Такрори Шариат боби 18

Дар бораи нафақаи коҳинон.

  1. «КОҲИНОНИ левизода, тамоми сибти Левӣ ҳиссае ва мулке бо Исроил нахоҳанд дошт; онҳо бояд қурбониҳои оташини Худованд ва ҳиссаи Ӯро бихӯранд.
  2. Пас, вай мулке дар миёни бародарони худ нахоҳад дошт: Худованд мулки вай аст, чунон ки Ӯ ба вай гуфтааст.
  3. Ва ин аст ҳаққи коҳинон аз ҷониби қавм, аз ҷониби онҳое ки гов ё гӯсфандро забҳ мекунанд: онҳо бояд соқи пеш ва ҷоғҳо ва ишкамбаро ба коҳин бидиҳанд.
  4. Навбари ғалла, шираи ангур ва равғани зайтуни худро, ва навбари пашми гӯсфандони худро ба вай бидеҳ.
  5. Зеро Худованд Худои ту варо аз ҳамаи сибтҳо бар-гузидааст, то ки  вай  ва  писаронаш  тамоми айём истода, ба исми Худованд хизмат кунанд.
  6. Ва агар левизодае аз яке аз шаҳрҳои ту, аз тамоми Исроил, ки дар он ҷо сокин бошад, биёяд, бигзор вай муво-фиқи тамоми орзуи дили худ ба маконе ки Худованд баргу-зинад, биёяд,
  7. Ва ба исми Худованд Худои худ мисли ҳамаи барода-рони левизодаи худ, ки дар  он  ҷо  ба ҳузури  Худованд меистанд, хизмат кунад;
  8. Бигзор онҳо ҳиссаҳои баробар бихӯранд, ғайр аз он чи вай аз фурӯхтани молу мулки худ пайдо карда бошад.

Манъи бутпарастӣ.

  1. Ҳангоме ки ту ба замине ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, биёӣ, таълим нагир, ки бар тибқи корҳои зишти он халқҳо амал намоӣ.
  2. Бигзор дар миёни ту на касе ёфт шавад, ки писараш ё духтарашро аз оташ мегузаронда бошад, на ҷодугаре, на чашмбанде, на фолбине, на афсунгаре, —
  3. На найрангсозе, на пурсандаи арвоҳе, на азоимхоне ва на касе ки мурдагонро даъват менамояд,
  4. Зеро ҳар касе ки ин корҳоро  мекунад, дар назари Худованд зишт аст, ва маҳз аз боиси ҳамин корҳои зишт Худованд Худои ту онҳоро аз пеши ту бадар меронад.
  5. Ба ҳузури Худованд Худои худ беайб бош.
  6. Зеро ин  халқҳое  ки   ту   онҳоро   бадар   меронӣ,   ба чашмбандон ва ҷодугарон гӯш медиҳанд, валекин туро Ху-дованд Худои ту намегузорад, ки чунин рафтор намоӣ.

Нубувват дар бораи Масеҳ.

  1. Пайғамбаре мисли ман аз миёни ту, аз бародарони ту Худованд Худоят барои ту ба майдон хоҳад овард; ба Вай гӯш диҳед.
  2. Бар тибқи ҳар он чи ту дар Ҳӯриб, дар рӯзи ҷамъо-мад, аз Худованд Худои худ пурсида, гуфтӣ: «Овози  Ху-дованд Худои худро дигар нашнавам, ва ин оташи азимро дигар набинам, мабодо бимирам», —
  3. Худованд ба ман гуфт: «Он чи онҳо гуфтанд, хуб аст.
  4. Набие, мисли ту, Ман барои онҳо аз миёни барода-рони онҳо ба майдон хоҳам овард, ва суханони Худро ба даҳони Вай хоҳам гузошт, ва ҳар он чи ба Вай амр фар-моям, ба онҳо хоҳад гуфт;
  5. Ва касе ки ба суханони Ман, ки Вай ба исми Ман гӯяд, гӯш наандозад, Ман ӯро танбеҳ хоҳам дод.

Имтиҳони анбиё.

  1. Аммо набие ки қасдан ба исми Ман сухане гӯяд, ки ба гуфтанаш амр нафармудаам, ё  ба  исми худоёни дигар сухан гӯяд, — он набӣ бояд ба қатл расонида шавад».
  2. Ва агар дар дили худ гӯй: «Суханеро, ки Худованд нагуфта бошад, чӣ гуна бишносем?» —
  3. Пас, сухане ки набӣ ба исми Худованд гӯяд, вале он ба амал наояд ва иҷро нашавад, он суханест, ки Худованд на-гуфтааст, балки набӣ бо қасди бад гуфтааст, — аз ӯ натарс».

© IBT 1992