Такрори Шариат боби 8

Огоҳиҳо. Худованд ба сипосгузорӣ даъват менамояд.

  1. «ТАМОМИ аҳкомеро, ки ман имрӯз  ба   шумо  амр мефармоям, саъю кӯшиш намуда ба амал  оваред,  то   ки зинда монда, афзун шавед, ва омада, заминеро, ки Худованд дар   бораи   он  ба   падаронатон   қасам   хӯрдааст,   тасарруф намоед.
  2. Ва дар хотир нигоҳ дор тамоми роҳеро, ки Худованд Худои ту ин чил сол туро бо он дар биёбон бурд, то ки туро азият дода, биозмояд, ва он чиро, ки дар дили туст, бидонад, ки оё аҳкоми Ӯро риоят хоҳӣ кард ё не?
  3. Ва Ӯ туро азият дод, ва туро гурусна мононид, ва туро манн хӯронид, — ки на ту онро медонистӣ ва на па-даронат медонистанд, — то ба ту бифаҳмонад, ки одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки бо ҳар калимае ки аз даҳони Худованд барояд, одамизод зиндагӣ мекунад.
  4. Дар давоми ин чил сол либоси ту бар танат ҷиғда-ҷиғда нашуд, ва пои ту наомосид.
  5. Пас, андар дили худ дарк намо, ки чунон ки падар писари худро таъдиб мекунад, Худованд Худои ту ончунон туро таъдиб кард.
  6. Пас, ту аҳкоми Худованд Худои худро риоят бикун, то ки бо роҳҳои Ӯ равона шавӣ ва аз Ӯ битарсӣ.
  7. Зеро ки Худованд Худоят туро ба замини некӯ мебарад, ба замини пур аз наҳрҳои об, чашмаҳо ва ҷӯйҳо, ки дар водиҳо ва кӯҳҳо ҷорӣ мешаванд;
  8. Ба замини пур аз гандум ва ҷав, ва ангур ва анҷир ва анор, ба замини пур аз равғани зайтун ва асал;
  9. Ба замине ки дар он ба танқисӣ нон нахоҳӣ хӯрд, ва дар он ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ нахоҳӣ буд; ба замине ки сангҳояш оҳан аст, ва аз кӯҳҳояш мис хоҳӣ канд.
  10. Ва ҳангоме ки хӯрда сер шавӣ, Худованд Худои худро барои замини некӯе ки ба ту додааст, муборак бихон.
  11. Эҳтиёт бош, мабодо  Худои  худро   фаромӯш   карда, аҳком ва дастурот ва  фароизи Ӯро,  ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, риоят нанамоӣ;
  12. Мабодо хӯрда сер шавӣ, ва хонаҳои некӯ бино карда, дар онҳо сокин шавӣ,
  13. Ва говон ва гусфандони ту афзун шавад, ва  нуқра ва тиллои ту зиёд шавад, ва ҳар дороии ту зиёд шавад,
  14. Ва дили ту  мағрур   шуда,  Худованд   Худои  худро фаромӯш кунӣ, ки Ӯ туро аз замини Миср, аз хонаи ғуломӣ берун овард,
  15. Ва туро аз биёбони бузург ва саҳмгини пур аз мор, аждаҳо ва каждум, аз ҷойҳои хушки беоб гузаронид, ва барои ту аз санги хоро об баровард,
  16. Ва туро дар биёбон манн хӯронид, — ки падаронат онро намедонистанд, — то ки туро азият дода, биозмояд, ва оқибат бар ту марҳамат намояд, —
  17. Ва дар он сурат ту дар дили худ бигӯй: «Қувватам ва қудрати дастам ин сарватро барои ман пайдо кардааст»,
  18. Ва ҳол он ки ту бояд Худованд Худои худро дар хотир нигоҳ дорӣ, ки Ӯ ба ту қуввати пайдо кардани сарватро медиҳад, то аҳдеро, ки дар бораи он ба падаронат қасам хӯрдааст, ба ҷо оварад, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст.
  19. Валекин агар  ту   Худованд  Худои  худро   фаромӯш кунӣ, ва пайрави худоёни дигар гардида, онҳоро  ибодат намоӣ ва ба онҳо саҷда барӣ, — имрӯз ба  шумо  шаҳодат медиҳам,  ки албатта несту  нобуд хоҳед шуд.
  20. Мисли халқҳое ки Худованд онҳоро аз пеши шумо маҳв мекунад, шумо низ маҳв хоҳед шуд, аз боиси он ки ба овози Худованд гӯш наандохтаед».

© IBT 1992