Якум Подшоҳон боби 1

Модари Самуил.

  1. ВА марде аз Ромотаим-Сӯфим, аз кӯҳи Эфроим буд; ва номаш Элқоно ибни Ерӯҳом, ибни Элиҳу, ибни Тӯҳу, ибни Суф буд, — ва ӯ эфротӣ буд.
  2. Ва ӯ ду зан дошт: номи яке Ҳанно ва номи дигаре Фанинно буд:  ва Фанинно бача дошт,  вале Ҳанно   бача надошт.
  3. Ва он мард ҳар сол  аз шаҳри худ  мерафт,  то ки Худованди лашкарҳоро дар Шилӯ ибодат намояд ва барои Ӯ курбонӣ кунад; ва дар он ҷо ду писари Элӣ, Ҳофнӣ ва Финҳос, коҳинони Худованд буданд.
  4. Ва дар он рӯзе ки Элқоно қурбонӣ мекард, ба зани худ Фанинно ва ба ҳамаи писарон ва духтарони вай ҳиссаҳо медод;
  5. Валекин ба   Ҳанно   ҳиссаи   дучанд   медод,   зеро   ки Ҳанноро дӯст медошт, агарчи Худованд батни варо баста буд.
  6. Ва паланҷаш варо сахт ранҷонида,  бисьёр  ба хашм меовард,   барои  он  ки  Худованд  батнашро  баста буд.
  7. Ва ин тавр сол ба сол воқеъ мешуд: ҳар боре ки вай ба хонаи Худованд меомад, паланҷаш чунон варо меранҷо-нид, ки вай гирья мекард ва чизе намехӯрд.
  8. Ва шавҳараш   Элқоно   ба  вай  мегуфт:   «Эй Ҳанно! Чаро гирья мекунӣ, ва чаро чизе намехӯрӣ, ва чаро дилат маҳзун аст? Ман, охир, барои ту аз даҳ писар беҳтар ҳастам».
  9. Ва Ҳанно, баъд аз хӯрдан ва нӯшидан дар Шилӯ, бархост; ва Элии коҳин назди паҳлударии маъбади Худо-ванд бар курсӣ нишаста буд.
  10. Ва вай бо сӯзи дил сӯи Худованд дуо  мегуфт   ва зор-зор мегирист.
  11. Ва назр намуда,   гуфт:   «Эй   Худованди   лашкарҳо! Агар ба азияти канизи Худ назар андозӣ, ва маро ба ёд оварӣ, ва канизи   Худро   фаромӯш   накунӣ,  ва фарзанди наринае ба канизи Худ ато фармоӣ, ман ӯро тамоми айёми умраш ба Худованд хоҳам дод, ва поку ба сари ӯ нахоҳад расид».
  12. Ва азбаски дуои вай ба ҳузури Худованд тӯл кашид, Элӣ ба даҳони вай назар дӯхт.
  13. Ва Ҳанно дар дили худ сухан мегуфт: лабҳояш фақат меҷунбид, вале овозаш шунида намешуд; бинобар ин  Элӣ гумон кард, ки вай маст  аст.
  14. Ва Элӣ ба вай гуфт: «То ба кай маст мешавӣ? Шаробро аз худ дур кун».
  15. Вале Ҳанно   ҷавоб   гардонида,   гуфт:   «Не,   оғоям; ман зани дилшикастае ҳастам, ва шаробу арақ наменӯшам, балки дили худро ба ҳузури Худованд холӣ кардам.
  16. Канизи худро зани нобакоре ҳисоб накун; зеро ки аз бисьёрии андӯҳ ва кулфати худ то ҳол сухан рондаам».
  17. Ва Элӣ ҷавоб гардонида, гуфт: «Ба саломатӣ бирав, ва Худои  Исроил хоҳиши туро, ки аз Ӯ илтимос кардаӣ, ба амал хоҳад овард».
  18. Ва вай гуфт: «Кошки канизи ту дар назарат илтифот ёбад!» Ва зан ба роҳи худ рафт; ва хӯрок мехӯрд, ва чеҳрааш дигар ғамгин набуд.
  19. Ва онҳо   бомдодон   бармаҳал   бархоста,   ба  ҳузури Худованд ибодат карданд,  ва баргашта,   ба хонаи  худ   ба Ромо  омаданд;   ва  Элқоно бо зани худ Ҳанно хобид, ва Худованд варо ба ёд овард.

Таваллуди Самуил.

  1. Ва баъд аз муддате Ҳанно ҳомила гардида,   писаре зоид,  ва номи ӯро  Самуил хонд,   зеро   ки ӯро   аз  Худо талабидаам, гуфт вай.
  2. Ва шавҳараш Элқоно бо тамоми аҳли байташ рафт, то ки қурбонии  солона ва назри худро барои   Худованд тақдим намояд.
  3. Вале Ҳанно нарафт, зеро ки ба шавҳараш гуфта буд: «Вақте ки писар аз сина ҷудо шавад, ӯро хоҳам бурд, ва ӯ назди Худованд ҳозир шуда, дар он ҷо ба таври доимӣ хоҳад монд».
  4. Ва шавҳараш Элқоно ба вай гуфт: «Он чи дар назарат писанд ояд, бикун; то вақте ки ӯро аз сина ҷудо кунӣ, бимон; кошки Худованд суханашро ба амал оварад!» Ва зан монд, ва писарашро маконид, то вақте ки ӯро аз сина ҷудо кард.

Ҳанно Самуилро назди Элӣ меоварад.

  1. Ва ҳангоме ки ӯро аз  сина ҷудо кард, як наргови сесола, як эфа орд ва як машк шароб гирифта, бо ӯ ба-ромад, ва ӯро ба хонаи Худованд ба Шилӯ овард; ва пи-сар ҳанӯз хурд буд.
  2. Ва нарговро куштанд, ва писарро назди Элӣ оварданд.
  3. Ва Ҳанно гуфт: «Лутфан, эй оғоям! Ба ҳаётат қасам мехӯрам,  эй  оғоям!   Ман ҳамон зан ҳастам, ки дар ин ҷо назди ту истода, сӯи Худованд дуо гуфта будам.
  4. Барои ҳамин писар дуо гуфта будам, ва Худованд хоҳиши маро, ки аз Ӯ илтимос карда будам, ба ман ато фармуд.
  5. Ва ман ӯро барои Худованд вақф намудам: ӯ тамоми айёми умри   худ   вақф   барои   Худованд хоҳад буд».   Ва дар он ҷо Худовандро ибодат карданд.

© IBT 1992