Эзро боби 10

Аз нав барқарор гардидани ҷараёни мӯътадили ҳаёт.

  1. ВА ҳангоме ки Эзро дуо мегуфт ва эътироф ба гуноҳ менамуд, дар ҳолате ки гирья мекард ва пеши хонаи Худо рӯ ба замин афтода буд, гурӯҳи бисьёр калони исроилиён, мардону занону кӯдакон, назди ӯ ҷамъ шуданд, ба тавре ки қавм низ зор-зор мегиристанд.
  2. Ва Шаканьё ибни Еҳиил, ки аз зодагони Элом буд, ҷавоб гардонда, ба Эзро гуфт: «Мо пеши Худои худ бадкирдорӣ карда, занони аҷнабие аз қавмҳои он замин гирифтаем, ва алҳол барои Исроил дар ин бобат ҳанӯз умеде ҳаст.
  3. Пас, бо Худои худ аҳд бандем, ки ҳамаи ин занонро бо бачагоне ки аз онҳо таваллуд ёфтаанд, мувофиқи машварати оғоям ва онҳое ки аз аҳкоми Худои мо метарсанд, бадар ронем, — ва бигзор аз рӯи шариат шавад!
  4. Бархез, чунки ин кори туст, ва мо бо ту мебошем; қавӣ бош ва амал намо!»
  5. Ва Эзро бархост, ва сардорони коҳинон, левизодагон ва тамоми Исроилро қасам дод, ки ҳамин тавр амал кунанд, — ва онҳо қасам хӯрданд.
  6. Ва Эзро аз пеши хонаи Худо бархоста, ба ҳуҷраи Еҳӯҳонон ибни Эльёшиб рафт, — ва дар он ҷо нон нахӯрд ва об нанӯшид, зеро ки ба сабаби бадкирдории ҷалои ватан шудагон мотам гирифта буд.
  7. Ва дар Яҳудо ва Ерусалим ба ҳамаи ҷалои ватан шу-дагон эълон карданд, ки дар Ерусалим ҷамъ шаванд.
  8. Ва ҳар касе ки дар зарфи се рӯз мувофиқи машварати сардорон ва пирон набиёяд, тамоми молу мулкаш таҳрим намуда, худаш аз ҷамоати ҷалои ватан шудагон хориҷ карда хоҳад шуд.
  9. Ва дар рузи сеюм, ки рузи бистуми моҳи нӯҳум буд, тамоми мардуми Яҳудо ва Биньёмин дар Ерусалим ҷамъ шу-данд. Ва тамоми қавм дар майдони назди хонаи Худо нишас-танд, дар ҳолате ки аз ин гап ва аз борон меларзиданд.
  10. Ва Эзрои коҳин бархоста, ба онҳо гуфт: «Шумо бад-кирдорӣ намуда ва занони аҷнабӣ гирифта, маъсияти Исро-илро бо ин зиёд кардаед.
  11. Ва алҳол ба ҳузури Худованд, Худои падарони худ, тавба карда, мувофиқи иродаи Ӯ амал кунед, ва худро аз қавмҳои замин ва аз занони аҷнабӣ ҷудо кунед».
  12. Ва тамоми ҷамоат бо овози баланд ҷавоб гардонда, гуф-танд: «Оре! Чунон ки ту гуфтӣ, ҳамон тавр амал хоҳем кард.
  13. Аммо чунин одамон бисьёранд, ва мавсими боронҳост, ва маҷоли дар кӯча истодан надорем, ва ин кор барои як рӯзу ду рӯз нест, зеро ки бисьёр касон дар ин бобат гуноҳ кардаанд.
  14. Бигзор сардоронн мо ба ҷои тамоми ҷамоат биистанд, ва ҳамаи онҳое ки дар шаҳрҳои мо занҳои аҷнабӣ гирифта-анд, дар вақтҳои муайян биёянд, ва бо онҳо пирони ҳар шаҳр ва доваронаш биёянд, то оташи ғазаби Худои мо барои ин кор аз мо дур шавад».
  15. Фақат Юнотон ибни Асоил ва Еҳзиё ибни Тиқво барои иҷрои ин кор монданд, ва Машуллом ва Шабтаи левизода мададгори онҳо буданд.
  16. Ва ҷалои ватан шудагон ҳамин тавр амал карданд, ва Эзрои коҳин ва баъзе касон, яъне сардорони хонаводаҳо аз ҳар хонавода, ҷудо карда шуданд, ва ҳамаашон номбар гар-диданд, ва дар рӯзи якуми моҳи даҳум ба муҳокимаи ин кор нишастанд.
  17. Ва кори ҳамаи мардонеро, ки занони аҷнабӣ гирифта буданд, то рӯзи якуми моҳи якум анҷом доданд.
  18. Ва аз зодагони коҳинон баъзе ёфт шуданд, ки занони аҷнабӣ гирифта буданд: аз зодагони Ешуа ибни Юсодоқ ва бародаронаш — Маасиё, Элиэзер, Ёриб ва Ҷадальё;
  19. Ва онҳо дасти паймон доданд, ки занони худро бадар хоҳанд ронд, ва гуноҳкорон қӯчқоре барои қурбонии гуноҳи худ оварданд;
  20. Ва аз зодагони Иммир — Ҳанонӣ ва Забадьё;
  21. Ва аз зодагони Ҳорим — Маасиё, Элиё, Шамаъё ва Узиё;
  22. Ва аз зодагони Фашҳур — Эльюэнай, Маасиё, Исмоил, Натанъил, Юзобод ва Элъосо;
  23. Ва аз левизодагон: Юзобод, Шимъӣ, Калоё, ки Қалито бошад, Фатаҳьё, Яҳудо ва Элиэзер;
  24. Ва аз муғанниён: Эльёшиб; ва аз дарбонон Шаллум, Толам ва Урӣ;
  25. Ва аз исроилиён: аз зодагони Фаръуш Рамьё, Изиё, Малкиё,  Мийёмин,  Элъозор,  Малкиё  ва Баноё;
  26. Ва аз зодагони Элом — Маттаньё, Закарьё, Еҳиил, Абдӣ, Иремут ва Элиё;
  27. Ва аз зодагони Затту — Эльюэнай, Эльёшиб, Маттаньё, Иремут, Зобод ва Азизо;
  28. Ва аз зодагони Бебай — Еҳуҳонон, Ҳананьё, Заббай ва Атлой;
  29. Ва аз зодагони Бонӣ —  Машуллом,  Маллук, Адоё, Ёшуб, Шаол ва Ромут;
  30. Ва аз зодагони ҳокими Мӯоб — Адно, Калол, Баноё, Маасиё,   Маттаньё,  Басалъил,  Биннуй  ва  Менашше;
  31. Ва аз зодагони Ҳорим — Элиэзер, Ишиё, Малкиё, Шамаъё, Шимъӯн,
  32. Биньёмин, Маллук ва Шамарьё;
  33. Аз зодагони Ҳошум — Матнай, Мататто, Зобод, Эли-фолат, Иремай, Менашше ва Шимъӣ;
  34. Аз зодагони Бонӣ — Маадай, Амром, Уил,
  35. Баноё, Бедьё, Калуҳу,
  36. Ваньё, Маримут,   Эльёшиб,
  37. Маттаньё, Матнай,  Яасой,
  38. Бонӣ, Биннуй, Шимъӣ,
  39. Шаламьё, Нотон, Адоё,
  40. Макнадбай, Шошай, Сорой,
  41. Азаръил, Шаламьёҳу, Шамарьё,
  42. Шаллум, Амарьё, Юсуф;
  43. Аз зодагони Набу — Еиил, Матитьё, Зобод, Забино, Яддай, Юил ва Баноё.
  44. Ҳамаи онҳо занони аҷнабӣ гирифта буданд; ва баъзе аз онҳо заноне доштанд, ки бача зоида буданд.

© IBT 1992

Эзро боби 9

Дар бораи завҷаҳои аҷнабӣ.

  1. ВА баъд аз анҷоми ин корҳо, сардорон назди ман омада, гуфтанд: «Қавми Исроил ва коҳинон ва левизодагон худро аз қавмҳои кишварҳо ҷудо накарданд, балки мисли амалҳои зишти канъониён, ҳиттиён, фариззиён, ябусиён, аммӯниён, мӯобиён, мисриён ва амӯриён амал карданд,
  2. Чунки аз духтарони онҳо барои худашон ва барои писаронашон зан гирифта, зурьёти муқаддасро бо қавмҳои кишварҳо омехтанд, ва сарварону мансабдорон дар ин бадкирдорӣ пешдастӣ мекарданд».
  3. Ҳамин ки ин гапро шунидам, пероҳан ва ҷомаи худро пора кардам, ва мӯйсару риши худро кандам ва моту мабҳут шуда нишастам.
  4. Ва ҳамаи онҳое ки аз суханони Худои Исроил ба сабаби ин бадкирдории ҷалои ватан шудагон метарсиданд, назди ман ҷамъ шуданд, ва ман то вақти қурбонии шом моту мабҳут шуда нишастам.

Дуои Эзро ва изҳори эътиқоди ӯ.

  1. Ва чун вақти қурбонии шом фаро расид, аз рӯзадории худ бархостам ва дар ҳолате ки пероҳан ва ҷомаам пора-пора буд, ба зону афтодам ва даст ба сӯи Худованд Худои худ бардоштам,
  2. Ва гуфтам: «Эй Худои ман! Аз бардоштани рӯи худ ба сӯи Ту, эй Худои ман, шарм ва хиҷолат дорам, зеро ки гуноҳҳои мо бисьёр шуда аз сар гузаштааст, ва маъсияти мо афзуда, то ба осмон расидааст.
  3. Мо аз айёми падарони худ то имрӯз дар маъсияти бузург мебошем ва ба сабаби гуноҳҳои худ — мо, подшоҳони мо, коҳинони мо — ба дасти подшоҳони кишварҳо, ба дами шамшер, ба асирӣ, ба тороҷ ва ба нанг таслим карда шудаем, чунон ки имрӯз низ ҳамин тавр аст.
  4. Ва алҳол, як лаҳза, шафқате аз ҷониби Худованд Худои мо зоҳир шуда, Ӯ бақияе аз мо боқӣ гузоштааст ва ба мо ато фармудааст, ки дар макони муқаддаси Ӯ ҷойгир ша-вем; ва Худои мо чашмони моро равшан карда, андак ҷое ба мо додааст, то ки дар он дар бандагии худ умр ба сар барем.
  5. Зеро ки мо бандагонем, вале Худои мо дар бандагии мо ҳам моро тарк накардааст, балки марҳамати худро пеши подшоҳони Форс бар мо нигаронидааст: ба мо ато фармудааст, ки умр ба сар бурда, хонаи Худои моро барпо намоем ва харобазори онро аз нав барқарор кунем, ва Ӯ дар Яҳудо ва Ерусалим қалъае ба мо бахшидааст.
  6. Ва алҳол, эй Худои мо, баъд аз ин чӣ гӯем? Зеро ки аҳкоми Туро тарк кардаем, —
  7. Аҳкомеро, ки Ту ба воситаи бандагони Худ анбиё амр фармуда, гуфтаӣ: «Замине ки шумо барои тасарруфи он меравед, заминест, ки аз наҷосати қавмҳои кишварҳо наҷис шудааст, ва онҳо онро бо корҳои зишти худ, бо мурдории худ сар то сар пур кардаанд.
  8. Бинобар ин, духтарони худро ба писарони онҳо надиҳед, ва духтарони онҳоро барои писарони худ нагиред, ва осоиш-тагӣ ва хушбахтии онҳоро то ба абад талаб накунед, то ки мустаҳкам шавед, ва нозу неъмати ин заминро бихӯред, ва онро ба писарони худ то ба абад мерос бигузоред».
  9. Ва баъд аз ҳамаи ин бадбахтиҳое ки ба сабаби аъмоли бади мо ва маъсияти бузурги мо ба сари мо омадааст, — гарчанде ки Ту, эй Худои мо, ҷазои гуноҳҳои моро кам кар-да, ба мо чунин халосие додаӣ, —
  10. Наход ки мо боз аҳкоми Туро поймол намуда, бо ин қавмҳои зишткор хешовандӣ пайдо кунем? Оё Ту бар мо ғазаб нахоҳӣ кард, то ба дараҷае ки моро тамоман маҳв на-моӣ, бе он ки бақияе ва халосие бимонад?
  11. Худовандо, Худои Исроил! Ту одил ҳастӣ, зеро ки бақияе аз мо мисли имрӯз саломат мондаанд; инак мо ба ҳузури Ту дар маъсияти худ ҳозирем, гарчанде ки ба сабаби ин ба ҳузури Ту истодагӣ кардан мумкин нест».

© IBT 1992

Эзро боби 8

Номгӯи ҳамроҳони Эзро.

  1. ВА инҳоянд сардорони хонаводаҳо ва насабномаи онҳое ки дар салтанати подшоҳ Артаҳшасто ҳамроҳи ман аз Бобил баромаданд:
  2. Аз зодагони Финҳос — Ҷершум; аз зодагони Итомор — Дониёл; аз зодагони Довуд — Ҳаттуш;
  3. Аз зодагони Шаканьё, аз зодагони Фаръуш —  За-карьё ва бо ӯ саду панҷоҳ нафар аз мардон ба насабнома дароварда шудаанд;
  4. Аз зодагони ҳокими Мӯоб — Эльёҳуэнай ибни Зараҳьё, ва бо ӯ дусад нафар аз мардон;
  5. Аз зодагони* … — Шаканьё ибни Яҳазиил, ва бо ӯ сесад нафар аз мардон;
  6. Ва аз зодагони Один — Обид ибни Юнотон, ва бо ӯ панҷоҳ нафар аз мардон;
  7. Ва аз зодагони Элом — Ишаъё ибни Атальё, ва бо ӯ ҳафтод нафар аз мардон;
  8. Ва аз зодагони Шафатьё — Забадьё ибни Микоил, ва бо ӯ ҳаштод нафар аз мардон;
  9. Аз зодагони Юоб — Убадьё ибни Еҳиил, ва бо ӯ дусаду ҳаждаҳ нафар аз мардон;
  10. Ва аз зодагони*… — Шалумит ибни Юсифьё, ва бо ӯ саду шаст нафар аз мардон;
  11. Ва аз зодагони Бебай — Закарьё ибни Бебай, ва бо ӯ бисту ҳашт нафар аз мардон;
  12. Ва аз зодагони Азҷод — Юҳонон ибни Ҳақоттон, ва бо ӯ саду даҳ нафар аз мардон;
  13. Ва аз зодагони Адуниқом — касони охиринашон, ва ин аст номҳои онҳо: Элифолат, Яиил ва Шамаъё, ва бо онҳо шаст нафар аз мардон;
  14. Ва аз зодагони Биҷвай — Утай ва Заккур, ва бо онҳо ҳафтод нафар аз мардон.

Эзро левизодагон ва тобеонро даъват менамояд.

  1. Ва онҳоро назди наҳре ки ба Аҳаво ҷорӣ мешавад, ҷамъ овардам, ва дар он ҷо се рӯз истодем, ва чун қавм ва коҳинонро аз назар гузарондам, аз зодагони Левӣ дар он ҷо наёфтам.
  2. Ва назди Элиэзер, Ариэл, Шамаъё, Элнотон, Ёриб, Элнотон, Нотон, Закарьё ва Машуллом, ки сардор буданд, ва назди Юриб ва Элнотон, ки омӯзгор буданд, фиристодам,
  3. Ва онҳоро назди Иддӯ, ки дар мавзеи Каспиё сардор буд, равона кардам, ва ба даҳонашон суханонеро гузоштам, ки бояд ба Иддӯ ва бародаронаш — тобеони мавзеи Каспиё — бигӯянд, то ки хизматгузоронро барои хонаи Худои мо назди мо биёранд.
  4. Ва азбаски дасти некӯи Худои мо бар мо буд, онҳо марди хирадмандеро аз зодагони Маҳлӣ ибни Левӣ ибни Исроил барои мо оварданд, яъне Шарибьёро бо писаронаш ва бародаронаш, ки ҳаждаҳ нафар буданд;
  5. Ва Ҳашабьёро, ва бо ӯ аз зодагони Марорӣ Ишаъёро, ва бародарони ӯ ва писарони онҳоро, ки бист нафар буданд;
  6. Ва аз тобеон, ки Довуд ва мирон барои хизмати леви-зодагон дода буданд, дусаду бист нафар тобеон, ки ҳамаашон номбар шудаанд.

Эълон кардани рӯзадорӣ назди наҳри Аҳаво.

  1. Ва дар он ҷо, назди наҳри Аҳаво, ман рӯзадорӣ эълон кардам, то ки дар ҳузури Худои мо тавозӯъ намуда, аз Ӯ барои худамон ва барои кӯдаконамон ва барои тамоми молу мулкамон роҳи рост талаб кунем,
  2. Зеро ман ор донистам, ки аз подшоҳ сарбозон ва саво-рон талаб кунам, то ки моро дар роҳ аз душман нигаҳбонӣ кунанд, чунки мо ба подшоҳ сухан ронда, гуфта будем: «Дасти Худои мо ба ҳар касе ки ба Ӯ рӯ меоварад, ба некӯист, вале кудрати Ӯ ва ғазаби Ӯ бар зидди ҳамаи онҳоест, ки Ӯро тарк мекунанд».
  3. Ва мо рӯза доштем ва аз Худои мо дар ин бора талаб кардем, ва Ӯ моро иҷобат намуд.

Ионатҳо барои маъбад ба дасти дувоздаҳ коҳин супурда шуд.

  1. Ва дувоздаҳ нафар аз сардорони коҳинон: Шарибьё, Ҳашабьё ва бо онҳо аз бародаронашон даҳ нафарро ҷудо кардам,
  2. Ва нуқра ва тилло ва зарфҳои ионати хонаи Худои моро, ки подшоҳ ва мушовиронаш ва ҳамаи исроилиёни он ҷо ионат карда буданд, ба онҳо баркашида додам,
  3. Ва баркаш карда ба дасташон супурдам: шашсаду пан-ҷоҳ киккар нуқра; ва, илова бар он, сад киккар зарфҳои нуқра; сад киккар тилло;
  4. Ва бист тоси тилло, илова бар ҳазор дирҳам; ва ду зарфи миси покиза ва зебо, ки мисли тилло гаронбаҳо буд.
  5. Ва ба онҳо гуфтам: «Шумо барои Худованд муқаддас мебошед, ва ин зарфҳо низ муқаддас аст, ва ин нуқра ва тилло ионат аст барои Худованд Худои падарони шумо.
  6. Пас, ҳушьёр бошед ва нигаҳбонӣ намоед, то даме ки ба ҳузури сардорони коҳинон ва левизодагон ва сардорони хонаводаҳои Исроил дар Ерусалим ба ҳуҷраҳои хонаи Худованд баркаш карда бисупоред».
  7. Ва коҳинону левизодагон нуқра ва тилло ва зарфҳоро бо баркаш қабул карданд, то ки ба Ерусалим, ба хонаи Худои мо биёранд.

Ба Ерусалим омадани Эзро.

  1. Ва дар рӯзи дувоздаҳуми моҳи якум аз наҳри Аҳаво роҳсипор шудем, то ба Ерусалим биравем, ва дасти Худои мо бар мо буд, ва моро аз дасти душманон ва роҳзанон халос кард.
  2. Ва чун ба Ерусалим расидем, се руз дар он ҷо истодем.
  3. Ва дар рӯзи чорум нуқра ва тилло ва зарфҳо дар хонаи Худои мо бо баркаш ба дасти Маримут, ибни Уриёи коҳин супурда шуд, ва Элъозор ибни Финҳос бо вай буд, ва леви-зодагон Юзобод ибни Ешуа ва Нуадьё ибни Бинуй бо онҳо буданд;
  4. Ҳамааш шумурда ва баркаш карда шуд, ва тамоми баркаш дар он вақт навишта шуд.
  5. Ҷалои ватан шудагоне ки аз асирӣ баргашта буданд, барои Худои Исроил қурбониҳои сӯхтанӣ забҳ карданд: ду-воздаҳ гов барои тамоми Исроил; наваду шаш қӯчқор; ҳаф-тоду ҳафт барра; дувоздаҳ нарбуз барои кафорати гуноҳҳо; ҳамаи инҳо қурбонии сӯхтанӣ барои Худованд буд.
  6. Ва фармонҳои подшоҳро ба ҳокимони подшоҳ ва ба волиёни Мовароуннаҳр доданд, ва инҳо қавм ва хонаи Худоро ёварӣ карданд.

*5   ва  10. Дар ин ҷо номи хонавода афтодааст.

© IBT 1992

Эзро боби 7

Эзро ба Ерусалим равона мешавад.

  1. ВА баъд аз ин воқеаҳо, дар салтанати Артаҳшасто, подшоҳи Форс, Эзро ибни Сароё, ибни Азарьё, ибни Ҳилқиё,
  2. Ибни Шаллум,   ибни   Содӯқ,   ибни  Аҳитуб,
  3. Ибни Амарьё, ибни Азарьё, ибни Мароют,
  4. Ибни Зараҳьё, ибни Уззӣ, ибни Буққӣ,
  5. Ибни Абишуа, ибни  Финҳос,   ибни  Элъозор, ибни Ҳоруни саркоҳин —
  6. Ҳамин Эзро аз Бобил берун омад, ва ӯ дар шариати Мусо, ки Худованд Худои Исроил додааст, китобдони тезфаҳм буд. Ва азбаски дасти Худованд Худои ӯ бар ӯ буд, подшоҳ ҳар он чи ӯ хост, ба ӯ дод.
  7. Ва баъзе аз банӣ-Исроил, ва аз коҳинон, ва левизодагон, ва муғанниён, ва дарбонон, ва тобеон дар соли ҳафтуми подшоҳ Артаҳшасто баромада, рӯ ба ҷониби Ерусалим карданд.
  8. Ва у дар моҳи панҷум, дар соли ҳафтуми подшоҳ ба Ерусалим расид.
  9. Зеро ки дар рӯзи якуми моҳи якум хуруҷ аз Бобил оғоз ёфт, ва чун дасти некӯи Худои ӯ бар ӯ буд, дар рӯзи якуми моҳи панҷум ӯ ба Ерусалим расид,
  10. Чунки Эзро дили худро ба он моил карда буд, ки Тавроти Худовандро маънидод кунад, ва онро ба амал оварад, ва фароиз ва аҳкоми шариатро ба Исроил таълим диҳад.

Фармоне ки подшоҳ Артаҳшасто ба  Эзро додааст.

  1. Ва ин аст мундариҷаи номае ки подшоҳ Артаҳшасто ба Эзрои коҳин ва китобдон дод, ки донандаи аҳкоми Худованд ва фароизи Ӯ бар Исроил буд:
  2. «Шоҳаншоҳ Артаҳшасто ба Эзрои коҳин ва китобдони комили шариати Худои осмон. Ва алҳол,
  3. Аз ҷониби ман фармон дода шуд, ки дар мамлакати ман ҳар кас аз миёни қавми Исроил ва коҳинону левизо-дагони онҳо, ки розӣ бошад ҳамроҳи ту ба Ерусалим бира-вад, — бигзор равад.
  4. Азбаски ту аз ҷониби подшоҳ ва ҳафт мушовири ӯ фиристода шудаӣ, то Яҳудия ва Ерусалимро бар тибқӣ ша-риати Худои ту, ки дар дасти туст, тафаққуд намоӣ,
  5. Ва нуқраю таллоеро, ки подшоҳ ва мушовиронаш барои Худои Исроил, ки масканаш дар Ерусалим аст, хайрот кар-даанд, бибарӣ,
  6. Ва низ тамоми нуқраю тиллоеро, ки ту дар  тамоми кишвари Бобил ба даст оварӣ, бо якҷоягии хайроте ки қавм ва коҳинон барои хонаи Худои худ, ки дар Ерусалим аст, додаанд, —
  7. Пас фавран ба ин пул говон, кӯчқорон, баррагон ва ҳадияҳои ордӣ ва рехтании онҳоро бихар, ва онҳоро бар қур-бонгоҳи хонаи Худои шумо, ки дар Ерусалим аст, забҳ намо.
  8. Ва ҳар он чи ба назари ту ва бародаронат писанд ояд, ки бо бақияи нуқра ва тилло бикунед, — бар тибқи иродаи Худои худ бикунед.
  9. Ва зарфҳоеро, ки ба ту барои ибодати хонаи Худои ту дода шудааст, ба ҳузури Худои Ерусалим бигузор.
  10. Ва лавозимоти дигари хонаи Худои туро, ки ба додани он ту вазифадор бошӣ, — аз ганҷхонаи подшоҳ бидеҳ.
  11. Ва аз ҷониби ман, ки подшоҳ Артаҳшасто ҳастам, ба ҳамаи хазинадорони Мовароуннаҳр фармон дода шудааст, ки ҳар он чи Эзрои коҳин ва китобдони шариати Худои осмон аз шумо талаб кунад, фавран бояд ба ҷо оварда шавад:
  12. То сад киккар нуқра, ва то сад кӯр гандум ва то сад бат* шароб, ва то сад бат равған, ва аз намак — ҳар қадаре ки хоҳанд.
  13. Ҳар он чи бар тибқи аҳкоми Худои осмон бошад, бояд барои хонаи Худои осмон бекаму кост ба ҷо оварда шавад, зеро чаро ғазабе бар салтанати подшоҳ ва писаронаш нозил шавад?
  14. Ва шуморо огоҳ менамоям, ки бар ҳамаи коҳинон ва левизодагон, муғанниён, дарбонон, тобеон ва ходимони ин хонаи Худо закот, боҷ ва хироҷ андохтан лозим нест.
  15. Ва ту, эй Эзро, бар тибқи ҳикмати Худои ту, ки дар дасти туст, доварон ва қозиёнро таъин намо, то бар тамоми қавме ки дар Мовароуннаҳр мебошанд, — бар ҳамаи онҳое ки шариати Худои туро медонанд, доварӣ кунанд; ва онҳоеро, ки намедонанд, таълим диҳед.
  16. Ва ҳар кӣ мувофиқи шариати Худои ту ва мувофиқи қонуни подшоҳ рафтор накунад,  бигзор  фавран бар  вай доварӣ намуда ҳукм кунанд: ё ба қатл, ё ба бадарға, ё ба мусодираи молу мулк ва ё ба ҳабс».
  17. Муборак аст Худованд Худои  падарони мо,  ки ин майлро дар дили подшоҳ ҷойгир кардааст,  ки хонаи Худовандро, ки дар Ерусалим аст, зинат диҳад,
  18. Ва маро дар ҳузури подшоҳ ва мушовирони вай, ва ҳамаи мирони пуриқтидори подшоҳ сазовори марҳамат гар-дондааст, ва ман бар тибқи дасти Худованд Худои ман, ки бар ман буд, қувват гирифтам ва аз миёни Исроил сардо-ронро ҷамъ овардам, то ки ҳамроҳи ман бароянд.

*22. Бат — андозаи вазни моеот, ки тақрибан чил литр буд.

© IBT 1992

Эзро боби 6

Дорьёвеш фармони Курушро тасдиқ мекунад.

  1. ОН гоҳ подшоҳ Дорьёвеш фармон дод, ва дар китобхонаи Бобил, ки ганҷҳоро дар он ҷо мегузоштанд, ҷустуҷӯ карданд.
  2. Вале дар Аҳмато, дар қасре ки дар кишвари Модай буд, тӯморе ёфт шуд, ва андаруни он чунин навишта шудааст: «Барои хотира.
  3. Дар соли якуми подшоҳ Куруш, подшоҳ Куруш дар бораи хонаи Худо дар Ерусалим фармон дод, ки ин хона — ҷое ки қурбониҳо забҳ карда мешавад, — бино ёбад, ва буньёдаш мустаҳкам бошад; баландии он шаст зироъ, фарохии он шаст зироъ шавад,
  4. Бо се қатор сангҳои бузург ва як қатор чӯби нав; ва харҷаш аз хонаи подшоҳ дода шавад.
  5. Ва низ зарфҳои тилло ва нуқраи хонаи Худо, ки Набукаднесар онҳоро аз маъбади Ерусалим гирифта, ба Бобил оварда буд, баргардонида, ба маъбади Ерусалим, дар ҷои худашон, бурда шаванд, то ки онҳо дар хонаи Худо гузошта шаванд».
  6. «Ва алҳол, эй Татнай,  волии  Мовароуннаҳр, Штар-Бузнай ва рафиқони шумо, ки дар Мовароуннаҳр мебошанд, аз он ҷо дур шавед!
  7. Ба кори ин хонаи Худо мудохила накунед:   бигзор волии яҳудиён ва пирони яҳудӣ ин хонаи Худоро дар ҷои он бино кунанд.
  8. Ва аз ҷониби ман фармон дода мешавад, ки шумо бо ин пирони яҳудӣ дар бобати бино кардани ин хонаи Худо чӣ гуна бояд рафтор намоед: аз молу мулки подшоҳӣ, аз закоти Мовароуннаҳр, фавран ба ин одамон барои хароҷот дода шавад, то ки корашон лат нахӯрад;
  9. Ва тамоми чизи даркориашон: гӯсолаҳо ва қӯчқорҳо ва барраҳо аз баҳри қурбониҳои сӯхтанӣ барои Худои осмон, гандум, намак, шароб ва равған, аз рӯи гуфтаи коҳиноне ки дар Ерусалим ҳастанд, рӯз ба рӯз ба онҳо бекаму кост дода шавад,
  10. То ки онҳо ҳадияҳои хушбӯй барои Худои осмон қур-бонӣ намоянд ва барои ҳаёти подшоҳ ва писаронаш дуо гӯ-янд.
  11. Ва аз ҷониби ман фармон дода мешавад, ки ҳар одаме ки ин амрро тағьир диҳад, аз хонаи вай ғӯлачӯбе гирифта, вай бар он бардошта овехта хоҳад шуд, ва хонаи вай ба ин сабаб вайрон карда хоҳад шуд.
  12. Ва Худое ки исмаш дар он ҷо сокин аст, ҳар подшоҳ ва қавмро, ки дасти худро барои тағъир додани ин амр бар зарари ин хонаи Худо, ки дар Ерусалим аст, дароз мекунад, вожгун хоҳад сохт. Ман, Дорьёвеш, ин фармонро додаам, то ки фавран ба ҷо оварда шавад».
  13. Он гоҳ Татнай, волии Мовароуннаҳр, Штар-Бузнай ва рафиқони онҳо мувофиқи он чи подшоҳ Дорьёвеш фиристода буд, фавран амал карданд.
  14. Ва пирони яҳудӣ, мувофиқи нубуввати Ҳаҷҷаи набӣ ва Закарьё ибни Иддӯ,  бино  мекарданд   ва муваффақият меёфтанд; ва бар ҳасби ҳукми Худои Исроил ва аз рӯи фармони Куруш ва Дорьёвеш ва Артаҳшасто, подшоҳони Форс, онро бино карданд ва барпо намуданд.

Анҷоми сохтмони маъбад ва тақдис кардани он.

  1. Ва ин хона то рӯзи сеюми моҳи адор, дар соли шашуми салтанати подшоҳ Дорьёвеш ба анҷом расид.
  2. Ва банӣ-Исроил, коҳинон, левизодагон ва дигар касоне ки аз асирӣ баргашта буданд, ин хонаи Худоро бо шодмонӣ тақдис карданд.
  3. Ва барои тақдиси ин хонаи Худо сад гов, дусад қӯч-қор, чорсад барра, ва барои кафорати гуноҳҳои тамоми Исро-ил — мувофиқи шумораи сибтҳои Исроил — дувоздаҳ нарбуз қурбонӣ карданд.
  4. Ва коҳинонро дар шӯъбаҳошон, ва левизодагонро дар навбатҳошон ба ибодати Худо дар Ерусалим, бар тибқи он чи дар китоби Мусо навишта шудааст, таъин карданд.
  5. Ва онҳое ки аз асирӣ баргашта буданд, иди фисҳро дар рӯзи чордаҳуми моҳи якум ба ҷо оварданд,
  6. Зеро ки коҳинон ва левизодагон саросар таҳорат карданд, ҳамаашон тоҳир шуданд; ва барои ҳамаи онҳое ки аз асирӣ баргашта буданд, барои бародарони худ коҳинон ва барои худашон барраҳои фисҳро забҳ карданд.
  7. Ва банӣ-Исроил, ки аз асирӣ баргашта буданд, ва ҳамаи касоне ки аз наҷосати халқҳои он замин ҷудо шуда ба онҳо пайваста буданд, то ба Худованд Худои Исроил рӯ оваранд, онро хӯрданд.
  8. Ва иди фатирро ҳафт рӯз бо шодмонӣ ба ҷо оварданд, зеро ки Худованд онҳоро шод кард ва дили подшоҳи Ашшурро ба онҳо моил намуд, то ки дастҳои онҳоро дар кори хонаи Худо, Худои Исроил, пурзӯр созад.

© IBT 1992

Эзро боби 5

Бо ҷидду ҷаҳди Ҳаҷҷаи набӣ ва Закарьёи набӣ аз нав ба кор шурӯъ карданд.

  1. ВА Ҳаҷҷаи набӣ ва Закарьё ибни Иддӯи набӣ ба яҳудиёне ки дар Яҳудо ва Ерусалим буданд, ба  исми  Худои Исроил дар ҳаққи онҳо нубувват карданд.
  2. Он гоҳ Зарубобил   ибни   Шаалтиил   ва   Ешуа ибни Юсодоқ бархоста, ба бино кардани хонаи Худо, ки дар Ерусалим аст, шурӯъ намуданд, ва анбиёи Худо бо онҳо буда, ба онҳо ёварӣ мекарданд.
  3. Дар он вақт Татнай, волии Мовароуннаҳр, ва Штар-Бузнай, ва рафиқонашон назди онҳо омада, ба онҳо чунин гуфтанд: «Кист, ки ба шумо фармон додааст, ки ин хонаро бино кунед ва ин ҳисорро барпо намоед?»
  4. Он гоҳ мо ба онҳо номҳои касонеро гуфтем,  ки  ин иморатро бино мекарданд.
  5. Ва чашми Худои онҳо бар пирони яҳудиён буд, ва кори онҳо қатъ карда нашуд, то даме ки ин масъаларо ба Дорьёвеш равона карданд, ва дар ин бора ҷавобе расид.

Хабаркашӣ ба подшоҳ Дорьёвеш.

  1. Ин аст мундариҷаи номае ки Татнай, волии Мова-роуннаҳр, ва Штар-Бузнай ва рафиқонашон, афраксиёне ки дар Мовароуннаҳр буданд, ба подшоҳ Дорьёвеш фиристо-даанд;
  2. Номае ба ӯ фиристодаанд, ва андаруни он чунин на-вишта шудааст: «Ба подшоҳ Дорьёвеш осоиштагии комил бод!
  3. Подшоҳро маълум бод, ки мо ба кишвари Яҳудия, ба хонаи Худои муаззам рафтем; ва он аз сангҳои бузург бино карда мешавад, ва чӯб бар деворҳояш гузошта мешавад, ва ин кор дар дасти онҳо ба сурати мукаммал ва бомуваффа-қият ба ҷо оварда мешавад.
  4. Он гоҳ мо ба пирони онҳо савол дода, гуфтем: «Кист, ки ба шумо фармон додааст, ки ин хонаро бино кунед ва ин ҳисорро барпо намоед?»
  5. Ва низ номҳои онҳоро пурсидем, то ба ту хабар диҳем ва номҳои касонеро, ки ба онҳо сардорӣ мекунанд, бинави-сем.
  6. Ва онҳо дар ҷавоби мо чунин суханонро гуфтанд: «Мо бандагони Худои осмон ва замин ҳастем, ва хонаеро бино мекунем, ки чандин сол пеш аз ин бино ёфта буд, ва под-шоҳи бузурги Исроил онро бино карда ва ба анҷом расонда буд.
  7. Аммо, вақте ки падарони мо Худои осмонро ба ғазаб оварданд, Ӯ онҳоро ба дасти Набукаднесари калдонӣ, подшо-ҳи Бобил, таслим намуд, ки вай ин хонаро хароб кард, ва ин қавмро ба Бобил ба асирӣ бурд.
  8. Лекин дар соли якуми Куруш, подшоҳи Бобил, подшоҳ Куруш фармон дод, ки ин хонаи Худоро бино кунанд;
  9. Ва низ зарфҳои тилло ва нуқраи хонаи Худо, ки Набукаднесар аз маъбади Ерусалим гирифта, ба маъбади Бобил оварда буд, — онҳоро подшоҳ Куруш аз маъбади Бобил берун оварда, ба Шешбасар ном шахсе дод, ки варо волӣ таъин намуд.
  10. Ва ба вай гуфт: ин зарфҳоро бардошта бирав ва онҳоро дар маъбаде ки дар Ерусалим аст, бигузор, ва хонаи Худо дар ҷояш бино карда шавад.
  11. Пас, ин Шешбасар омада, буньёди хонаи Худоро, ки дар Ерусалим аст, ниҳод, ва аз он вақт то кунун бино карда мешавад, ва ҳанӯз анҷом наёфтааст».
  12. Ва алҳол, агар подшоҳ салоҳ донад, бигзор дар ганҷхонай подшоҳ, ки дар Бобил аст, ҷустуҷӯ намоянд, ки оё под-шоҳ Куруш ҳақиқатан фармон дода будааст, ки ин хонаи Худоро дар Ерусалим бино кунанд; ва иродаи подшоҳ дар ин бора бигзор ба мо фиристода шавад».

© IBT 1992

Эзро боби 4

Душманон саъю кӯшиш менамоянд ба сохтмон монеъ шаванд.

  1. ВА душманони Яҳудо ва Биньёмин шуниданд, ки аз асирӣ гашта омадагон барои Худованд Худои Исроил маъбад бино мекунанд;
  2. Ва назди Зарубобил ва сардорони хонаводаҳо омада, ба онҳо гуфтанд: «Мо ҳамроҳи шумо бино хоҳем кард, чунки мо, мисли шумо, аз айёми Эсар-Ҳадун, подшоҳи Ашшур, ки моро ба ин ҷо оварда буд, ба Худои шумо муроҷиат менамоем ва барои Ӯ қурбонӣ меоварем».
  3. Вале Зарубобил ва Ешуа ва дигар сардорони хонаводаҳои Исроил ба онҳо гуфтанд: «Шумо бо мо хонаи Худои моро бино нахоҳед кард, балки танҳо мо барои Худованд Худои Исроил, чунон ки подшоҳ Куруш, подшоҳи Форс, ба мо амр фармудааст, бино хоҳем кард».
  4. Ва мардуми он кишвар дастҳои қавми Яҳудоро суст мекарданд ва онҳоро аз бино кардан метарсониданд;
  5. Ва бар зидди онҳо мушовиронро киро мекарданд, то ки иқдоми онҳоро вайрон кунанд, — ин ҳол дар тамоми айёми Куруш, подшоҳи Форс, то вақти подшоҳии Дорьёвеш, подшоҳи Форс, давом ёфт.
  6. Ва дар замони подшоҳии Аҳашверӯш,  дар ибтидои подшоҳии ӯ, бӯҳтоне дар ҳаққи сокинони Яҳудо ва Ерусалим навиштанд.

Ба Артаҳшасто нома мефиристанд.

  1. Ва дар айёми Артаҳшасто Бишлом, Митредот, Тобъил ва дигар рафиқони онҳо ба Артаҳшасто, подшоҳи Форс, на-виштанд; ин нома бо хату забони арамӣ навишта ва аз арамӣ тарҷима карда шуда буд.
  2. Раҳуми фармондеҳ   ва   Шимшаи   котиб   номае   дар бораи  Ерусалим   ба   подшоҳ    Артаҳшасто   ба   ин   мазмун навиштанд:
  3. «Пас, Раҳуми фармондеҳ ва Шимшаи котиб ва дигар рафиқони онҳо — диниён ва афарсаткиён, тарфалиён, афра-сиён, аркиён,   бобилиён,  шушаниён, даҳоиён, эломиён
  4. Ва қабилаҳои дигаре ки Оснафари* муаззам ва пур-шараф онҳоро кӯчонида, дар шаҳри Сомария ва дар ҷойҳои дигари Мовароуннаҳр ҷойгир карда буд. Ва алҳол…»
  5. Ин аст мундариҷаи номае ки ба ӯ фиристодаанд: «Ба подшоҳ Артаҳшасто — бандагонат, ки сокинони Мовароун-наҳр ҳастем; ва алҳол,
  6. Подшоҳро маълум бод, ки яҳудиёне ки аз ҷониби ту сӯи мо баромада буданд, ба Ерусалим расиданд, ин шаҳри балвогар ва  шарирро бино мекунанд,  ва ҳисорҳоро барпо ва буньёдҳоро мустаҳкам менамоянд.
  7. Алҳол подшоҳро маълум бод, ки агар ин шаҳр бино ёбад, ва ҳисорҳояш барпо гардад, закот, боҷ ва хироҷ на-хоҳанд дод, ва хазинаи подшоҳ зарар хоҳад дид.
  8. Алҳол, азбаски мо нону намаки қасрро мехӯрем, шоиста нест, ки мо осебу зиёни подшоҳро бубинем, бинобар ин фи-ристода, подшоҳро хабардор намудем.
  9. Бигзор дар китоби ёддошти падаронат ҷустуҷӯ намо-янд, ва ту аз китоби ёддошт дарьёфт хоҳӣ кард ва хоҳӣ донист, ки ин шаҳр шаҳри балвогар ва барои подшоҳон ва мамлакатҳо зараровар аст, ва андарунн он аз қадимулайём фитна меангехтанд, ба ҳамин сабаб ин шаҳр хароб гардида буд.
  10. Мо подшоҳро огоҳ менамоем, ки агар ин шаҳр бино ёбад, ва ҳисорҳояш барпо гардад, пас  аз он  туро насибе дар Мовароуннаҳр нахоҳад буд».

Фармони Артаҳшасто.

  1. Подшоҳ ба Раҳуми фармондеҳ ва Шимшаи котиб ва дигар рафиқони онҳо, ки дар Сомария ва ҷойҳои дигари Мовароуннаҳр иқомат доштанд, ҷавоб фиристод:  «Салом! Ва алҳол,
  2. Номае ки ба мо фиристодаед, дар ҳузури ман муфас-сал хонда шуд;
  3. Ва аз ҷониби ман амр фармуда шуд, — ва ҷустуҷӯ намуда, дарьёфт карданд, ки ин шаҳр аз қадимулайём бар зидди подшоҳон қиём мекардааст, ва балвою фитнаҳо дар он ба вуқӯъ меомадааст;
  4. Ва подшоҳони қавӣ бар Ерусалим будаанд, ва онҳо дар тамоми Мовароуннаҳр салтанат мерондаанд, ва закот, боҷ ва хироҷ ба онҳо дода мешудааст;
  5. Пас, фармоне бидиҳед, ки ин одамон корро бас ку-нанд, ва ин шаҳр бино наёбад, то даме ки аз ҷонибн ман фармоне дода шавад;
  6. Ва эҳтиёт шавед, ки дар ин кор саҳве накунед: чаро ин вайронкорӣ бар зарари подшоҳон афзун гардад?»
  7. Ҳамин ки ин номаи подшоҳ Артаҳшасто ба ҳузури Раҳум ва Шимшаи котиб ва рафиқонашон хонда шуд, онҳо фавран ба Ерусалим назди яҳудиён рафтанд ва бо ҷавру зӯрӣ кори онҳоро хобонданд.
  8. Он гоҳ кори хонаи Худо, ки дар Ерусалим аст, хобонда шуд, ва то соли дуюми подшоҳии Дорьёвеш қатъ гардид.

* 10. Набераи подшоҳ Санҳериб  — Ашшурбанифал дар назар дошта шудааст.

© IBT 1992

Эзро боби 3

Сохтани қурбонгоҳ.

  1. ВА моҳи ҳафтум фаро расид, ва банӣ-Исроил дар шаҳр-ҳо буданд, ва қавм, мисли як тан, дар Ерусалим ҷамъ омаданд.
  2. Ва Ешуа ибни Юсодоқ, ва бародаронаш, ки коҳинон буданд, ва Зарубобил ибни Шаалтиил ва бародаронаш бархостанд, ва қурбонгоҳи Худои Исроилро бино карданд, то бар он қурбониҳои  сӯхтанӣ, чунон ки дар шариати Мусо, марди Худо, навишта шудааст, бароваранд.
  3. Ва қурбонгоҳро бар ҷои он барпо карданд, зеро ки аз қавмҳои кишварҳо бим  доштанд;  ва   бар   он  қурбониҳои сӯхтанӣ барои Худованд, қурбониҳои сӯхтании субҳ ва шомро мебароварданд.

Аз нав барқарор кардани ибодати қадимӣ.

  1. Ва иди хаймаҳоро, чунон ки навишта шудааст, ба ҷо оварда, қурбонии сӯхтании ҳаррӯзаро ба миқдоре ки аз рӯи оин барои ҳар рӯз муқаррар гардидааст, бароварданд.
  2. Ва баъд аз он қурбонии сӯхтании доимиро дар навмоҳ-ҳо, ва дар ҳамаи идҳои муқаддаси Худованд, ва барои ҳар касе ки ба Худованд ионат меоварад, баровардан гирифтанд.
  3. Аз рӯзи якуми моҳи ҳафтум ба баровардани қурбо-ниҳои сӯхтанӣ барои Худованд  шурӯъ карданд,   валекин буньёди маъбади Худованд ҳанӯз ниҳода нашуда буд.
  4. Ва нуқра ба сангтарошону наҷҷорон, ва хӯроку маш-руботу равған ба сидӯниён ва сӯриён доданд, то аз Лубнон, мувофиқи иҷозате ки Куруш, подшоҳи Форс, ба онҳо до-дааст, дарахтони арзро бо роҳи баҳр ба Ёфӯ биёранд.

Ниҳодани буньёди маъбад.

  1. Ва дар соли дуюми расиданашон ба хонаи Худо, ки дар Ерусалим аст, дар моҳи дуюм, Зарубобил ибни Шаалтиил ва Ешуа ибни Юсодоқ ва дигар бародарони онҳо, коҳинон ва левизодагон ва ҳамаи онҳое ки аз асирӣ ба Ерусалим омада буданд, шурӯъ карданд, ва левизодагонро, аз бистсола ва болотар ба назорат кардан ба кори хонаи Худованд гузоштанд.
  2. Ва Ешуа, писарон ва бародаронаш, Қадмиил ва писаронаш, зодагони Яҳудо, мисли як тан, биистоданд, то ба касоне ки бо кори хонаи Худо машғул буданд, яъне ба зодагони Ҳенодод, писаронашон ва бародаронашон, ки левизода буданд, назорат кунанд.
  3. Ва чун бинокорон буньёди маъбади Худовандро ниҳо-данд, коҳинонро дар либоси худашон бо карнайҳо, ва левизодагон, писарони Ософро бо санҷҳо гузоштанд, то ки Худовандро мувофиқи расми Довуд, подшоҳи Исроил, мадҳ намоянд.
  4. Ва онҳо бо ҷӯшу хурӯш сароида, Худовандро мадҳ ва ҳамд мегуфтанд, зеро ки Ӯ некӯст, зеро ки марҳамати Ӯ бар Исроил то абад аст; ва тамоми қавм бо нидои баланди шодӣ Худовандро барои буньёд ниҳодан ба хонаи Худованд мадҳ мегуфтанд.
  5. Ва бисьёре аз коҳинон ва левизодагон ва сардорони пири хонаводаҳо, ки маъбади якумро дида буданд, вақте ки буньёди ин маъбад дар пеши назарашон ниҳода шуд, бо овози баланд гиристанд; ва бисьёр касон овози худро бо нидои шодӣ баланд карданд.
  6. Ва қавм нидои шодиро аз садои гирьяи қавм  фарқ карда наметавонистанд, зеро ки қавм бағоят баланд нидо мекарданд, ва овозашон аз дур шунида мешуд.

© IBT 1992

Эзро боби 2

Номгӯи хонаводаҳое ки аз миёни қавм баргаштанд.

  1. ВА инҳоянд сокинони мамлакат, ки аз асирии ҳиҷрат, ки Набукаднесар, подшоҳи Бобил, ба Бобил ба асирӣ бурда буд, ба Ерусалим ва Яҳудо, ҳар яке ба шаҳри худ баргаштанд, —
  2. Онҳое ки бо Зарубобил, Ешуа, Наҳемьё, Сароё, Раэлоё, Мордахай, Билшон, Миспор, Биҷвай, Раҳум ва Баано омаданд. Шумораи одамони қавми Исроил:
  3. Зодагони Фаръуш — ду ҳазору саду ҳафтоду ду;
  4. Зодагони Шафатьё — сесаду ҳафтоду ду;
  5. Зодагони Ораҳ — ҳафтсаду ҳафтоду панҷ;
  6. Зодагони ҳокими Мӯоб, аз фарзандони Ешуа ва Юоб — ду ҳазору ҳаштсаду дувоздаҳ;
  7. Зодагони Элом — ҳазору дусаду панҷоҳу чор;
  8. Зодагони Затту — нӯҳсаду чилу панҷ;
  9. Зодагони Заккой — ҳафтсаду шаст;
  10. Зодагони Бонӣ — шашсаду чилу ду;
  11. Задагони Бебой — шашсаду бисту се;
  12. Зодагони Азҷод — ҳазору дусаду бисту ду;
  13. Зодагони Адуниқом — шашсаду шасту шаш;
  14. Зодагони Биҷвай — ду ҳазору панҷоҳу шаш;
  15. Зодагони Один — чорсаду панҷоҳу чор;
  16. Зодагони Отир илова ба зодагони Ҳизқиё — наваду ҳашт;
  17. Зодагонн Бесой — сесаду бисту се;
  18. Зодагони Юро — саду дувоздаҳ;
  19. Зодагони Ҳошум — дусаду бисту се;
  20. Зодагони Ҷиббор — наваду панҷ;
  21. Зодагони Байт-Лаҳм — саду бисту се;
  22. Мардуми Натуфо — панҷоҳу шаш;
  23. Мардуми Анотӯт — саду бисту ҳашт;
  24. Зодагони Азмавт —- чилу ду;
  25. Зодагони Қирьят-Орим, Кфиро ва Баэрӯт — ҳафтсаду чилу се;
  26. Зодагони Ромо ва Ҷобаъ — шашсаду бисту як;
  27. Мардуми Микмос — саду бисту ду;
  28. Мардуми Байт-Ил ва Ой — дусаду бисту се;
  29. Зодагони Набӯ — панҷоҳу ду;
  30. Зодагони Маҷбиш — саду панҷоҳу шаш;
  31. Зодагони Эломи дигар — ҳазору дусаду панҷоҳу чор;
  32. Зодагонн Ҳорим — сесаду бист;
  33. Зодагони Луд, Ҳодид ва Уну — ҳафтсаду бисту панҷ;
  34. Зодагони Ериҳӯ — сесаду чилу панҷ;
  35. Зодагони Саноо — се ҳазору шашсаду сӣ.

Аз миёни коҳинон ва левизодагон.

  1. Коҳинон: зодагони Едаъё аз хонадони Ешуа — нӯҳсаду ҳафтоду се;
  2. Зодагони Иммир — ҳазору панҷоҳу ду;
  3. Зодагони Фашҳур — ҳазору дусаду чилу ҳафт;
  4. Зодагони Ҳорим — ҳазору ҳафдаҳ.
  5. Левизодагон: зодагони Ешуа ва Қадмиил илова ба зодагони Ҳудавьё — ҳафтоду чор;
  6. Муғанниён: зодагони   Ософ   —   саду  бисту ҳашт;
  7. Зодагони дарбонон: зодагони Шаллум, зодагони Отир, зодагони Талмун, зодагони Аққуб, зодагони Ҳатито ва зо-дагонн Шубой — ҷамъ саду сиву нӯҳ.
  8. Тобеон: зодагони Сиҳо,  зодагони Ҳасуфо, зодагони Таббоут,
  9. Зодагони Қерус, зодагони Сиаҳо, зодагони Фодун,
  10. Зодагони Лабоно, зодагони Ҳаҷобо, зодагони Аққуб,
  11. Зодагони Ҳоҷоб, зодагони Салмай, зодагони Ҳонон,
  12. Зодагони Ҷиддил, зодагони Ҷаҳар, зодагони Раоё,
  13. Зодагони Расин, зодагони Нақудо, зодагони Ҷаззом,
  14. Зодагони Уззо, зодагони   Фосеҳо,   зодагони Бесой,
  15. Зодагони Асно, зодагони Мауним,   зодагони  Нафу-сим,
  16. Зодагони Бақбуқ, зодагони Ҳақуфо, зодагони Ҳарҳур,
  17. Зодагони Баслут, зодагони Маҳидо, зодагони Ҳаршо,
  18. Зодагони Барқӯс, зодагони Сисро, зодагони Томаҳ,
  19. Зодагони Насиҳо, зодагони Ҳатифо;

Аз миёни хизматгорон ва ҳамдастони Сулаймон.

  1. Зодагони ғуломони Сулаймон: зодагони Сутай, зодагони Сӯферет, зодагони Фрудо,
  2. Зодагони Яъло, зодагони Дарқун, зодагони Ҷиддил,
  3. Зодагони Шафатьё, зодагони Ҳаттил, зодагони Фухерет-Ҳасбоим, зодагони Омӣ, —
  4. Ҷамъи тобеон ва зодагони ғуломони Сулаймон — сесаду наваду ду.
  5. Ва инҳоянд касоне ки аз Тал-Милҳ, Тал-Ҳаршо, Каруб-Аддон ва Иммир баромаданд, вале хонадон ва аслу на-саби худро натавонистанд бигӯянд, ки оё аз Исроил ҳастанд ё не:
  6. Зодагони Далоё, зодагони Тубиё, зодагони Нақудо — шашсаду панҷоҳу ду.
  7. Ва аз зодагони коҳинон: зодагони Ҳобайё, зодагони Ҳаққӯс — зодагони Барзилай, ки вай аз духтарони Барзилай Ҷильодӣ зан гирифта, бо номи онҳо хонда шудааст.
  8. Инҳо насабномаи худро ҷустуҷӯ намуда, наёфта  буданд, — ва аз каҳонат хориҷ карда шуданд.
  9. Ва волӣ ба онҳо гуфт, ки то коҳине дар пеши урим ва туммим наистад, аз хӯроки қудси қудсҳо нахӯранд.

Шумора ва дороии онхо.

  1. Тамоми ин ҷамоат ба якҷоягӣ чилу ду ҳазору сесаду шаст нафар буданд,
  2. Ба ғайр аз ғуломон ва канизонашон; инҳо ҳафт ҳазору сесаду сиву ҳафт нафар буданд; ва ҳамроҳашон дусад на-фар муғаннӣ ва муғаннияҳо буданд.
  3. 66. Аспҳои онҳо — ҳафтсаду сиву шаш; хачирҳои онҳо — дусаду чилу панҷ;
  4. Уштурҳои онҳо — чорсаду сиву панҷ; харҳои онҳо — шаш ҳазору ҳафтсаду бист.
  5. Ва баъзе аз сардорони хонаводаҳо, чун ба хонаи Худованд, ки дар Ерусалим   аст,   расиданд,   хайрот   барои хонаи Худо доданд, то ки онро бар ҷояш аз  нав барқарор намоянд.
  6. Алоқадри ҳолашон ба хазина барои ин кор шасту як ҳазор дирҳам* тилло, панҷ ҳазор мино** нуқра ва сад пероҳани каҳонат доданд.
  7. Ва коҳинон, ва левизодагон, ва баъзе аз қавм, ва муғанниён, ва дарбонон, ва тобеон дар шаҳрҳои худ, ва та-моми Исроил дар шаҳрҳои худ маскан гирифтанд.

* 69. Дирҳам — сиккаи тилло, ки Дорьёвеши Якум бароварда буд; тақрибан 8,64 грамм вазн дошт.

** 69. Мино — сиккаи нуқраи Форс, ки вазнаш 560 грамм буд.

© IBT 1992

Эзро боби 1

Фармони Куруш дар бораи аз нав барқарор кардани маъбади Ерусалим.

  1. ВА дар соли якуми Куруш, подшоҳи Форс, барои он ки каломи Худованд аз забони Ирмиё иҷро шавад, Худованд рӯҳи Куруш, подшоҳи Форсро барангехт, ва ӯ дар тамоми мамлакати худ ҷор андохт ва ба таври хаттӣ низ эълон намуда, гуфт:
  2. «Куруш, подшоҳи Форс, чунин мегӯяд:  ҳамаи мамлакатҳои заминро Худованд, Худои осмон, ба ман додааст, ва Ӯ ба ман амр фармудааст, ки дар Ерусалим, ки дар Яҳу-дия аст, хонае барои Ӯ бино намоям.
  3. Кист аз шумо, аз тамоми қавми Ӯ, ки Худояш бо вай бошад, бархоста ба Ерусалим, ки дар Яҳудия аст, биравад ва хонаи Худованд Худои Исроилро, — ҳамон Худоро, ки дар Ерусалим аст, — бино намояд.
  4. Ва ҳар кӣ боқӣ мондааст, дар ҳамаи маконҳое ки вай дар он ҷо истиқомат дорад, бигзор аҳли он макон ба вай бо нуқра ва тилло ва молу мулк ва чорпоён, илова ба хайрот барои хонаи Худо, ки дар Ерусалим аст, кӯмак расонанд».
  5. Ва сардорони хонаводаҳои Яҳудо ва Биньёмин, ва коҳи-нон ва левизодагон, ҳамаи онҳое ки Худо рӯҳашонро баран-гехта буд, то ба сохтани хонаи Худо, ки дар Ерусалим аст, бираванд, бархостанд.
  6. Ва тамоми мардуми гирду атрофашон онҳоро бо колои нуқра ва тилло, бо молу мулк ва чорпоён ва нуқлу наво, илова ба хайроти саховатмандона, дастгирӣ карданд.
  7. Ва подшоҳ Куруш зарфҳои хонаи Худовандро, ки На-букаднесар аз Ерусалим оварда, дар хонаи худои худ гузошта буд, берун овард.
  8. Ва Куруш, подшоҳи Форс, онҳоро ба воситаи Митре-доти хазинадор берун овард, ва ӯ ба Шешбасар, раиси Яҳу-дия, онҳоро шумурда супурд.
  9. Ва ин аст шумораи онҳо: сӣ тоси тилло, ҳазор тоси нуқра, бисту нӯҳ корд,
  10. Сӣ косаи тилло, чорсаду даҳ косаи нуқраи дучандон ва ҳазор зарфи дигар.
  11. Ҳамаи зарфҳои тилло ва нуқра панҷ ҳазору чорсадто буд. Ҳамаи инро Шешбасар бо ҷалои ватан шудагоне ки аз Бобил ба Ерусалим рафтанд, бурд.

© IBT 1992