Хуруҷ боби 35

Дар бораи шанбе.

  1. ВА Мусо тамоми ҷамоати банӣ-Исроилро ҷамъ карда, ба онҳо гуфт: «Ин аст суханоне ки Худованд амр фармудааст, ки онҳоро ба амал оваред:
  2. Шаш рӯз кор кунед, ва рӯзи ҳафтум, ки шанбеи оромии комили Худованд аст, барои шумо муқаддас хоҳад буд; ҳар кӣ дар он кор кунад, кушта хоҳад шуд.
  3. Дар ҳамаи масканҳои худ дар рӯзи шанбе оташ барнааф-рӯзед».
  4. Ва Мусо ба тамоми ҷамоати банӣ-Исроил сухан ронда, гуфт: «Ин аст сухане ки Худованд амр фармуда, гуфтааст:

Ҳадияҳои қавм.

  1. Аз ҷониби худ ҳадияе барои Худованд бигиред; ҳар касе ки дилаш моил аст, бигзор ҳадияи Худовандро биёрад: тилло, ва нуқра, ва мис,
  2. Ва лоҷвард, ва арғувон, ва қирмиз, ва катони нозук, ва пашми буз,
  3. Ва пӯсти қӯчқор, ки сурх бошад, ва пӯсти тӯҳс, ва чӯби ақоқиё,
  4. Ва равған барои чароғҳо, ва атриёт барои равғани тад-ҳин ва барои бухури муаттар,
  5. Ва сангҳои ҷазъ ва сангҳои тарсеъ барои эфӯд ва барои синабанд.
  6. Ва ҳамаи донодилоне ки дар миёни шумо ҳастанд, биг-зор омада, он чиро, ки Худованд амр фармудааст, ба амал оваранд:
  7. Маскан, хаймааш ва болопӯшаш, чангакҳояш ва тахта-ҳояш, ғалақаҳояш, сутунҳояш ва пояҳояш,
  8. Сандуқ ва дастакҳояш, сарпӯш ва пардаи ҷудокунанда*,
  9. Миз ва дастакҳояш ва тамоми колояш, ва нони тақдим,
  10. Ва чароғдон барои рӯшноӣ, ва колояш, ва чароғҳояш, ва равған барои рӯшноӣ,
  11. Ва қурбонгоҳи бухур ва дастакҳояш, ва равғани тад-ҳин, ва бухури муаттар, ва пардаи дар барои даромадгоҳи маскан,
  12. Қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ ва панҷараи мисинаш, дастакҳояш ва тамоми асбобаш, ва лаган ва пояаш,
  13. Пардаҳои саҳн, сутунҳояш ва пояҳои онҳо, ва пардаи дарвозаи саҳн,
  14. Мехҳои маскан, ва мехҳои саҳн, ва танобҳои онҳо,
  15. Либоси хизматӣ барои хизмат кардан дар қудс, либоси муқаддас барои Ҳоруни коҳин ва либоси писаронаш барои каҳонат».
  16. Ва тамоми ҷамоати банӣ-Исроил аз пеши Мусо баромаданд.
  17. Ва ҳар касе ки дилаш моил буд, ва ҳар касе ки руҳаш ӯро далолат менамуд, омада, ҳадияи Худовандро барои кори хаймаи ҷомеъ, ва барои тамоми хизмати он, ва барои либосҳои муқаддас меоварданд.
  18. Ва мардон бо ҳамроҳии занон, ҳар касе ки дилаш моил буд, ҳалқаҳои бинӣ ва гӯш, ва ангуштарин ва гарданбанд, ҳар навъ колои тилло меоварданд, ҳар касе ки мехост пеш-каши тилло барои Худованд биёрад.
  19. Ва ҳар касе ки лоҷвард, ва арғувон, ва қирмиз, ва катони нозук, ва пашми буз, ва пӯсти қӯчқор, ки сурх бо-шад, ва пӯсти тӯҳс дошт, онро меовард.
  20. Ҳар касе ки мехост нуқра ва мис ҳадия кунад, онро ҳамчун ҳадияи Худованд меовард; ва ҳар касе ки чӯби ақоқиё барои ҳар эҳтиёҷоти хизмат дошт, онро меовард.
  21. Ва ҳар зани донодиле ки бо дастҳои худ мересид, рес-мони лоҷвард, ва арғувон, ва қирмиз ва катони нозукро меовард.
  22. Ва ҳамаи заноне ки дилашон ба ҳикмат моил буд, пашми бузро мересиданд.
  23. Ва раисон сангҳои ҷазъ ва сангҳои тарсеъ барои эфӯд ва синабанд меоварданд,
  24. Ва атриёт ва равған барои рӯшноӣ ва барои равғани тадҳин ва барои бухури муаттар.
  25. Ҳамаи мардон ва занони банӣ-Исроил, ки дилашон моил буд барои ҳар коре биёранд, ки ба ҷо овардани онро Худо-ванд ба воситаи Мусо амр фармуда буд, ҳадияи ихтиёрӣ барои Худованд меоварданд.

Амр дар бораи Басалъил ва Оҳолиоб.

  1. Ва Мусо ба банӣ-Исроил гуфт: «Диққат намоед, ки Худованд Басалъил ибни Урӣ ибни Ҳурро аз сибти Яҳудо бо ном хондааст,
  2. Ва ӯро аз Рӯҳи Худо, аз ҳикмат ва фаҳм ва дониш ва ҳар ҳунар пур кардааст,
  3. То ки санъатҳоро омӯхта, бо тилло, нуқра ва мис кор кунад,
  4. Ва сангҳоро барои мурассаъкорӣ ҳак намояд, ва чӯбта-рош гардида, ҳар кори нафисро ба ҷо оварад;
  5. Ва қобилияти таълимдиҳиро ба дили ӯ бахшидааст, — ба дили ӯ ва Оҳолиоб ибни Аҳисомок аз сибти Дон;
  6. Ва Ӯ онҳоро аз ҳикмати дил пур кардааст, то ки амали ҳар ҳаккок, ва зарбоф, ва гулдӯзи матои лоҷвард ва арғувон ва қирмиз ва катони нозук, ва нассоҷро ба ҷо оваранд, яъне иҷрокунандагони ҳар амал ва санъаткорони бомаҳорат бо-шанд».

*12. Пардае ки қудси қудсҳоро аз қудс ҷудо мекард.

© IBT 1992

Оставьте комментарий