Хуруҷ боби 12

Фисҳ.

  1. ВА Худованд ба Мусо ва Ҳорун дар замини Миср сухан ронда, гуфт:
  2. «Бигзор ин моҳ барои шумо сари моҳҳо бошад; бигзор он барои шумо моҳи якум дар миёни моҳҳо бошад.
  3. Ба тамоми ҷамоати Исроил сухан ронда, гӯед: дар рӯзи даҳуми ҳамин моҳ бигзор ҳар яке баррае барои хонавода бигиранд, яъне барои ҳар хонадон як барра.
  4. Ва агар аҳли байт барои истеъмоли барра кам бошанд, бигзор вай бо ҳамсояи наздики хонааш, мувофиқи шумораи нуфусашон бигирад; ба андозаи хӯрдани ҳар яке ба барра ширкат кунед.
  5. Барраи шумо бояд беайб, наринаи яксола бошад; аз гӯсфандон ва бузон онро бигиред.
  6. Ва бигзор он назди шумо то рӯзи чордаҳуми ҳамин моҳ нигоҳ дошта шавад, ва онро тамоми ҷамъомади ҷамоати Исроил бегоҳирӯзӣ забҳ кунанд.
  7. Ва аз хуни он гирифта, ба ҳар ду паҳлударӣ ва ба болодарии хонаҳое ки дар онҳо онро мехӯранд, бимоланд.
  8. Ва гӯшташро дар он шаб ба оташ бирьён карда, бо фатир бихӯранд; бо сабзаҳои талх онро бихӯранд.
  9. Аз он хом, ё дар об пухта нахӯранд, балки ба оташ бирьён шуда бошад, бо каллаю почаҳояш ва дилу дарунаш.
  10. Ва аз он то субҳ боқӣ нагузоред; ва он чиро, ки аз он то субҳ боқӣ монда бошад, ба оташ бисӯзонед.
  11. Ва онро ин тавр бихӯред: камари шумо баста, кафшҳои шумо бар пойҳои шумо, ва асои шумо дар дасти шумо бошад; ва онро шитобон бихӯред, ки ин фисҳи Худованд аст.

Кафорат ба воситаи хун.

  1. Ва, Ман дар он шаб аз замини Миср убур намуда, ҳар нахустзодаро дар замини Миср, аз одамон то чорпоён, зарба хоҳам зад, ва бар ҳамаи худоёни Миср доварӣ хоҳам кард; Ман Худованд ҳастаад.
  2. Ва он хун барои шумо аломате хоҳад буд бар хонаҳое ки шумо дар он ҷо мебошед, ва Ман хунро дида, аз болои шумо хоҳам ҷаҳид, ва ҳангоме ки замини Мисрро зарба ме-занам, он офати ҳалокатовар ба шумо нахоҳад расид.
  3. Ва он рӯз барои шумо рӯзи ёдгорӣ хоҳад буд, ва онро ҳамчун иде барои Худованд ид кунед; онро, ҳамчун қонуни абадӣ, насл ба насли худ ид кунед.
  4. Ҳафт рӯз фатир бихӯред; аммо дар арафаи рӯзи якум хамиртурушро аз хонаҳои худ нест кунед, зеро ҳар кӣ аз рӯзи якум то рӯзи ҳаштум хамири турушшудае бихӯрад, он кас аз миёни Исроил маҳв хоҳад шуд.
  5. Ва дар рӯзи якум ҷамъомади муқаддас ва дар рӯзи ҳафтум, ҷамъомади муқаддас барои шумо хоҳад буд; дар онҳо набояд ҳеҷ коре карда шавад; аммо он чи бояд ҳар кас би-хӯрад, фақат онро ба ҷо оварданатон мумкин аст.
  6. Ва хӯрдани фатирро риоя намоед, зеро ки дар худи ҳамин рӯз Ман фавҷҳои шуморо аз замини Миср берун овар-даам; ва ин рӯзро, ҳамчун қонуни абадӣ, насл ба насли худ риоя намоед.
  7. Дар моҳи якум, дар рӯзи чордаҳуми он, бегоҳӣ фатир бихӯред, то бегоҳии рӯзи бисту якуми моҳ.
  8. Ҳафт рӯз дар хонаҳои шумо хамиртуруш бояд ёфт на-шавад; зеро, ҳар кӣ хамири турушшудае бихӯрад, он шахс аз ҷамоати Исроил маҳв хоҳад шуд, хоҳ ғарибе бошад, хоҳ сокини муқимии он.
  9. Ҳеҷ хамири турушшудае нахӯред; дар ҳамаи маскан-ҳои худ фатир бихӯред».
  10. Ва Мусо ҳамаи пирони Исроилро даъват намуда, ба онҳо гуфт: «Биравед ва баррае барои худ мувофиқи хонавода-ҳотон бигиред, ва фисҳро забҳ кунед.
  11. Ва бандчае аз зуфо гирифта, дар хуне ки дар лаган аст, биғӯтонед, ва ба болодарӣ ва ду паҳлударӣ аз хуне ки дар лаган аст, бимолед; ва касе аз шумо аз дари хонаи худ то субҳ берун наравад.
  12. Ва Худованд убур намуда, мисриёнро зарба хоҳад зад, ва ҳамин ки хунро бар болодарӣ ва ду паҳлударӣ бубинад, Худованд аз болои он дар хоҳад ҷаҳид, ва ҷонситонро на-хоҳад гузошт, ки ба хонаҳои шумо даромада, зарба занад.
  13. Ва ин амрро, ҳамчун қоида, барои худ ва барои писа-рони худ ба сурати абадӣ риоя намоед.
  14. Ва чун ба замине дохил шудед, ки онро Худованд муво-фиқи гуфтаи Худ ба шумо хоҳад дод, он вақт ин ибодатро риоя намоед.
  15. Ва чун писаронатон ба шумо гӯянд: «Ин ибодати шумо барои чист?»
  16. Бигӯед: «Ин қурбонии фисҳ барои Худованд аст, ки Ӯ дар Миср, вақте ки мисриёнро зарба зад, аз болои хонаҳои банӣ-Исроил ҷаҳида гузашт, ва хонаҳои моро раҳоӣ дод»». Ва қавм сар хам карда, саҷда бурданд.
  17. Ва банӣ-Исроил рафта, ба амал оварданд; чунон ки Худованд ба Мусо ва Ҳорун амр фармуда буд, ончунон ба амал оварданд.

Мубоҳиса бо фиръавн давом мекунад. Фавти нахустзодагон.

  1. Ва нисфи шаб чунин воқеъ шуд, ки Худованд ҳамаи нахустзодагони замини Мисрро, аз нахустзодаи фиръавн, ки бар тахт нишаста буд, то нахустзодаи асире ки дар зиндон буд, ва ҳар нахустзодаи чорпоёнро зарба зад.
  2. Ва дар он шаб фиръавн,  ва ҳамаи навкаронаш,  ва ҳамаи мисриён бархостанд, ва фарьёди азиме дар Миср ба вуқӯъ омад, зеро хонае набуд, ки мурдае дар он набошад.
  3. Ва Мусо ва Ҳорунро шабона даъват намуда, гуфт: «Бархезед ва аз миёни қавми ман берун равед, ҳам шумо ва ҳам банӣ-Исроил, ва рафта, Худовандро ибодат намоед, чу-нон ки гуфтед.
  4. Гӯсфандон ва говони худро низ, чунон ки гуфтед, би-гиред, ва биравед, ва маро низ баракат диҳед».
  5. Ва мисриён бар қавм фишор меоварданд, то ки зудтар онҳоро аз замин равона кунанд, зеро ки гуфтанд: «Ҳамаамон мемирем».
  6. Ва қавм хамири худро, пеш аз он ки туруш шавад, бардошта бурданд; лаганҳои худро бо либосҳошон печонида, бар дӯши худ гузошта буданд.
  7. Ва банӣ-Исроил аз рӯи гуфтаи Мусо амал карда, аз мисриён колои нуқра ва колои тилло ва либосҳо пурсиданд.
  8. Ва Худованд қавмро дар назари мисриён мӯътабар гар-донид, ва ҳар чизи пурсидаи онҳоро доданд; ва онҳо мисриён-ро тороҷ карданд.

Ибтидои хуруҷ.

  1. Ва банӣ-Исроил аз Раамсис ба ҷониби Суккӯт равона шуданд, ки тақрибан шашсад ҳазор мардони пиёда, ғайр аз кӯдакон, буданд.
  2. Ва издиҳоми гуногунқабилаи зиёде низ ҳамроҳи онҳо баромаданд, ва гӯсфандон ва говон, ки рамаи бағоят бузурге буданд.
  3. Ва аз хамире ки аз Миср берун оварда буданд, кулча-ҳои фатир пухтанд, зеро ки он туруш нашуда буд, чунки аз Миср ронда шуда буданд, ва натавонистанд даранг кунанд, ва тӯшае низ барои худ тайёр накарда буданд.
  4. Ва сукунати банӣ-Исроил, ки дар Миср доштанд, чор-саду сӣ сол буд.
  5. Ва ҳангоме ки чорсаду сӣ сол ба охир расид, дар он рӯз ҳамаи фавҷҳои Худованд аз замини Миср берун ома-данд.
  6. Ин — шаби бедории Худованд буд барои берун овар-дани онҳо аз замини Миср; ин ҳамон шабе буд барои Худо-ванд, ки дар он тамоми банӣ-Исроил насл ба насли худ бояд бедор бошанд. 43. Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун гуфт: «Ин аст дастури фисҳ: ҳеҷ каси бегона набояд аз он бихӯрад.
  7. Вале ҳар ғуломе ки зархарид бошад, лозим аст, ки варо хатна бикунӣ, он гоҳ вай аз он бихӯрад.
  8. Муҳоҷир ва муздур набояд аз он бихӯрад.
  9. Дар як хона хӯрда шавад; гӯшти онро аз хона берун набарор; ва устухони онро нашиканед.
  10. Тамоми ҷамоати Исроил бояд онро ба ҷо оваранд.
  11. Ва агар ғарибе назди ту сокин бошад, ва хоҳад фисҳро барои Худованд ба ҷо оварад, — бигзор ҳар наринаи вай хатна карда шавад, ва он гоҳ вай наздик омада, онро ба ҷо оварад, ва мисли сокини тубҷоии замин хоҳад буд, вале ҳеҷ як номахтун набояд аз он бихӯрад.
  12. Бигзор як қонун бошад барои сокини тубҷоӣ ва барои ғарибе ки дар миёни шумо сукунат дорад».
  13. Ва тамоми банӣ-Исроил ба ҷо оварданд; чунон ки Ху-дованд ба Мусо ва Ҳорун амр фармуда буд, ончунон ба ҷо оварданд.
  14. Ва чунин воқеъ шуд, ки дар ҳамои рӯз Худованд банӣ-Исроилро бар ҳасби фавҷҳошон аз замини Миср берун овард.

© IBT 1992

Оставьте комментарий