Якум Подшоҳон боби 21

Довуд назди Аҳималик пинҳон мешавад.

  1. ВА Довуд ба Нуб назди Аҳималики коҳин омад; ва Аҳималик бо ошӯбе ба пешвози Довуд шитофта, ба ӯ гуфт: «Чаро ту танҳо омадаӣ, ва касе бо ту нест?»
  2. Ва Довуд ба Аҳималики коҳин гуфт:   «Подщоҳ   ба ман кореро супурда, ба ман гуфт: «Аз ин кор, ки туро барояш мефиристам, ва аз он чи ба ту амр фармудаам, бигзор касе ҳеҷ  хабардор   нашавад»;  ва навкаронро ман дар фалон ҷо гузоштам.
  3. Ва алҳол, агар чизе дар дастат бошад, панҷто нон, ё ҳар чизе ки ёфт шавад, ба ман бидеҳ».
  4. Ва коҳин ба Довуд ҷавоб гардонида,   гуфт:   «Нони оддӣ дар дастам нест, балки нони муқаддас ҳаст, ба шарте ки навкарон аз зан худдорӣ карда бошанд».
  5. Ва Довуд ба коҳин ҷавоб гардонида,   ба   вай  гуфт: «Рости гап, дирӯз ва парирӯз,  аз рӯзе ки берун  омадаам, занон аз мо  дур  буданд,   ва  зарфҳои  навкарон муқаддас мебошад, ва агарчи роҳи мо қудсият надорад, бо вуҷуди он имрӯз нон дар зарфҳо муқаддас хоҳад монд».
  6. Ва коҳин нони муқаддасро ба ӯ дод, зеро ки дар он ҷо ноне набуд, ҷуз нонҳои тақдим, ки аз пеши Худованд бар-дошта шуда буд, то ки дар рӯзи бардоштанаш нонҳои гарм бимонанд.
  7. Ва дар он ҷо дар он рӯз шахсе аз навкарони Шоул ба ҳузури Худованд истода буд, ва ӯ Дӯаги адӯмӣ ном дошта, мири рамабонони Шоул буд.
  8. Ва Довуд ба Аҳималик гуфт: «Оё ин ҷо дар дастат найзае ё шамшере ҳаст? Зеро ки ман шамшерам ва яроқи дигарамро низ бо худ наовардаам, чунки супориши подшоҳ таъҷилӣ буд».
  9. Ва коҳин гуфт: «Инак, шамшери Ҷольёти фалиштӣ, ки варо ту дар дараи Эло куштӣ дар қафои эфӯд бо либосе печонида монда шудааст; агар мехоҳӣ онро барои худ би-гирӣ, — бигир, зеро ки ғайр аз он дар ин ҷо дигаре нест». Ва Довуд гуфт: «Хубтар аз он нест, онро ба ман бидеҳ».
  10. Ва Довуд бархоста, дар он рӯз аз пеши Шоул гурехт, ва назди Окиш, подшоҳи Ҷат, омад.
  11. Ва навкарони Окиш ба вай гуфтанд: «Ин, охир, Довуд, подшоҳи он замин аст; дар бораи ӯ, охир, рақскунон  ме-суруданд: «Шоул ҳазорҳоро мағлуб кард, вале Довуд — бе-варҳоро!»»
  12. Ва Довуд ин суханонро дар дили худ ҷо дод, ва аз Окиш, подшоҳи Ҷат, бисьёр ҳаросон шуд.
  13. Ва дар назари онҳо рафтори худро тағьир дода, назди онҳо худро ба девонагӣ зад, ва бар табақаҳои дарвоза нақш мекашид, ва оби даҳанашро бар ришаш мерехт.
  14. Ва Окиш ба навкарони худ гуфт: «Инак, шумо мебинед, ки ин шахс девона аст; пас, чаро варо назди ман овардаед?
  15. Оё ман ба девонагон эҳтиёҷ дорам,  ки   варо  овар-даед, то назди ман девонагӣ кунад? Оё лозим  аст, ки ин шахс ба хонаи ман дохил шавад?»

© IBT 1992