Такрори Шариат боби 32

Суруди Мусо.

  1. «ГӮШ андоз, эй осмон,  ки  ман  сухан хоҳам ронд, ва бигзор замин нутқи даҳонамро бишнавад.
  2. Сабақи ман мисли борон хоҳад борид, нутқи ман мисли шабнам хоҳад рехт, мисли қатраҳои борони маҳин бар майсазор, ва мисли борони сел бар алафзор.
  3. Исми Худовандро ба забон хоҳам ронд; кибриёи Худои моро мадҳ кунед.
  4. Ӯ Кӯҳпора аст, амалиёти Ӯ комил аст, зеро ки ҳамаи роҳҳои Ӯ одилона аст; Ӯ Худои амин аст ва ноинсофӣ надорад, Ӯ одил ва ҳаққонист.
  5. Онҳо фосид шудаанд; аз боиси нуқсони худ фарзандони Ӯ нестанд; насли саркаш ва каҷкоранд.
  6. Оё подоши шумо барои Худованд ҳамин аст, эй қавми разил ва беақл? Ӯ, охир, падари туст, молики туст, Ӯ туро офарид ва туро устувор кард.
  7. Айёми қадимро ба ёд овар, дар бораи солҳои наслҳои пешина мулоҳиза намо; аз падари худ бипурс, ва ӯ ба ту ҳикоят хоҳад кард; аз пирони худ бипурс, ва онҳо ба ту хоҳанд гуфт.
  8. Ҳангоме ки Ҳаққи Таоло ба халқҳо амлок дод, ҳангоме ки Ӯ банӣ-Одамро пароканда кард, Ӯ ҳудуди қавмҳоро мувофиқи шумораи банӣ-Ифоил муқаррар намуд.
  9. Зеро ки насибаи Худованд қавми Ӯст; Яъқуб қитъаи мероси Ӯст.
  10. Варо дар биёбон ёфт, дар замини халои пур аз уллос; варо пуштибонӣ намуд, ба вай назорат кард, варо   ҳамчун   гавҳараки   чашми   Худ   нигоҳ   дошт.
  11. Чунон ки уқоб аҳли лонаи худро бедор карда, бар чӯҷаҳои худ мепарад, ва болҳои худро паҳн карда, онҳоро мегирад, ва бар болу пари худ бардошта мебарад,
  12. Ончунон Худованд танҳо варо ҳидоят намуд, ва худои бегонае бо вай набуд.
  13. Варо Ӯ бар баландиҳои замин баровард, то ки аз маҳсулоти саҳроҳо бихӯрад, варо асал аз сахра хӯронид, ва равған аз санги хоро,
  14. Ва маскаи гов, ва шири гӯсфанд,ва   равғани   барраҳо ва қӯчқорҳои бошонӣ ва бузҳо, ва гули орди гандуми гузин; ва ту хуни раз, ки шароби фашшосӣ буд, нӯшидӣ.
  15. Вале Ешурун* фарбеҳ шуда, ба лагад задан даромад; ту фарбеҳ, ғафс ва тануманд шудаӣ; — ва Худоро, ки Офаринандаи вай аст, тарк кард, ва Кӯҳпораи наҷоти худро хорӣ дод.
  16. Бо худоёни ғайр онҳо рашки Ӯро оварданд, бо корҳои зишт Ӯро хашмгин карданд.
  17. Ба девҳо, на ин ки ба Худо, қурбонӣ карданд, ба худоёне ки намешинохтанд, ба худоёни наве ки ба қарибӣ пайдо шуда буданд, ва падаронатон аз онҳо наметарсиданд.
  18. Ба Кӯҳпорае ки туро ба дуньё овард, беэътиноӣ кардӣ, ва Худои Офаринандаи худро  аз  хотир  баровардӣ.
  19. Ва Худованд инро дида, дарғазаб шуд, чунки писаронаш ва духтаронаш Ӯро ба хашм оварданд.
  20. Ва гуфт: «Рӯи Худро аз онҳо пинҳон хоҳам дошт, то бубинам, ки оқибати онҳо чӣ хоҳад буд; зеро ки онҳо насли ҳардамхаёланд, фарзандонеанд, ки амин нестанд.
  21. Онҳо бо  он чи худо нест,   рашки Маро  оварданд, бо чизҳои ҳеҷу пучи худ Маро хашмгин карданд; пас, Ман бо он чи қавм нест, рашки онҳоро хоҳам овард, бо халқи разиле онҳоро хашмгин хоҳам кард.
  22. Зеро ки оташи ғазаби Ман аланга задааст, ва то асфалуссофилин фурӯзон шудааст, ва заминро бо ҳосили он фурӯ мебарад, ва асоси кӯҳҳоро месӯзонад.
  23. Бар онҳо мусибатҳоро ҷамъ хоҳам овард, тирҳои Худро бар онҳо тамом хоҳам кард:
  24. Аз гуруснагӣ беҳол,  ва аз таб ва тоуни  сахт нобуд хоҳанд шуд; дандони даррандагон ва заҳри хазандагони рӯи заминро бар онҳо хоҳам фиристод.
  25. Аз берун онҳоро шамшер талаф хоҳад кард, ва аз даруни хонаҳо — даҳшат: ҳам ҷавонон, ҳам дӯшизагон, ҳам, ширхорагон ва ҳам мӯйсафедонро.
  26. Мегуфтам: онҳоро ба ҳар ҷониб пароканда хоҳам кард, зикрашонро аз миёни мардум маҳв хоҳам сохт, —
  27. Агар аз хашми душман хавотир намедоштам, ки мабодо  бадхоҳони онҳо ғалат таъбир карда, бигӯянд: дасти мо боло шуд, ва Худованд ҳамаи инро накардааст».
  28. Зеро ки онҳо халқи бемулоҳизаанд, ва фаҳме надоранд.
  29. Кошки соҳибақл буда, дар ин хусус мулоҳиза мекарданд ва чигунагии оқибати худро   мефаҳмиданд:
  30. Чӣ гуна  як  нафар ҳазор нафарро таъқиб менамуд, ва ду нафар як беварро мегурезонид, агар Кӯҳпораашон онҳоро таслим намекард, ва Худованд онҳоро намесупурд?
  31. Зеро ки кӯҳпораи онҳо мисли Кӯҳпораи мо нест; ва душманони мо пеши доварон мулзам хоҳанд шуд.
  32. Зеро ки токи онҳо аз токҳои Садӯм аст, ва аз саҳроҳои Амӯро; ангури онҳо ангури заҳрдор аст, хӯшаҳояш талх аст;
  33. Шароби онҳо кафки даҳони аждаҳост, ва заҳри қотили морони афъӣ.
  34. Ин, охир, назди Ман пӯшида аст, дар ганҷинаҳои Ман ниҳон аст;
  35. Интиқом ва подош назди Ман аст, вақте ки пои онҳо билағжад; зеро ки рӯзи ҳалокати онҳо наздик аст, ва шикасти ояндаи онҳо ба зудӣ фаро хоҳад расид.
  36. Зеро ки Худованд доди қавми Худро хоҳад ситонид, ва бар бандагони Худ шафқат хоҳад кард, чун бубинад, ки онҳо аз ҳол рафтаанд, ва ҳеҷ кас — на ғуломе, на озоде — боқӣ намондааст.
  37. Ва Ӯ хоҳад гуфт: «Куҷоянд худоёни онҳо, ва кӯҳпорае ки таваккал ба  он мекарданд,
  38. Яъне худоёне ки чарбуи қурбониҳои онҳоро мехӯрданд, ва шароби ҳадияҳои рехтании онҳоро менӯшиданд? Бигзор онҳо бархоста, ба шумо мадад расонанд, бигзор онҳо  барои шумо паноҳгоҳ шаванд!
  39. Пас, алҳол бубинед, ки Ӯ — Ман ҳастам, Ман; ва ғайр аз Ман худое нест; Ман мемиронам ва зинда мекунам, Ман маҷрӯҳ менамоям ва шифо медиҳам, ва касе наметавонад аз дасти Ман раҳо кунад.
  40. Инак, дасти Худро сӯи осмон баланд мекунам, ва мегӯям: Ман то абад зинда ҳастам!
  41. Вақте ки шамшери барроқи Худро тез кунам, ва дасти Ман ба доварӣ шурӯъ намояд, он гоҳ аз душманони Худ интиқом хоҳам гирифт, ва ба бадхоҳони Худ подош хоҳам дод.
  42. Тирҳои Худро аз хун маст хоҳам кард, ва шамшери Ман гӯшт хоҳад хӯрд, — аз хуни мақтулон ва асирон, аз каллаҳои кафидаи душманон».
  43. Эй халқҳо, бо қавми Ӯ хушнуд шавед! Зеро ки Ӯ барои хуни бандагони Худ интиқом хоҳад гирифт, ва бо интиқом ба душманони Худ подош хоҳад дод, ва замини Худ ва қавми Худро кафорат хоҳад кард».
  44. Ва Мусо омада, ҳамаи суханони ин сурудро ба самъи қавм ба забон ронд, — ӯ ва Еҳушаъ ибни Нун.

Мусо ба қавм муроҷиат мекунад.

  1. Ва ҳангоме ки Мусо ба забон рондани ҳамаи ин суха-нонро ба тамоми Исроил ба анҷом расонид,
  2. Ба онҳо гуфт: «Ба ҳамаи суханоне ки ман имрӯз ба шу-мо талқин менамоям, диққат диҳед, то ба фарзандони худ амр фармоед, ки ҳамаи суханони ин шариатро риоя намуда, ба амал оваранд.
  3. Зеро ки ин барои шумо як чизи хушкухолӣ нест, зеро ки ин ҳаёти шумост, ва ба воситаи он шумо умри худро дар замине ки барои тасарруф кардани он аз Ӯрдун убур мена-моед, дароз хоҳед кард».
  4. Ва Худованд дар ҳамон рӯз ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  5. «Ба ин кӯҳи Аборим, яъне кӯҳи Набӯ, ки дар замини Мӯоб, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ воқеъ аст, баро, ва ба замини Каньон, ки Ман онро ба банӣ-Исроил ҳамчун мулк медиҳам, назар андоз.
  6. Ва ту дар кӯҳе ки ба он мебароӣ, бимир, ва ба қавми худ пайваст шав, чунон ки бародарат Ҳорун дар кӯҳи Ҳӯр мурда, ба қавми худ пайваст шуд,
  7. Аз боиси он ки шумо андаруни банӣ-Исроил, назди обҳои Мерибо, дар биёбони Син ба ман имон наовардед; аз боиси он ки шумо Маро андаруни банӣ-Исроил тақдис накар-дед.
  8. Пас, ту аз дур ин заминро хоҳӣ дид, вале ба он ҷо, ба замине ки Ман ба банӣ-Исроил медиҳам, дохил нахоҳӣ шуд».

*15. Ешурун — лақаби қавми Исроил.

© IBT 1992