Ҳастӣ боби 16

Таваллуд ёфтани Исмоил.

  1. ВА Сорай, зани Абром, ба вай фарзанд наовард, ва ӯро Ҳоҷар ном канизи мисрие буд.
  2. Ва Сорай ба Абром гуфт: “Инак, Худованд маро аз зоидан боздошт; пас бо канизи ман бихоб; шояд, аз вай фарзанддор шавам”. Ва Абром ба сухани Сорай даромад.
  3. Ва чун даҳ сол аз иқомати Абром дар замини Канъон гузашт, Сорай зани Абром, канизи худ Ҳоҷари мисриро гирифт, ва ба шавҳари худ Абром ӯро ба занӣ дод.
  4. Ва бо Ҳоҷар хобид; вай ҳомила шуд. Ва чун дид, ки ҳомила аст, хотунашро хор дошт.
  5. Ва Сорай ба Абром гуфт: “Дар озори ман айбдор ту ҳастӣ; ман канизи худро ба оғӯши ту додам; ва чун дид, ки ҳомила аст, маро хор дошт; Худованд дар миёни ману ту доварӣ кунад”.
  6. Ва Абром ба Сорай гуфт: “Инак, канизи ту ба дасти туст; он чи писанди назари ту бошад, бо вай бикун”. Ва Сорай варо ба танг овард; вай аз пеши ӯ гурехта рафт.
  7. Ва фариштаи Худованд варо назди чашмаи об дар биёбон, яъне чашмае ки ба роҳи Шур мебошад, ёфт.
  8. Ва гуфт: «Эй Ҳоҷар, канизи Сорай! Аз куҷо омадӣ ва куҷо меравӣ?» Вай гуфт: «Ман аз пеши хотуни худ Сорай гурехтам».
  9. Ва фариштаи Худованд ба вай гуфт: «Назди хотуни худ баргард ва зери дасти вай мутеъ шав».
  10. Ва фариштаи Худованд ба вай гуфт: «Насли туро бисёр афзун гардонам, ки аз бисёрӣ онро натавон шумурд».
  11. Ва фариштаи Худованд ба вай гуфт: «Инак, ҳомила ҳастӣ, ва писаре хоҳӣ зоид, ва ӯро Исмоил ном хоҳӣ монд; зеро ки Худованд азияти туро шунидааст.
  12. Ва ӯ марди ваҳшӣ хоҳад буд; дасти ӯ бар ҳама, ва дасти ҳама бар ӯ; пеши ҳамаи бародарони худ маскан хоҳад гирифт».
  13. Ва исми Худовандро, ки ба ӯ гап зад, Ато-Эл-рӯӣ* хонд, зеро гуфт: «Гӯё ки ман ин ҷо баъд аз бинандаи ман бидидам».
  14. Аз ин сабаб он чоҳ Беэр-лаҳай-рӯӣ* ном дорад, ки дар миёни Қодеш ва Борад воқеъ аст.
  15. Ва Ҳоҷар ба Абром писар зоид; ва Абром писари худро, ки Ҳоҷар зоид, Исмоил ном ниҳод.
  16. Ва Абром ҳаштоду шашсола буд, ҳангоме ки Ҳоҷар Исмоилро ба Абром зоид.

*13. Ту Худои бинандаи ман.

*14. Чохи Ҳайи бинандаи ман.

© IBT 1992

Оставьте комментарий