Якум Вақоеънома боби 27

Тақсимоти сардорони лашкар ва дигар нозирон барои хизмати моҳ ба моҳ.

  1. ВА банӣ-Исроил, бар ҳасби шумораи онҳо, яъне сар-дорони хонаводаҳо ва мириҳазорҳо  ва  мирисадҳо ва нозирони онҳо, дар ҳар кори гурӯҳҳое ки моҳ ба моҳ меомаданд ва мерафтанд, дар ҳамаи моҳҳои сол ба подшоҳ хизмат мекарданд; дар ҳар гурӯҳ бисту чор ҳазор нафар буданд.
  2. Бар гурӯҳи якум барои  моҳи  якум   Ёшобъом ибни Забдиил буд, ва дар гурӯҳи ӯ бисту чор  ҳазор  нафар  буданд;
  3. Ӯ, аз писарони Форас, бар ҳамаи сарлашкарҳо дар моҳи якум сардор буд.
  4. Ва бар гурӯҳи моҳи дуюм Дӯдаи аҳӯҳӣ буд, ва дар гурӯҳи ӯ Миқлӯти сарвар низ буд; ва дар гурӯҳи ӯ бисту чор ҳазор нафар буданд.
  5. Сарлашкари сеюм барои   моҳи   сеюм   Баноёҳу   ибни Еҳӯёдои  саркоҳин  буд, ва дар  гурӯҳи  ӯ  бисту  чор ҳазор нафар буданд.
  6. Ин ҳамон Баноёҳу буд, ки ҷасуртарини он сӣ  нафар ва сардор бар он сӣ нафар буд, ва дар гурӯҳи ӯ  писараш Аммизобод буд.
  7. Сарлашкари чорум барои моҳи чорум Асоил барода-ри Юоб ва баъд аз ӯ писараш Забадьё буд, ва дар гурӯҳи ӯ бисту чор ҳазор нафар буданд.
  8. Сарлашкари панҷум барои моҳи панҷум Шамҳути йиз-роҳӣ буд, ва дар гурӯҳи ӯ бисту чор ҳазор нафар буданд.
  9. Сарлашкари шашум барои   моҳи   шашум   Иро ибни Иққиши тақӯӣ буд, ва дар гурӯҳи ӯ бисту чор ҳазор нафар буданд.
  10. Сарлашкари ҳафтум барои моҳи ҳафтум Ҳиласи фа-лунӣ аз писарони Эфроим будӣ, ва дар гурӯҳи ӯ бисту чор ҳазор нафар буданд.
  11. Сарлашкари ҳаштум барои моҳи ҳаштум Сибкаи ху-шотӣ аз зораҳиён буд, ва дар гурӯҳи ӯ бисту чор ҳазор на-фар буданд.
  12. Сарлашкари нӯҳум барои моҳи нӯҳум Абиозари анотӯтӣ аз биньёминиён буд, ва дар гурӯҳи ӯ бисту чор ҳазор нафар буданд.
  13. Сарлашкари даҳум барои моҳи даҳум Маҳраи натӯфотӣ аз зораҳиён буд, ва дар гурӯҳи ӯ бисту чор ҳазор нафар буданд.
  14. Сарлашкари ёздаҳум барои моҳи ёздаҳум Баноёи фир-ъотунӣ аз писарони Эфроим буд,  ва дар гурӯҳи ӯ бисту чор ҳазор нафар буданд.
  15. Сарлашкари дувоздаҳум барои моҳи дувоздаҳум Ҳол-даи натӯфотӣ аз писарони Отаиил буд,   ва  дар гурӯҳи ӯ бисту чор ҳазор нафар буданд.

Сардорони дувоздаҳ сибт.

  1. Ва бар сибтҳои Исроил: раиси Реубен — Элиозар ибни Зикрӣ; раиси Шимъӯн — Шафатьёҳу ибни Маако;
  2. Раиси Левӣ — Ҳашабьё ибни Қамуил; раиси Ҳорун — Содӯқ;
  3. Раиси Яҳудо — Элиҳу аз бародарони Довуд; раиси Иссокор — Омрӣ ибни Микоил;
  4. Раиси Забулун — Йишмаъёҳу ибни Убадьёҳу; раиси Нафтолӣ — Еримӯт ибни Азриил;
  5. Раиси банӣ-Эфроим — Ҳӯшаъ ибни Азазьёҳу; раиси нисфи сибти Менашше —Юил ибни Фадоёҳу;
  6. Раиси нисфи Менашше дар Ҷилъод — Йиддӯ ибни Закарьёҳу; раиси Биньёмин — Яасиил ибни Абнир;
  7. Раиси Дон — Азаръил ибни Ерӯҳом. Инҳо сарварони сибтҳои Исроил буданд.
  8. Вале Довуд касонеро, ки бистсола ва камтар буданд, саршуморӣ накард,   зеро Худованд   гуфта  буд, ки Исро-илро мисли ситораҳои осмон сершумор мегардонад.
  9. Юоб ибни Саруё ба саршуморӣ сар кард, вале ба ан-ҷом нарасонид, ва ба ин муносибат ғазабе бар  Исроил  ба амал  омад; ва он саршуморӣ ба китоби  вақоеъномаи под-шоҳ Довуд дохил нашуд.
  10. Ва бар хазоини подшоҳ Азмавт ибни Адиил буд;  ва бар анборҳое ки дар саҳро,  дар  шаҳрҳо  ва дар  деҳот  ва дар қалъаҳо буд, — Йӯнотон ибни Уззиёҳу;

Мансабдорони дигар, ки Довуд баргумошта буд.

  1. Ва бар коркунони саҳро, ки заминро кор мекарданд, — Эзрӣ ибни Калуб;
  2. Ва бар токзорҳо — Шимъии ромотӣ; ва бар анборҳои шароб, ки дар токзорҳо буд, — Забдии шифмӣ;
  3. Ва бар дарахтони зайтун ва тут-анҷир, ки дар пастӣ буд, — Баал-Ҳонони ҷадирӣ; ва бар анборҳои равған — Юош;
  4. Ва бар говҳое ки дар Шорӯн мечарид, — Ширтаи шорӯнӣ; ва бар говҳое ки дар водиҳо буд, — Шофот ибни Адлой;
  5. Ва бар шутурҳо — Убили исмоилӣ; ва бар модахарҳо — Еҳдиёҳуи мирӯнутӣ;
  6. Ва бар бузу гӯсфандон — Ёзизи ҳаҷрӣ. Ҳамаи инҳо сардорони молу мулк буданд, ки подшоҳ Довуд баргумошта буд.
  7. Ва Йӯнотон, амаки Довуд, машваратчӣ, марди оқил ва котиб буд; ва Яҳиил ибни Ҳакмӯнӣ назди писарони Довуд буд.
  8. Ва Аҳитӯфал машваратчии подшоҳ, ва Ҳушаи арқӣ дӯсти подшоҳ буд;
  9. Ва баъд аз Аҳитӯфал Еҳӯёдоъ ибни Баноёҳу ва Абьётор буданд; ва сарлашкари подшоҳ Юоб буд.

© IBT 1992