Ҳастӣ боби 27

Баракате ки ба воситаи фиреб ба даст оварда шудааст.

  1. ВА чун Исҳоқ пир шуд, ва чашмонаш аз дидан оҷиз гашта буд, писари калонии худ Эсовро ҷеғ зада, гуфт: «Пи-сарам!» Вай ба ӯ гуфт: «Лаббай!»
  2. Ва ӯ гуфт: «Инак, пир шудаам; ва рӯзи аҷали худро намедонам;
  3. Ва акнун асбоби худро, тирдон ва камони худро ги-рифта, ба саҳро бирав, ва нахҷире барои ман бигир,
  4. Ва таоме барои ман, чунон ки дӯст медорам, тайёр карда биёр, то ки бихӯрам, ва ҷони ман, пеш аз мурданам, туро баракат диҳад».
  5. Вақте ки Исҳоқ ба писари худ Эсов гап мезад, Ривқо шунид. Ва Эсов ба саҳро рафт, то ки нахҷире сайд карда биёрад;
  6. Ва Ривқо ба писари худ Яъқуб гуфт: «Инак, падаратро шунидам, ки бародарат Эсовро хонда, мегуфт:
  7. «Барои ман нахҷире оварда, таоме тайёр кун, то ки онро бихӯрам ва пеш аз мурданам туро пеши Худованд ба-ракат диҳам».
  8. Ва акнун, писарам, сухани маро бишнав дар он чи ман туро амр мефармоям:
  9. Сӯи рама бирав ва аз он ҷо барои ман ду бузғолаи хубе бигир; ва ман аз онҳо таоме барои падарат, чунон ки ӯ дӯст медорад, тайёр мекунам;
  10. Ва онро назди падарат мебарӣ, ва ӯ мехӯрад, то ки туро пеш аз мурданаш баракат диҳад».
  11. Ва Яъқуб ба модари худ Ривқо гуфт: «Бародарам Эсов марди мӯйдор аст, лекин ман марди бемӯй ҳастам.
  12. Шояд, падарам маро ламс намояд; ва ман дар назараш мисли ҳилагаре бошам, ва дар ивази баракат лаънат бар худ оварам».
  13. Ва модараш ба ӯ гуфт: «Лаънати ту бар ман бод, писа-рам! Фақат сухани маро бишнав, ва рафта, барои ман бигир».
  14. Ва ӯ рафт, ва гирифт, ва ба модари худ овард; ва модараш таоме тайёр кард, чунон ки падараш дӯст медошт.
  15. Ва Ривқо либоси бошукӯхи писари калонии худ Эсовро, ки назди ӯ дар хона буд, гирифта, ба писари хурдии худ Яъқуб пӯшонид;
  16. Ва пӯсти бузғолаҳоро бар дастҳо ва гардани бемӯи ӯ баст;
  17. Ва таом ва нонро, ки тайёр карда буд, ба дасти писари худ Яъқуб дод.
  18. Ва ӯ назди падари худ омада, гуфт: «Падарам!» Гуфт: «Лаббай! Ту кистӣ, писарам?»
  19. Ва Яъқуб ба падари худ гуфт: «Ман нахустзодаи ту Эсов ҳастам; он чи ба ман фармудӣ, кардам; бархез, бини-шин ва аз нахҷири ман бихӯр, то ки ҷонат маро баракат диҳад».
  20. Ва Исҳоқ гуфт: «Чӣ гуна ин қадар зуд ёфтӣ, писарам?» Гуфт: «Чунки Худованд Худои ту ба ман расонд».
  21. Ва Исҳоқ ба Яъқуб гуфт: «Наздик биё, ман туро ламс мекунам, писарам, оё ту писари ман Эсов ҳастӣ, ё не?»
  22. Ва Яъқуб ба падари худ Исҳоқ наздик омад; ва ӯро ламс карда, гуфт: «Овоз — овози Яъқуб, аммо дастҳо — дастҳои Эсов».
  23. Ва ӯро нашнохт, зеро ки дастҳояш мисли дастҳои баро-дараш Эсов мӯйдор буд; ва ӯро баракат дод.
  24. Ва гуфт: «Оё ту писари ман Эсов ҳастӣ?» Гуфт: «Ма-нам».
  25. Ва гуфт: «Наздики ман биёр, ман аз нахҷири писари худ мехӯрам, то ки ҷонам туро баракат диҳад». Ва наздики ӯ овард, ва ӯ бихӯрд; ва шароб барояш овард, ва ӯ нӯшид.
  26. Ва падараш Исҳоқ ба вай гуфт: «Наздик биё ва маро бибӯс, писарам».
  27. Ва наздик омад ва ӯро бӯсид; ва роиҳаи либоси ӯро шамида, ӯро баракат дод ва гуфт: «Инак, роиҳаи писари ман мисли роиҳаи саҳроест,  ки Худованд онро баракат додааст.
  28. Ва туро Худо аз шабнами осмон ва аз фарбеҳии замин ва аз фаровонии ғалла ва шираи ангур ато фармояд.
  29. Қавмҳо ба ту хизмат кунанд, ва қабилаҳо ба ту таъзим намоянд; бар бародарони худ ҳукмфармо шавӣ, ва фарзандони модарат ба ту таъзим намоянд; ҳар кӣ туро лаънат хонад — малъун бод; ҳар кӣ туро муборак хонад — муборак бод!»

Пушаймонии Эсов суде надорад.

  1. Ва чун Исҳоқ баракат додани Яъқубро ба итмом ра-сонд, ва чун Яъқуб аз пеши падари худ Исҳоқ берун рафт, бародараш Эсов аз шикори худ омад.
  2. Ва ӯ низ таом тайёр кард, ва назди падари худ оварда, ба падари худ гуфт: «Бархез, падарам, ва аз нахҷири писари худ бихӯр, то ки ҷонат маро баракат диҳад».
  3. Ва падараш Исҳоқ ба ӯ гуфт: «Ту кистӣ?» Гуфт: «Ман писари ту, нахустзодаи ту, Эсов ҳастам».
  4. Ва Исҳоқро раъшаи бузурге фаро гирифта, ба ларзиш овард, ва ӯ гуфт: «Пас он кӣ буд, ки нахҷир сайд карда, бароям овард, ва пеш аз омадани ту аз ҳамааш хӯрдам, ва ӯро баракат додам? Ва ӯ муборак хоҳад буд!»
  5. Чун Эсов суханони падари худро шунид, фиғони ба-ланд ва бениҳоят талхе кашида, ба падари худ гуфт: «Маро низ баракат деҳ, падарам!»
  6. Гуфт: «Бародарат бо ҳила омада, баракати туро гирифт».
  7. Ва гуфт: «Беҳуда нест, ки ӯро Яъқуб ном ниҳодаанд: ду дафъа ӯ маро фиреб дод — аввал нахустзодагии маро гирифт ва инак, акнун баракати маро гирифтааст». Ва гуфт: «Оё барои ман баракате нигоҳ надоштӣ?»
  8. Ва Исҳоқ ба Эсов ҷавоб дода, гуфт: «Инак, ӯро бар ту ҳукмфармо сохтам, ва ҳамаи бародаронашро ғуломони ӯ гардондам, ва ғалла ва шираи ангурро ба ӯ бахшидам; пас, барои ту, писарам, чӣ кунам?»
  9. Ва Эсов ба падари худ гуфт: «Наход ки ҳамин як баракатро доштӣ, падарам? Маро низ баракат деҳ, падарам!» Ва Эсов овози худро баланд карда, гирист.
  10. Ва падараш Исҳоқ ба ӯ ҷавоб дода, гуфт: «Инак, истиқомати ту аз фарбеҳии замин ва аз шабнами осмон аз боло хоҳад буд;
  11. Ва ба шамшерат хохӣ зист, ва ба бародари худ хизмат хоҳӣ кард; ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки мухолифат намоӣ ва юғи ӯро аз гардани худ дур андозӣ».
  12. Ва Эсов ба Яъқуб ба сабаби он баракате ки падараш ӯро дода буд, кина варзид; ва Эсов дар дили худ гуфт: «Айёми навҳагарӣ барои падарам наздик аст, ва он гоҳ баро-дари худ Яъқубро хоҳам. кушт».
  13. Ва Ривқо аз суханони писари калонии худ Эсов огоҳӣ ёфт; ва кас фиристода, писари хурдии худ Яъқубро хонд, ва ба ӯ гуфт: «Инак, бародарат Эсов осоиши хотир аз он дорад, ки туро бикушад.
  14. Ва акнун, писарам, сухани маро бишнав ва бархоста, назди бародарам Лобон ба Ҳоррон бигрез;
  15. Ва муддате назди ӯ бимон, то хашми бародарат таскин ёбад,
  16. То ғазаби бародарат аз ту баргардад, ва он чи дар ҳаққи вай кардӣ, фаромӯш кунад. Ва он гоҳ кас фиристода, туро аз он ҷо меоварам. Чаро аз ҳар дуи шумо дар як рӯз маҳрум шавам?»
  17. Ва Ривқо ба Исҳоқ гуфт: «Аз дасти духтарони ҳиттӣ аз ҷон безор шудаам; агар Яъқуб зане аз духтарони ҳиттӣ, мисли ононе ки духтарони ин заминанд, бигирад, ба ман зин-дагӣ чӣ лозим аст?»

© IBT 1992

Оставьте комментарий