Якум Подшоҳон боби 6

Сандуқ ба хонаи Еҳушаи байтшемешӣ меояд.

  1. ВА сандуқи Худованд дар замини фалиштиён ҳафт моҳ монд.
  2. Ва фалиштиён коҳинон ва ҷодугаронро даъват намуда, гуфтанд: «Бо сандуқи Худованд чӣ кунем? Ба мо  бигӯед, ки онро ба маконаш чӣ гуна равона намоем?»
  3. Онҳо гуфтанд: «Агар сандуқи Худои Исроилро равона мекарда бошед, онро холӣ равона накунед, балки қурбонии ҷурм барои Ӯ биёред; он гоҳ шифо  хоҳед ёфт ва хоҳед донист, ки чаро дасти Ӯ аз шумо дур нашудааст».
  4. Гуфтанд: «Чӣ гуна қурбонии ҷурм мо бояд барои Ӯ биёрем?» Онҳо гуфтанд:   «Мувофиқи   шумораи   сарварони фалиштиён, панҷ обилаи тилло ва панҷ муши тилло биёред, зеро ки бар ҳамаи шумо ва бар сарварони шумо ҳамон як вабост.
  5. Пас, суратҳои обилаҳои худ ва суратҳои мушҳои худро, ки заминро валангор мекунанд, бисозед, ва Худои Исроилро ҷалол диҳед; шояд Ӯ дасти Худро бар шумо ва бар худоёни шумо ва бар замини шумо нарм созад.
  6. Чаро шумо дили худро сахт мекунед, чунон ки мис-риён ва фиръавн дили худро сахт карданд? Охир, вақте ки Ӯ онҳоро ба балоҳо гирифтор кард, маҷбур шуда онҳоро ҷавоб доданд, ва онҳо рафтанд.
  7. Ва алҳол зуд аробаи наве бисозед, ва ду модагови нав-зойро, ки юғ бар гарданашон монда нашуда бошад, бигиред, ва он модаговҳоро ба ароба бибандед, ва гӯсолаҳошонро аз онҳо ҷудо карда, ба хона баред.
  8. Ва сандуқи Худовандро гирифта, бар ароба бимонед, ва колои тиллоро, ки ҳамчун қурбонии ҷурм барои Ӯ овар-дед, дар қуттие ба паҳлуи он бигузоред, ва онро равона кунед, то ки биравад.
  9. Ва нигоҳ кунед: агар он бо роҳи ҳудуди худ сӯи Байт-Шемеш равона шавад, бидонед, ки он ин балои азимро ба сари мо овардааст; вагар на, хоҳем донист, ки дасти Ӯ моро зарба назадааст, балки он чи ба мо рӯй дод, тасодуфӣ буда-аст».
  10. Ва он мардум чунин карданд: ду модагови навзойро гирифта, ба  ароба   бастанд,   ва   гӯсолаҳошонро дар   хона нигоҳ доштанд.
  11. Ва сандуқи Худоро бо қуттии мушҳои тилло ва су-ратҳои обилаҳо бар ароба гузоштанд.
  12. Ва модаговҳо рост, бо роҳи Байт-Шемеш равона шу-данд, бо ҳамин як роҳ мерафтанду моъ мезаданд, вале ба тарафи рост ё чап майл намекарданд; ва сарварони фалиш-тиён аз ақиби онҳо то ҳудуди Байт-Шемеш рафтанд.
  13. Ва аҳли Байт-Шемеш дар водӣ гандум дарав мекарданд, ва чашмони худро баланд карда, сандуқро диданд, ва аз диданаш шод гаштанд.
  14. Ва ароба ба киштзори Еҳушаи байтшемешӣ расида бо-зистод, ва дар он ҷо санги калоне буд; ва чубҳои аробаро шикастанд, ва модаговҳоро қурбонии сӯхтанӣ барои Худо-ванд бароварданд.
  15. Ва левизодагон сандуқи Худованд ва қуттиеро, ки бо он буда, андарунаш колои тилло буд, фурӯд оварданд, ва бар санги калон гузоштанд; ва мардуми Байт-Шемеш дар он рӯз барои Худованд қурбониҳои сӯхтанӣ  бароварданд  ва қурбониҳои саломатӣ забҳ карданд.
  16. Ва панҷ сарвари фалиштиён инро диданд, ва ҳамон рӯз ба Эқрӯн баргаштанд.
  17. Ва ин аст обилаҳои тилло, ки фалиштиён ҳамчун қур-бонии ҷурм барои Худованд оварда буданд: барои Ашдӯд якто, барои Ғазза якто, барои Ашқалӯн якто, барои Ҷат якто, барои Эқрӯн якто.
  18. Ва мушҳои тилло мувофиқи шумораи ҳамаи шаҳрҳои фалиштиён, ки ба он панҷ сарвар тааллуқ доштанд, буд, чи аз шаҳрҳои ҳисордор ва чи аз деҳоти беҳисор; ва он санги калон, ки сандуқи Худовандро бар он гузошта буданд, то имрӯз дар киштзори Еҳушаи байтшемешӣ боқист.
  19. Ва мардуми  Байт-Шемешро,  ки  ба  даруни  сандуқи Худованд  назар  андохта  буданд,  зарба зад,  ва аз  миёни қавм ҳафтод нафарро зарба зад; ва қавм мотам, гирифтанд, зеро ки Худованд қавмро зарбаи азиме зада буд.
  20. Ва мардуми   Байт-Шемеш   гуфтанд:    «Кист,   ки   ба ҳузури Худованд, ба ҳузури ин Худои қуддус,  битавонад истад? Ва Ӯ аз пеши мо назди кӣ хоҳад рафт?»
  21. Ва қосидонро назди сокинони Қирьят-Еорим фиристода, гуфтанд: «Фалиштиён сандуқи Худовандро баргардониданд; омада, онро назди худ бибаред».

© IBT 1992