароятон ҳаво равшан ки шуд, биравед».
  11. Ва Довуд бо одамонаш  бомдодон  бармаҳал бархост, то ки ба замини фалиштиён баргардад.   Ва  фалиштиён  ба Изреъил баромаданд.

© IBT 1992